30/09/2026
ФЕСТИВАЛИ ХАЙРИЯВИИ «НУР ДАР ҚАЛБИ МО»
26 сентябри соли ҷорӣ дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе аввалин фестивали хайриявии «Нур дар қалби мо» бо ташаббуси Фонди хайриявии "Музаффар" баргузор гардид.
Фестивал бо мақсади дастгирии шахсони дорои маъюбият ва ҷалби онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои дастгирии онҳо доир гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои барқарорсозии кӯдакон, соҳибкорон, шахсони хайрхоҳ, кӯдакону ҷавонони махсус ва оилаҳои дорои фарзандони маъюбиятдошта иштирок намуданд.
Дар доираи фестивал барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, машғулиятҳои эҷодӣ, барномаҳои кӯдакона ва дигар чорабиниҳо баргузор гардида, иштирокчиён бо фаъолияти ташкилотҳо ва ташаббусҳои хайриявӣ онҳо шинос шуданд.
Фестивал муҳити дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро фароҳам оварда, барои ҷалби бештари ҷомеа ба дастгирии шахсони дорои маъюбият ва оилаҳои онҳо мусоидат намуд.
Баромади Манзура Ҷураева - роҳбари Фонди хайриявии "Музаффар" дар Тоҷикистон.