Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент

  • Home
  • Tajikistan
  • Panjakent
  • Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент
Directions

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент, Youth Organization, хиёбони Рӯдакӣ 122, Panjakent.

Аз Паëм:Мардуми азизи кишвар соли 2027 дигар лимити барқро фаромуш мекунед. Тоҷикистон то моҳи марти соли 2027 комилан б...
16/12/2025

Аз Паëм:
Мардуми азизи кишвар соли 2027 дигар лимити барқро фаромуш мекунед.
Тоҷикистон то моҳи марти соли 2027 комилан бо барқ таьмин карда мешавад.
Мардуми Тоҷикистон дигар азият намекашанд.

16/12/2025

АЗ ПАЁМ:
Моҳи сентябри соли 2027 бо ба истифода додани агрегати 3 НОБ Роғун кишвар ба ИСТИҚЛОЛИ ПУРРАИ ЭНЕРГЕТИКӢ мерасад

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо...
16/12/2025

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ

ШУКРИ ТОҶИКИСТОНИ МАҲБУБРО КУНЕМ!           Ҳазор шукри Сарвари ғамхору пирӯзиовари тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба...
12/12/2025

ШУКРИ ТОҶИКИСТОНИ МАҲБУБРО КУНЕМ!


Ҳазор шукри Сарвари ғамхору пирӯзиовари тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи тоҷик сулҳу суботи устуворро ҳадя кард.
Ҳар зарра хоки поки ин сарзамин муқаддас аст.
Барои миллате, ки ҳазорсолаҳо дар орзуи давлати худ ва ҳифзи номи худ мубориза бурдааст, "давлатдорӣ" танҳо як сохтори идоравӣ нест. Давлатдорӣ – ин таҷассуми рӯҳи миллат, сипари номуси Ватан ва кафили зинда мондани забону фарҳанги мост.
Ва ниҳоди Президент – меҳвари ин давлатдорӣ ва рамзи иродаи воҳиди халқ мебошад.
Мо, ки дар дил ишқи ин хоки муқаддас ва дар сар хиради аҷдодӣ дорем, хуб дарк мекунем, ки "Сарварӣ" чӣ масъулияти бузургест. Ин рисолати пос доштани мероси гузаштагон ва бунёди ояндаи шоиста барои наслҳои оянда аст.
Таърих гувоҳ аст, ки дар вазнинтарин гардиши сарнавишт, ки хатари маҳв шудан ба "ҳастии миллат" таҳдид мекард, маҳз хирад, ҷасорат ва иродаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки моро аз вартаи парокандагӣ наҷот бахшид ва эътимод ба номи "тоҷик"-ро дар қалби ҳар яки мо аз нав зинда кард.
Имрӯз, мо аз он Сулҳу Ваҳдате шукргузорӣ мекунем, ки пойдевори асосии худишиносии миллӣ ва ифтихори ватандории мост.
Дар фазои Ватани азизамон кабутари сулҳу Ваҳдат болу пар меафшонад. Ҳар сокини кишвар бо шукргузорӣ аз ободии ин марзу бум, пайғоми рӯшноиву нидои озодӣ, аз муждаи иқболу нусрат истиқбол менамояд. Шукрона аз он мекунем, ки офтоби Истиқлол бо нури Ваҳдат ба олами иқболи миллат зиёву сафо мебахшад.
Бигзор ин ҳисси гарми ватандӯстӣ, ин ишқи бепоён ба ҳар як ваҷаб хоки диёр ва ин ифтихор аз тоҷик будан дар дили мо ҳамеша фурӯзон бод!

Поянда бод миллати тоҷик! Ҷовидон бод Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо!

Шукрона кунем аз он, ки Сарвар дорем,
Дар ҷодаи нангу ном раҳбар дорем.
Моро набувад дарди ҷудоӣ дар дил,
То ҳаст Ватан ба хеш модар дорем.

Шириншоҳ Нуруллоев
- мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент

12/12/2025

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ КИШВАРРО БЕСАБРОНА ИНТИЗОРЕМ!

"АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ" ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАҶРИБАИ НОДИРИ СИЁСИИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИРПаёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷики...
12/12/2025

"АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ" ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАҶРИБАИ НОДИРИ СИЁСИИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР

Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз таҷрибаи давлатдории муосир бармеояд ва яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои роҳнамои миллӣ ба ҳисоб меравад. Он на танҳо ҳамчун маърузаи ҷамъбастии фаъолияти яксола, балки ҳамчун барномаи стратегии рушди давлат барои соли оянда хизмат мекунад.
Паём самти аниқ, вазифаҳои мушаххас ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, ба сифати механизми ҳамоҳангсозандаи сиёсати давлатӣ амал мекунад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дорои асоси мустақими конститутсионӣ мебошад.
Он тибқи моддаҳои Конститутсия ироа шуда, яке аз шаклҳои асосии робитаи сарвари давлат бо ниҳоди қонунгузор аст.
Паём дорои вазифаҳои муҳими давлатӣ мебошад:
муайян кардани самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
роҳнамоӣ ба мақомоти иҷроия дар таҳияи стратегияҳо, барномаҳо ва қарорҳо;
муайян намудани вазифаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ;
таҳлили чолишҳои мавҷуда ва пешниҳод кардани роҳҳои ҳалли онҳо.
Ҳамин тавр, Паём як навъ санади меъёрии сиёсӣ ва барномаи давлатӣ ба шумор меравад, ки тамоми сохторҳо вазифадоранд ба иҷрои он чораҷӯӣ кунанд.
Дар Паёмҳои солонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба таври фарогир ва муфассал таҳлил мегарданд. Мазмуни умумии Паём ҳамеша аз чанд бахши калидӣ иборат аст:
Дар ин бахш вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар дар соли сипаришуда таҳлил мегардад. Пешвои миллат дастовардҳо, камбудиҳо ва омилҳои таъсиргузорро мушаххас менамоянд.
Дар Паём барои соли оянда афзалиятҳо муайян карда мешаванд, аз ҷумла:
рушди иқтисоди миллӣ;
саноатикунонии кишвар;
беҳсозии сиёсати андозу молия;
баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон;
рушди соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг;
таъмини амният ва суботи сиёсӣ;
густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ.
Паём ҳамеша дорои пешниҳодҳои инноватсионӣ ва ташаббусҳои нави стратегӣ мебошад. Дар он ҳадафҳои дарозмуддат, мисли дастгирии соҳибкорӣ, рушди деҳот, рақамикунонии давлатдорӣ, ҳифзи муҳит ва боло бурдани иқтидори инсонӣ баён мегардад.
Паёмҳои Пешвои миллат солҳои зиёд аст, ки ба як мактаби сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд. Ин мактаб дорои чор хусусияти муҳим мебошад:
Паёмҳо ҳамеша равандҳои байналмилалӣ, геополитикӣ ва иқтисодии ҷаҳони муосирро ба назар мегиранд.
Ҳар Паём идомаи мантиқии Паёми қаблӣ буда, вазифаҳо пайваста такмил ва нав мешаванд.
Паём санади амалӣ буда, соҳаҳо вазифаҳои мушаххас мегиранд, ки иҷрои онҳо дар давоми сол назорат мешавад.
Пешвои миллат ҳамеша ба таҳкими маориф, тайёр кардани мутахассисон ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум таъкид мекунанд.
Паём яке аз ангезандаҳои асосии рушди кишвар мебошад. Он ба таҳияи даҳҳо стратегия, барномаҳои миллӣ ва нақшаҳои давлатӣ асос мегузорад. Масалан:
Стратегияи миллии рушд;
Барномаҳои саноатикунонии мамлакат;
Барномаҳои рушди маориф ва тандурустӣ;
Барномаҳои дастгирии ҷавонон ва варзиш;
Лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энергетикӣ ва нақлиётӣ.
Паём барои тамоми қишрҳои ҷомеа — аз аҳолии оддӣ то парламент, вазоратҳо, муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорон ва ҷавонон — санади муҳим аст.
Аҳамияти он чунин аст:
мардум аз сиёсати давлатӣ бохабар мешаванд;
ҷомеа ба ҳадафҳои умумимиллӣ муттаҳид мегардад;
ҷавонон ба садоқат, меҳнатдӯстӣ ва ватанпарварӣ ҳидоят мешаванд;
кӯҳнафикрӣ ва дидгоҳҳои бегона бартараф мегарданд;
нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам мегардад.
Паём на танҳо роҳнамо, балки омили таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин як ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва стратегӣ мебошад, ки кишварро сол ба сол ба самти рушду пешрафт роҳнамоӣ мекунад. Он барномаи амали тамоми сохторҳои давлатӣ буда, стратегияҳои миллӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро муайян месозад. Паём роҳнамоест, ки ҷомеаи Тоҷикистонро муттаҳид намуда, барои наслҳои ҷавон роҳҳои дурусти ватанпарварӣ, созандагӣ ва масъулиятшиносиро нишон медиҳад.
Филиали Колеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон фаъолияти худро дар рӯҳияи ҳамин Паём ва амалисозии вазифаҳое, ки Пешвои миллат дар бахши маориф, тарбияи насли солим, омодасозии мутахассисони хеле ихтисосманд ва рушди варзиш муайян менамояд, ҷараён медиҳад.
Дар ҳамаи Паёмҳои солонаи Пешвои миллат, бахусус дар солҳои охир, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили муҳими солимии ҷомеа, тарбияи насли ватандӯст ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон зикр мегардад. Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки:
ҷавонони солим - кафили ояндаи давлат мебошанд;
варзиш бояд ба фарҳанги зиндагии ҳар шаҳрванд табдил ёбад;
муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд шароити замонавӣ барои таълим ва омодасозии мутахассисон фароҳам оранд;
дастгирии варзишгарони наврас ва ҷавон, омӯзгорон ва мураббиён аз муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоӣ мебошад.
Ин таъкидҳо дар фаъолияти Филиали Колеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҳамчун роҳнамо амал мекунад.
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф, тарбияи насли солим, рушди варзиш ва баланд бардоштани нерӯи инсонӣ самтҳои асосии фаъолиятро муайян мекунанд.

Илназарова О.О.

12/12/2025
12/12/2025
СУЛҲ ВА ЭЪТИМОД ҲАМЧУН ЗАМИНАИ АСОСИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ(дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои ми...
12/12/2025

СУЛҲ ВА ЭЪТИМОД ҲАМЧУН ЗАМИНАИ АСОСИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

(дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод дар Ашхобод, 12.12.2025)

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки бо рақобати печидаи геосиёсӣ, заиф шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои гуногун рӯбарӯ аст, масъалаи таҳкими сулҳ ва эътимод аҳамияти хосса пайдо мекунад. Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод, ки дар доираи "Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод, 2025" дар шаҳри Ашхободи Ҷумҳурии Туркманистон баргузор гардид, ҳамчун платформаи муҳим барои муҳокимаи ин масъалаҳо хидмат кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин форум на танҳо сиёсати хориҷии Тоҷикистонро инъикос намуд, балки аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ фарогири пешниҳодҳои мушаххас барои ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад.
Аз нигоҳи илмҳои ҳуқуқшиносӣ сулҳ ва эътимод ҳамчун принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ (мувофиқи моддаҳои 1 ва 2-и Оинномаи СММ) баррасӣ мешаванд. Дар суханронии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯбарӯшавии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо рақобати печидаи геосиёсӣ ва заиф шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ёдовар шуданд. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ин масъалаҳо ба принсипи манъи истифодаи қувва (моддаи 2(3)) ва соҳибихтиёрии давлатҳо (моддаи 2(4) Оинномаи СММ) алоқаманд мебошанд. Болоравии таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди низоъҳои минтақавӣ ва терроризм, боиси коҳиши суръати пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ мегардад, ки ин ба ҳадафҳои рушди устувори СММ мувофиқ намебошанд. Таҳлил нишон медиҳад, ки заиф шудани ҳуқуқи байналмилалӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ба афзоиши ҳодисаҳои вайронкунии шартномаҳои байналмилалӣ оварда мерасонад. Дар суханронии худ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки сулҳ ва эътимод ҳамчун воситаҳои ҳуқуқӣ барои пешгирии чунин таҳдидҳо хидмат мекунанд. Ин принсипҳо дар қатъномаи СММ A/RES/71/258 (2016) пешбурди музокироти бисёрҷонибаи нобудсозии силоҳи ҳастаӣ инъикос ёфтаанд. Яъне, Ассамблеяи Генералӣ бо ёдовар шудани қатъномаҳои пешинаи худ 67/39 (аз 7 декабри 2012), 68/32 (аз 9 декабри 2013), 69/35 (аз 2 декабри 2014), 70/33 (аз 9 декабри 2015) ва 71/1 (аз 25 сентябри 2016) такрор кардани салоҳияти худ мувофиқи моддаи 11 Оинномаи СММ оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба нобудсозии силоҳ ва пешниҳоди тавсияҳо бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти бисёрҷониба дар ҳалли масъалаҳои сулҳ, амният ва рушди устувор таъкид менамояд, ки нобудсозии комил ва бебозгашти силоҳи ҳастаӣ ва пешгирии паҳншавии он барои таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Яке аз нуқтаҳои муҳими суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид бар паёмадҳои нохуши хатарҳои экологӣ, ба мисли тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва олудашавии муҳити зист аст. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ин масъалаҳо ба Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим (Ню-Йорк, 9 майи соли 1992) ва Созишномаи Париж (2015) алоқаманданд. Ҳадафи олии Конвенсия ва ҳамаи санадҳои марбутаи он – ноил гардидан ба устуворгардонии консентратсияи газҳои гилхонаӣ дар атмосфера дар сатҳе мебошад, ки пешгирии дахолати хавфнокии антропогенӣ ба системаи иқлимро таъмин менамояд. Ин сатҳ бояд дар муддати кофӣ ба даст ояд, то экосистемаҳо ба тағйирёбии иқлим ба таври табиӣ мутобиқ шаванд, истеҳсоли ғизо зери хатар қарор нагирад ва рушди иқтисодӣ ба таври устувор идома ёбад. Созишномаи Париж мақсади онро дорад, ки вокуниши ҷаҳониро ба таҳдиди тағйирёбии иқлим дар заминаи рушди устувор ва талошҳо барои барҳам додани камбизоатӣ пурзӯр кунад, аз ҷумла тавассути: a) нигоҳ доштани афзоиши ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ хеле поёнтар аз 2°C нисбат ба давраи пеш аз саноатӣ ва талош барои маҳдуд кардани он то 1,5°C; b) баланд бардоштани қобилияти мутобиқшавӣ ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим бидуни зери хатар гузоштани истеҳсоли ғизо; c) мутобиқ кардани ҷараёнҳои молиявӣ ба роҳи рушди кампартоб ва муқовим ба иқлим.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки ин мушкилот тадбирҳои муштараку ҳамбастаи ҷомеаи ҷаҳониро талаб менамоянд, ки ин ба принсипи ҳамкории байналмилалӣ (моддаи 1(3) Оинномаи СММ) мувофиқ аст ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори пешниҳодкунандаи "Даҳсолаи байналмилалии амал 'Об барои рушди устувор, 2018-2028'" (қатъномаи СММ A/RES/71/222), саҳми муносиби худро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ гузошта истодааст. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, ин ташаббусҳо ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсонӣ (Эъломия умумии ҳуқуқҳои башар, 1948) ва рушди устувор алоқаманданд. Сулҳ ва эътимод имкон медиҳанд, ки мушкилоти печида дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ҳал шаванд, ки ин ба ҳуқуқи байналмилалии муҳити зист (Декларатсияи Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи муҳити зисти инсон, Стокголм, 16 июни соли 1972) мувофиқ аст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ инчунин изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз ҳамаи ташаббусҳо доир ба таҳкими сулҳу амонӣ дар ҷаҳон пуштибонӣ менамояд. Дар ин робита, пешниҳоди Тоҷикистон ба СММ доир ба эълон намудани "Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда" ёдоварӣ гардид. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ин пешниҳод ба қатъномаҳои СММ дар бораи сулҳи устувор (A/RES/70/262) алоқаманд аст ва метавонад ҳамчун асоси қабули қатъномаи нави СММ хидмат кунад.
Дар итмоми сухананронӣ Пешвои миллат "тантанаи сулҳ"-ро ҳамчун "гарави таъмини адолат, баробарӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон" номиданд. Ин ба моддаҳои 55-56-и Оинномаи СММ мувофиқ аст, ки ҳамкориро барои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон пешбинӣ мекунанд. Тоҷикистон омода аст, бо истифода аз анъанаҳои дипломатӣ ва гуфтугӯи созанда, дар таъмини амну субот саҳм гузорад. Аз нуқтаи назари илмӣ ин суханронӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати фаъол дар ҳуқуқи байналмилалӣ, метавонад нақши калидӣ дар таҳкими эътимод бозад.
Суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Ашхобод аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ аҳамияти таҳкими сулҳ ва эътимодро ҳамчун принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид мекунад. Ин масъалаҳо барои ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла геосиёсӣ ва экологӣ муҳим мебошанд. Тоҷикистон бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳ ва эътимоди ҷаҳони саҳми муносиб мегузорад ва дар оянда низ ҷомеаи ҷаҳониро ба гуфтугӯ ва ҳамкориҳои дипломатӣ ҳидоят менамояд.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР

Address

хиёбони Рӯдакӣ 122
Panjakent

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 12:00

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share