Общественная Организация "Муъминобод"

Общественная Организация "Муъминобод" Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Общественная Организация "Муъминобод", Community Organization, Чумхурии Точикистон, вилояти Хатлон, Muminabad.

дар бораи ташкилоти чамъиятии "Муъминобод" ва фаъолиятхои он

дар сатхи хамкори бо лоихаи Тараккиёти Махаллии Муъминобод/ташкилоти Каритас Швейтсария (солхои 2005 - 2013)
пешбурди корхои котиботии Кумитаи Махаллии Тараккиёти нохия (КМТ);
омода намудан ва пешбарии (фасалитатсияи) 49 мачлисхои шарикон дар сатхи нохия;
омода намудан ва пешбарии (фасалитатсияи) зиёда аз 15 муколамахои сектории шари

кон дар сектори кишоварзи, оби нушоки, холатхои фавкулодда ва рушди институтсионали дар сатхи нохия;
пешбурди (фасалитатсияи) фаъолиятхои гуруххои кори ва муколамахои сектории шарикон дар тархрезии «Накшаи Тараккиёти нохияи Муъминобод», Хисоботхои Пешрафти Накшаи Тараккиёти нохияи Муъминобод, «Консепсияи Оби Нушокии нохияи Муъминобод», «Накшаи Стратегии Об ва Бехдошти Мухити нохияи Муъминобод» ва «Накшаи Стратегии нохияи Муъминобод оиди Идоракунии Хатари Офатхо» ва банакшагирии дигар фаъолиятхо;
мусоидат дар муайянкунии аввалиятхо, интихоби кумакгирандагон, гузаронидани зиёда аз 250 мониторинг дар доираи иҷроиши зер – лоихахо;
кумак намудан ба аъзоёни КМТ дар тартиб додани накшахои кори, омодаги ва гузаронидани тадкикот, мониторинг ва баходихии зер – лоихахо;
ташкил ва баргузории зиёда аз 40 семинару омeзишхо барои баланд бардоштани малакахои аъзоёни КМТ ва дигар шарикон дар нохия;
ташкил ва фасалитатсияи семинари вилояти дар нохияи Муъминобод дар сектори ирригатсия дар мохи июли соли 2008;
гузаронидани маъракахои фахмондадихи дар сатхи нохия, чамоат ва дехахо;
гузаронидани маъракаи воқифии ҷомеа оиди интихоби вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисхои махаллии вакилони халқ дар нохияи Муъминобод дар хамкори бо сохторхои давлатии нохия дар мохи декабри соли 2009 ва моххои январу феврали соли 2010;
чамъовари ва пахн намудани ахборотхо оиди фаъолиятхои шарикон дар нохия ва берун аз он;
омода ва пешниход намудани хисоботи фаъолиятхо.

дар сатхи хамкори бо лоихаи Идоракунии Хатари Офатхои Табии/ташкилоти Каритас Люксембург ва Швейтсария (солхои 2007 – 2010)
ташкил ва баргузории трейнингхо барои баланд бардоштани малакахои кории шарикон;
мусоидат дар муайянкунии аввалиятхо, интихоби зер – лоихахо ва баргузориии зиёда аз 100 мониторинг дар зер – лоихахо;
омода намудан ва пешбарии (фасалитатсияи) мачлисхо дар сатхи нохия дар интихоби зер - лоихахо;
сафарбаркунии чомеа дар халли мушкилотхо дар раванд ва баъди ичроиши зер – лоихахо;
омода намудан ва пешбарии (фасалитатсияи) муколамахои сектории шарикон дар сектори идоракунии хатари офатхои табии дар нохияхои Муъминобод, Ховалинг ва Шурообод;
мусоидат ба гурухи кории шарикон ва муколамахои сектори дар тархрезии «Накшаи Стратегии нохияи Муъминобод оиди Идоранамоии Хатари Офатхо»;
кумак намудан ба шарикон дар ташкил ва гузаронидани озмуни лоихахо дар сатхи нохияхои Муъминобод, Ховалинг ва Шурообод;
вокиф намудани ҷомеаи нохия оиди фаъолиятхои лоиха;
омода ва пешниход намудани хисоботи фаъолиятхо.


дар сатхи хамкори бо Бахманштифтунг/Швейтсария
(соли 2006)
идоракунии иҷроиши лоихаи «Барқароркунии мактаб» - и дехаи Туту, ҷамоати Шамсиддини Шохин.

дар сатхи хамкори бо MSDSP Хазинаи Бунёди Огохон дар нохияи Муъминобод
(солхои 2006 – 2010)
мусоидат дар муайянкунии аввалиятхо, интихоб ва мониторинги лоихахо;
мусоидат дар рушди ҷомеаи шахрвандӣ дар нохия;
ташкил ва фасалитатсияи семинари минтакавӣ дар нохияи Муъминобод дар соли 2009 бо иштироки намояндагон аз сохторхои давлатӣ ва ташкилотхои ҷамъиятии нохияхои Муъминобод, Ховалинг, Шурообод ва Темурмалик.
мусоидат дар таъсисдихии Ассотсиатсияи Ташкилотхои Ҷамъиятӣ дар нохияи Муъминобод дар мохи апрели соли 2010.

дар сатхи хамкори бо FAO (солхои 2008 – 2009)
интихоби 810 нафар кумакгирандагон ва таксимоти маводхо дар сатхи барномаи ёрии башардeстона таввасути хурока барои чорво дар нохияи Муъминобод дар соли 2008;
бо ҷалби ташкилотхои ҷамъиятии дар сатхи ҷамоатхо фаъолиятдошта интихоби 1000 нафар кумакгирандагон ва таксимоти маводхо дар сатхи барномаи башардустона таввасути таъмини тухмии зироатхои хуроки чорво, нурихои маъданӣ ва хизматрасонихои бойторӣ дар нохияи Муъминобод дар соли 2009;
вокиф намудани шарикон ва ҷомеаи нохия оиди фаъолиятхои FAO дар нохияи Муъминобод.

дар сатхи хамкори бо Дафтари Швейтсария Оид ба Хамкори дар Тоҷикистон
(соли 2008)
идоракунии иҷроиши лоихаи «Таъмири иншооти сангбоздорандаи сойи Чорводор» - и шахраки Муъминобод.

дар сатхи хамкори бо Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмиллалии «Хукук ва Бехбудӣ»
(солхои 2009 – 2010)
мусоидат дар таъсисдихии кабулгохи ҷамъиятӣ дар сатхи нохия ва ҷойгир намудани кабулгохи ҷамъиятӣ дар бинои ТҶ «Муъминобод»;
вокиф намудани шарикон ва ҷомеаи нохия оиди хамкорихои ташкилот ва фаъолиятхои ТҶБ «Хукук ва Бехбудӣ» дар нохияи Муъминобод.

дар сатхи хамкори бо Шуъбаи Тоҷикистонии Хукукшиносони Амрико
(солхои 2009 – 2010)
ба робита овардан бо макомоти иҷроияи хокимияти давлатии нохия ва ташкилотхои ҷамъиятӣ;
мусоидат намудан дар баргузории клиникахои хукукӣ, сахнаи театрӣ ва тренингхо дар сатхи Барномаи Волоияти Конун дар сатхи нохия ва ҷамоатхо бо ҷалби ташкилотхои ҷамъиятӣ;
баргузории клиникахои хукуки ва тренингхо барои занони камбизоат оиди масъалахои хукуки;
вокиф намудани ҷомеаи нохия оиди фаъолиятхои ташкилот дар нохияи Муъминобод.

дар сатхи хамкори бо ташкилоти ҷамъиятии «Рушди Устувори Махал – Машварат»
дар доираи лоихаи «Об барои хаёт» дар нохияи Муъминобод
(солхои 2010 - 2011)
Ташкил ва баргузории озмуни интихоби ташкилотхои пудратчии 2 зер – лоиха;
Воқифии шарикон оиди фаъолиятхои лоиха;
Мусоидат дар халли мушкилотхо дар раванди иҷроиши лоиха;
Баргузории мониторинги рафти иҷроиши зер – лоихахо.

дар доираи Фонди Нигохдории Кумитаи Махалии Тарақкиёти нохия
(соли 2011)
идоракунии иҷроиши лоихаи «Таъмири иншоот (қубур) ва тозакунии мачрохи селгузари сойи Ханатарош» бо маблаггузори аз фонди нигохдории иншоотхои сохилмустахкамкунӣ дар солхои 2010 - 2011.

дар сатхи хамкори бо ташкилоти ҷамъиятии «Танзимгар»/шахри Кулоб дар доираи лоихаи «Солимии репродуктивӣ – модаршавии бехайф»
(соли 2011)
Баргузории маъракахои фахмондадихӣ бо мақсади баланд бардоштани сатхи маърифатнокии мардум оиди солимии репродуктивӣ - модаршавии бехайф дар хамкории зич бо мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии нохия, маркази ташаккули тарзи хаёти солими зиндагии нохия, ҷамоатхо, ташкилотхои ҷамъиятӣ ва мақомотхои худфаъолиятии ҷамъиятӣ дар нохия

дар сатхи хамкори бо шуъбаи Ассотсиатсияи Оксфам Британияи Кабир дар Ҷумхурии Тоҷикистон
(солхои 2011 – 2012)
мусоидат дар баргузории вохурихо бо масъулини мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии нохия, ташкилоту муассисахои давлатӣ ва гайридавлатӣ, ҷамоатхо, сокинони махал дар доираи барномаи «Таъминоти об ва бехдошт»;
мусоидат дар ташкил ва баргузории 6 ташрифи таҷрибаомузии шарикони ташкилот ба нохияи Муъминобод;
мусоидат дар таъсисдихӣ ва баргузории маҷлисхои шабакаи ташкилотхои махаллӣ - хамкорон оид ба масъалахои таъминоти оби ошомиданӣ ва бехдошт дар доираи барномаи «Таъминоти об ва бехдошт» дар нохия;
мусоидат дар ҷамъоварии маълумотхо ва тахияи хуҷчатхо дар доираи барномаи «Таъминоти об ва бехдошт» дар нохия;
баргузории 4 маҷлисхои хамохангсозии шарикон дар сатхи нохия бо мақсади мусоидат намудан ба хамохангсозии фаъолиятхои шарикон, воқифи оиди фаъолиятхо ва густариш додани хамкорихои байни хокимияти махаллӣ ва ҷомеаи шахрвандӣ бо иштироки намояндагон аз мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии нохия, вакилони маҷлиси вакилони халқи нохия, ташкилоту муассисахои давлатӣ ва гайридавлатии махаллӣ, ахли ҷамоатчигии нохия ва ташкилотхои байналмилалии дар нохия фаъолиятдошта.

дар сатхи хамкори бо Дафтари Швейтсария Оид ба Хамкори дар Тоҷикистон
(солхои 2011 - 2012)
идоракунии иҷроиши лоихаи «Таъминоти об ва бехдошт барои дастгирии камбизоатхои дехот» - и дехаи Файзобод дар нохияи Муъминобод.

Address

Чумхурии Точикистон, вилояти Хатлон
Muminabad
735365

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Общественная Организация "Муъминобод" posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Share