08/10/2026
КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТӢ -ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ МУҲИТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ
Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуд. Фаъолияти комиссия ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ, тақвияти назорати ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва густариши ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардидааст.
Коррупсия аз зуҳуроте ба ҳисоб меравад, ки метавонад ба рушди устувори ҷомеа, самаранокии идоракунии давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва эътимоди мардум ба ниҳодҳои давлатӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, пешгирии он танҳо вазифаи мақомоти дахлдори давлатӣ набуда, иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули муносибати оштинопазир нисбат ба ҳама гуна зуҳуроти коррупсиониро тақозо менамояд.
Бо ҳамин мақсад дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуда, Низомнома ва ҳайати он бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз 29 сентябри соли 2026, № 69 тасдиқ гардид.
НИЗОМНОМАИ
Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар
1.Муқаррароти умумӣ
1. Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар (минбаъд- Комиссия) ҷиҳати пешгирии коррупсия дар маҳалҳо таъсис дода мешавад.
2. Комиссия бо дар назардошти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ назорати ҷамъиятии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномавӣ, Стратегияи зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ карда, робитаи устувор, мунтазам ва ҳамкориҳои судмандро дар байни аҳолӣ ва ҳокимияти давлатӣ барқарор менамояд ва ҳамзамон, ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба татбиқи дигар чорабиниҳои зиддикорупсионии дорои хусусиятҳои умумидавлатӣ муосидат менамояд.
3. Комиссия дар самти муқарраргардидаи фаъолият таҳлили мунтазами хавфҳои коррупсионӣ, экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба тавсиб расонидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро роҳандозӣ карда, ташкил ва гузаронидани семинару конференсияҳо, мулоқоту вохуриҳо ва дигар чорабиниҳои дорои хусусияти таблиғотию ташвиқотии зиддикоррупсиониро дар маҳалҳо амалӣ менамояд.
4. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия, инчунин, Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ гирифта, аз натиҷаи фаъолияти худ ба Шурои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
2.Сохтор ва ташкили комиссия
5. Ҳайати Комиссия аз раис, котиб ва аъзо иборат мебошад. Номзадии раиси Комиссия, муовини раис ва котиб аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар пешниҳод мегардад. Раиси Комиссия аз ҳисоби муовини сарпарасти соҳавии раиси шаҳр ва муовинони раиси Комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ ва нисфи дигараш бошад аз ҳисоби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамагӣ на камтар аз 10 нафар ташкил карда мешавад. Аъзои Комиссия бояд дорои таҳсилоти олӣ, собиқаи кориашон на камтар аз 5 сол бошад.Сохти механизми ротатсияи аъзоёни комиссия тибқи мувофиқакунӣ дар дохили Комиссия муайян ва пешбарӣ мешавад. Ҳайати Комиссия ва Низомномаи он бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр тасдиқ карда мешавад. Матни Низомномаи Комиссия ва ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ (замима ба қарори раиси шаҳр), дар шабакаи интернет ба аҳли ҷомеа пешниҳод карда мешавад.
3.Вазифаҳои комиссия
6.Вазифаҳои Комиссия аз инҳо иборатанд:
- таҳлил ва баррасии масъалаҳои муқовимат ба коррупсия ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия;
- назорати ҷамъиятии иҷрои нақшаҳои кории ташкилоту муассисаҳои шаҳр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тавассути мониторинг ва пешниҳод намудани ҷамъбасти натиҷаҳои он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
- фаҳмондадиҳии моҳияти санадҳои барномавии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, нақшаҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ;
- якҷоя бо воҳидҳои пешгирии коррупсияи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор кардани чорабиниҳои муштарак ва мусоидат ба мақомоти давлатӣ ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, нақшаҳои онҳо тавассути таҳияи лоиҳаҳои маблағгузории барномавӣ ва ҷалби лоиҳавию шартномавии кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ, дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ ва иштироки дигар субъектҳои манфиатдор;
- ҷамъбасти таҷрибаи пешқадам оид ба пешгирии коррупсия, махсусан дар маҳалҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ба роҳ мондани таҳлили хавфҳои бавуҷудоварандаи ҳолатҳои коррупсионӣ;
- баррасӣ ва экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои хусусияти умумиҳатмӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба тасвсиб расонидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
- ба роҳ мондани тартиб ва ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла мулоқоту вохуриҳо бо аҳолӣ, доир намудани семинару конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотие, ки моҳияти зиддикоррупсионӣ доранд;
- дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ омода кардани нақшаи муштараки пешбурди корҳои маърифатию тарғиботӣ оид ба масъалаҳои муқовимат бо коррупсия дар байни аҳолӣ;
- тарғиб намудани фазилатҳои неки инсонӣ, аз қабили ҷавонмардӣ ва дар руҳияи ватандустӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа, дар ҳамкорӣ бо шуъбаю бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш , кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳокима намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд;
- баланд бардоштани эътимоди ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ;
- ҳамоҳанг намудани фаъолияти ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати миллии зиддикоррупсионӣ ва дарёфти роҳҳои бартараф кардани сабаб ва шароитҳои бавуҷудовардаи омилҳои коррупсионӣ;
- гузаронидани таҳлили хавфи коррупсионӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо бо мақсади ошкор сохтани зуҳуроти коррупсионӣ, пешниҳод намудани таклифҳо ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда;
- ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолӣ ва ташаккул додани муҳити оштинопазир ба зуҳуроти коррупсионӣ;
- таъмини назорати ҷамъиятии гузаронидани чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
- баргузор намудани чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ, омузиши намояндагони хусусӣ ва ба онҳо фаҳмонидани оқибатҳои номатлуби коррупсия;
- таҳлили натиҷаи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои ба вуҷуд оварандаи ҳолатҳои коррупсионӣ ва омода сохтани пешниҳодҳо барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ;
- дар доираи имконият мусоидат намудан барои нақша чорабиниҳои санадҳои барномавии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ кардани вазифаҳои дигари пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба пешгирии коррупсия.
4.Ваколатҳои раис ва аъзои комиссия
8.Раиси Комиссия:
- ба кори Комиссия бевосита роҳбарӣ мекунад;
- татбиқи вазифаҳои ба зиммаи комиссия вогузоштаро ташкил намуда, барои иҷро гардидани онҳо масъул мебошад;
- вазифаҳоро байни аъзои комиссия тасдиқ намуда, низоми дурусти аз ҷониби онҳо риоя гардидани талаботи Низомномаи мазкурро таъмин менамояд, барои ташкили кор оид ба назорат ва иҷрои он дар Комиссия масъул мебошад;
- оид ба татбиқи санадҳои барномавии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкилотҳо новобаста ба шакли моликият маълумот талаб менамояд;
- бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ барномаҳои таълимӣ тартиб медиҳад;
- ҷиҳати ба аҳолӣ фаҳмонидани моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномавии аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи муқовимат ба коррупсия ба тасвиб расидашуда, тадбирҳо меандешад;
- бо мақсади огоҳ намудани аҳолӣ оид ба оқибатҳои номатлуби коррупсия ба нашри мақолаҳо ва таҳияву омода сохтани маҳфилҳои тарбиявӣ дар мавзуи пешгирии коррупсия чораҳо меандешад;
- дар таҳияи ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Шурои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;
- намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳал мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, худфаъолиятии ҳудудии ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳоро, новобаста ба шакли моликият ба ҷаласаҳои Комиссия даъват менамояд;
- дар ҳолати пайдо шудани зарурат ва мавҷудияти асосҳои кофӣ метавонад маҷлиси ғайринавбатии Комиссияро даъват ва маводи дар ҷаласа баррасишавандаро таҳия намояд;
- аз ҳисоби сарчашмаҳое, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардаанд, ҷиҳати пайдо намудани манбаъҳои молиявӣ ва техникии амалисозии чорабиниҳои зиддикоррупсионии андешидаи Комиссия, ҳамкориро бо намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳибкорон, ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликият,ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқии манфиатдор ба роҳ монад;
- ҷараёни иҷрои татбиқи чорабиниҳои зиддикоррупсионии дар марҳилаи дахлдор ба нақша гирифтаи Комиссияро назорат карда, ҷамъбаст намояд, инчунин бо истифода аз воситаҳои ахбори омма натиҷаашро ба аҳолӣ расонад;
- бо натиҷаи ҷамъбасти нимсола ва солона ҳар сол то 15 июл ва 15 январ оид ба корҳои ба анҷом расонидаи комиссия ба Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дода, пешниҳодҳои худро барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба муқовимат ба коррупсия ирсол менамояд.
9.Аъзои Комиссия:
- мувофиқи тақсимоти вазифаҳо корҳои мушаххаси ба зимма гузошташудаи худро иҷро мекунанд;
- дар доираи вазифаҳои худ бо маводи дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мақомоту идораҳо ва ташкилотҳо шинос мешаванд;
- дар чорабиниҳое, ки мутобиқи нақшаи фаъолияти Комиссияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо баргузор мегарданд, иштирок менамоянд;
10. Котиби Комиссия шахсе шуда метавонад, ки корманди масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда,таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, дошта бошад;
11.Котиби Комиссия:
- масъалаҳои иттилоотию таҳлилӣ ва ташкилию техникии фаъолияти Комиссияро таъмин менамояд;
- рузномаи ҷаласаи Комиссияро омода мекунад;
- коргузории Комиссияро ташкил мекунад;
- муроҷиатҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ба Комиссия воридшударо таҳия ва ҷамъбаст карда, барои баррасӣ ба раиси Комиссия пешниҳод менамояд;
- якҷоя бо аъзои Комиссия ҳуҷҷатҳои заруриро оид ба масъалаҳои дар Комиссия баррасишаванда таҳия мекунад;
- ҷараёни иҷрои чорабиниҳои зиддикоррупсионии дар марҳилаи дахлдор таҳия намудаи Комиссияро ҷамъбаст карда, барои баррасӣ ба раиси Комиссия пешниҳод месозад;
- супоришҳои раиси Комиссияро иҷро менамояд;
дар фаъолияти худ ба раиси Комиссия ҳисоботдиҳанда мебошад.
5.Тартиби даъват намудани ҷаласаҳои комиссия ва
қабули қарорҳо
12. Ҷаласаҳои Комиссия аз тарафи раиси Комиссия, на камтар аз ду маротиба дар як сол даъват карда мешавад. Ҷаласаҳои ғайринавбатии Комиссия мувофиқи дастури раис даъват карда мешаванд.
13. Ҷаласаи Комиссия дар ҳолате салоҳиянок шуморида мешавад, ки агар дар ҷаласа на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия иштирок намоянд.
14. Дар ҷаласаҳои Комиссия дар вақти баррасии масъалаҳои алоҳида шахсони даъватшуда иштирок менамоянд, ки руйхати онҳо аз руи ин масъалаҳо мувофиқи рузномаи ҷаласаи Комиссия муқаррар карда мешавад. Дар ҷаласаҳои пушидаи Комиссия фақат аъзои Комиссия иштирок карда метавонанд.
15. Рузномаи ҷаласа ва маводу масъалаҳои баррасишаванда на дертар аз се рузи корӣ пеш аз ҷаласа ба аъзои Комиссия пешниҳод мегардад.
16. Аз руи натиҷаҳои баррасии масъалаҳо Комиссия қарори протоколӣ қабул менамояд, ки он барои баррасӣ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор ирсол карда мешавад.
17. Қарори Комиссия бо роҳи овоздиҳии кушода ва бо тарафдории овози аксарияти аъзои Комиссия, ки дар ҷаласа иштирок дорад, қабул карда мешавад. Агар ягон аъзои Комиссия доир ба қарори қабулкардаи Комиссия фикру мулоҳизаи махсус дошта бошад, он гоҳ ин фикру мулоҳиза ба қарори Комиссия дохил карда мешавад.
18. Ҷаласаи Комиссияро раиси Комиссия роҳбарӣ мекунад. Раиси Комиссия дар рафти ҷаласа муҳокимаи масъалаҳои рузнома ва мубодилаи афкорро ташкил намуда, лоиҳаи қарорҳои Комиссияро баъди баррасии онҳо ба овоз мегузорад.
19. Протоколи ҷаласаҳои Комиссия аз ҷониби Котиби Комиссия тартиб дода мешавад.
20. Аъзои Комиссия метавонанд пешниҳоди хаттии худро вобаста ба рузнома то тасдиқи он пешниҳод намоянд. Баъди тасдиқи рузнома Комиссия бо навбат ба муҳокимаи масъалаҳои рузнома мегузарад.
21. Оид ба масъалаи пешниҳодшуда аз тарафи шахси вобасткарда шуда маъруза намуда, ба муҳокимаи аъзои Комиссия ва иштирокчиёни ҷаласа пешниҳод мешавад.
22. Протоколи ҷаласаҳо аз ҷониби раиси Комиссия дар муҳлати 3 руз имзо гардида, ба аъзои Комиссия фиристода мешаванд.
23. Баробари гирифтани протокол аъзои Комиссия дар муҳлати 3 руз эроду мулоҳизаҳои ниҳоии худро ба таври хаттӣ ба раиси Комиссия пешниҳод менамоянд.
6. Таъминоти молиявии фаъолияти комиссия
24. Ташкили фаъолияти Комиссияро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр амалӣ менамояд.
Ҳайати
Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар
- Қурбонзода Наргис Саидӣ муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи иҷтимоӣ, раиси комиссия;
- Абдуназарзода Шоиста Абдуназар мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, муовини раиси комиссия;
- Ашурзода Амонулло Ашур сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр, котиби Комиссия;
- Абдуллозода Азиза Қурбоналӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, аъзои комиссия;
- Назарова Тутихон раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, аъзои комиссия;
- Абдуллоева Махфират Сафаровна раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, аъзои комиссия;
- Ҳақбердиева Райҳона Арзиқуловна директори Ташкилоти Ҷамъиятии «Дилафруз», аъзои комиссия;
- Сафаров Рустам Сафарович сармуҳаррири рузномаи «Набзи Бохтар», аъзои комиссия;
- Ташрифзода Амирали Сафарали раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, аъзои комиссия;
- Қарақулов Абдураҳмон роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятии «Сипарони Ватан» дар шаҳри Бохтар, аъзои комиссия.