Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон

  • Home
  • Tajikistan
  • Kurgan-Tyube
  • Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон

Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Labor Union, Ваҳдат-29«А», Kurgan-Tyube.

14/04/2025

ЧАНД ДОНИСТАНИҲО ДАР БОРАИ ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӢ
Иштироки Шарифзода Исмоил – нозири ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон дар барномаи телевизионии «Маърифати ҳуқуқӣ»-и телевизиони Хатлон

24/02/2025

ЧАНД ДОНИСТАНИҲО ДАР БОРАИ НАМУДҲОИ РУХСАТИҲОИ МЕҲНАТӢ

Иштироки Шарифзода Исмоил – нозири ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон дар барномаи телевизионии «Маърифати ҳуқуқӣ»-и телевизиони Хатлон

БОХТАР. ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «АРТИШИ МИЛЛӢ-КАФИЛИ АМНИЯТИ МИЛЛАТ» Имрӯз (17 феврали соли 2025) дар толори...
17/02/2025

БОХТАР. ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ
«АРТИШИ МИЛЛӢ-КАФИЛИ АМНИЯТИ МИЛЛАТ»

Имрӯз (17 феврали соли 2025) дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон бо иштироки Ширинзода Муҳиддин – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, мудири шуъбаи кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ, омӯзгорони омодагии ибтидоии ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва омӯзгорони кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ-кафили амнияти миллат» доир гардид.
Сараввал, М.Ширинзода бо суханони ифтитоҳӣ ба ҳамоиши мазкур ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Барфаков Исломиддин – омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Сатторзода Хуршед – омӯзгори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Назаров Баҳрулло – омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Вахш дар мавзӯи «32-соли муваффақият ва дастовардҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон то тарбияи ватандӯстии насли наврас ва ҷавонон суханронӣ намуданд.
Дар охир, иштирокчиён бо сипоснома ва мукофотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.

КУЛОБ. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ – ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ АЪЗОЁНДар асоси нақша-чораби...
07/02/2025

КУЛОБ. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ – ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ АЪЗОЁН

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Кӯлоб бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 45 бо иштироки Нозимзода Диловар - раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Кӯлоб, Ҳамидов Амирхон нозири меҳнати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Акрамов Аврангзеб-намояндаи шӯъбаи моарифи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, раисони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, мудирони хоҷагии муассисаҳо ва собиқадорони соҳа чорабинӣ баргузор гардид.
Аз ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо, аъзоёни Иттифоқи касаба дастурест роҳнамо ва санадест тақдирсоз.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамаи соҳаҳо аз ҷумла: рушди илму маориф қайд карда шуд, ки рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самаранокии муассисаҳои илмӣ мебошад.
Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар рафти мулоқот аз ҷониби иштирокдорон таклифу андешаҳои судманд пешниҳод гардид.

ВАХШ. ПАЁМ-ТАҲКИМБАХШИ РАВАНДИ ҶОМЕАТибқи нақшаи тасдиқгардидаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатло...
05/02/2025

ВАХШ. ПАЁМ-ТАҲКИМБАХШИ РАВАНДИ ҶОМЕА

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон санаи 05 феврали соли 2025 бо иштироки Муҳиддин Ширинзода - раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Пиронов Абдулҳамид - сармутахассиси шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, Қосимов Файзулло – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳия ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, собиқадорон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Вахш конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Паём-таҳкимбахши раванди ҷомеа» баргузор гардид.
Сараввал М.Ширинзода дар бораи нуктаҳои асосии Пайёми имсола сухан ронда, таъкид намуданд, ки аҳамияти Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ таъкид кард. Мавсуф зикр намуд, ки Паём на танҳо як ҳуҷҷати роҳнамо барои рушди кишвар мебошад, балки ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва истиқлоли давлатӣ хизмат мекунад. Ҳамзамон зикр гардид, ки дар Паёми навбатӣ рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму маориф ва фарҳанг ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян гардидаанд. Таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия, саноатикунонии босуръат, беҳтар кардани шароити зисти мардум ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон аз вазифаҳои муҳим мебошанд.
Сипас, А.Пиронов ва Ф.Қосимов вобаста ба ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон ибрози андеша намуданд. Ишора гардид, ки Давлат ба фаъолияти омӯзгор таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд ва бо дастгириҳои пайваста мақому манзалати омӯзгорро дар ҷомеа боло менамояд. Дар робита бо ин, Пешвои миллат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз якуми сентябри соли 2025- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30- фоиз зиёд карда шавад.
Дар идомаи чорабинӣ дигар фаъолон, аз ҷумла омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, собиқадорон фикру андешаҳои худро дар робита ба масъалаҳои муҳими Паём баён доштанд.
Дар анҷом, М.Ширинзода оиди пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар муассисаҳо низ суханронӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки қоидаҳои бехатарӣ, ташкил намудани дафтарҳои дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ дар муассисаҳо дуруст ба роҳ монда шавад.

ПЛЕНУМИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД 3 феврали соли равон дар толори маҷлис...
03/02/2025

ПЛЕНУМИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД

3 феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон бо иштироки Ширинзода Муҳиддин, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, аъзоёни Пленум ва муҳосибони ташкилотҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ҷаласаи Пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст оид ба вазъи иҷрои буҷети Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон дар соли 2024, ҳисоботи Шарипов И., шунида шуда, буҷети Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят барои соли 2025 тасдиқ гардид.
Дар кори маҷлиси пленум Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуда, ҷиҳати тавзеҳи он дар байни аъзоёни иттифоқи касаба гуруҳи таблиғотӣ таъсис дода шуд.
Сипас, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти мунтазам ва самарабахши муассисаҳои таълимӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» дар муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аъзоёни Пленум баъди баррасию муҳокимаи масъалаҳои рўзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар фароварди маҷлис вобаста ҷиҳати иҷрои қарорҳои пленум, раёсат, самарабахш гардонидани фаъолияти ташкилотҳои соҳа, омодагии ҳамаҷониба ба Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар, Иди байналмилалии Наврўз ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба аъзоёни пленум, раисони ташкилотҳои соҳа дастуру тавсияҳо дода шуда, фаъолони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят бо мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. ПАЁМ-ТАҲКИМБАХШИ РАВАНДИ ҶОМЕАТибқи нақшаи тасдиқгардидаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ...
29/01/2025

ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. ПАЁМ-ТАҲКИМБАХШИ РАВАНДИ ҶОМЕА

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон санаи 29 январи соли 2025 бо иштироки Муҳиддин Ширинзода - раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Шомирзозода Умед-мудири шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Айматов Сабзаалӣ – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳия ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Паём-таҳкимбахши раванди ҷомеа» баргузор гардид.
Сараввал М.Ширинзода дар бораи нуктаҳои асосии Пайёми имсола сухан ронда, таъкид намуданд, ки аҳамияти Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ таъкид кард. Мавсуф зикр намуд, ки Паём на танҳо як ҳуҷҷати роҳнамо барои рушди кишвар мебошад, балки ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва истиқлоли давлатӣ хизмат мекунад. Ҳамзамон зикр гардид, ки дар Паёми навбатӣ рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму маориф ва фарҳанг ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян гардидаанд. Таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия, саноатикунонии босуръат, беҳтар кардани шароити зисти мардум ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон аз вазифаҳои муҳим мебошанд.
Сипас, У.Шомирзозода ва С.Айматов вобаста ба ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон ибрози андеша намуданд. Ишора гардид, ки Давлат ба фаъолияти омӯзгор таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд ва бо дастгириҳои пайваста мақому манзалати омӯзгорро дар ҷомеа боло менамояд. Дар робита бо ин, Пешвои миллат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз якуми сентябри соли 2025- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30- фоиз зиёд карда шавад.
Дар идомаи чорабинӣ дигар фаъолон, аз ҷумла омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ фикру андешаҳои худро дар робита ба масъалаҳои муҳими Паём баён доштанд.
Дар анҷом, М.Ширинзода оиди пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар муассисаҳо низ суханронӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки қоидаҳои бехатарӣ, ташкил намудани дафтарҳои дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ дар муассисаҳо дуруст ба роҳ монда шавад.

ЁВОН. БАРГУЗОРИИ ВОХӮРӢ БО ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2025Санаи 27 декабри соли 202...
27/12/2024

ЁВОН. БАРГУЗОРИИ ВОХӮРӢ БО ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2025

Санаи 27 декабри соли 2024, зери сиёсати ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз вохурии роҳбарияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон бо тарбиятгирандагони мактаб - интернати ҷумҳуриявии барои кудакони ятим дар ноҳияи Ёвон доир гардид. Дар чорабинӣ, Муҳиддин Ширинзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси ноҳияи Ёвон, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, бо ятимон дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи дастгирии падаронаи Сарвари давлат суҳбат намуданд. Ятимон бо як ҷаҳони хурсандӣ барои дастгирии ҳамешагии роҳбари давлат изҳори миннатдорӣ намуданд. Бояд зикр намуд, ки чорабиниро қисмати фарҳангӣ бо иштироки бевоситаи тарбиятгирандагони мактаб интернат зебу зиннати дигаре бахшид.
Дар охири чорабинӣ, бо фаъолон ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат Сипоснома ва туҳфаҳои соли навӣ супорида шуда, дастархонаи идона низ ороста шуд.

ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД19 декабри соли равон д...
20/12/2024

ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

19 декабри соли равон дар маҷлигоҳи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҷаласаи Раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон бо иштироки Нозакзода З.З., раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширинзода М.И., раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, аъзоёни Раёсат ва дигар кормандони Иттифоқи касаба доир гардид.
Нахуст «Оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон дар соли 2024» ҳисоботи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон шунида шуд.
Сипас, дар кори маҷлис масъалаҳо оид ба вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Кушониён ва Балҷувон, вазъи иҷрои талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Восеъ ва Муъминобод, вазъи пардохти сафархарҷиҳои кормандони соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, тасдиқи нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон барои нимсолаи якуми соли 2025, тасдиқи ҷадвали рухсатиҳои раисони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят, тасдиқи Ҷадвали баргузории конференсия, мизи мудаввар, озмунҳо, чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон барои соли 2025, натиҷагирии нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон ҷиҳати амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, натиҷагирии нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, натиҷагирии нақшаи дохилиидоравии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон оид ба муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2022-2024» муҳокима гардид. Аъзои раёсат баъди муҳокима ва баррасии масъалаҳои зикргардида, қарорҳои дахлдорро қабул намуданд.
Пеш аз анҷоми кори ҷаласа, фаъолони Иттифоқи касаба, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар охир, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои қарорҳои Пленум, Раёсат ва амалӣ кардани дигар дастурҳои мақомоти болоии Иттифоқи касаба ба раисони ташкилотҳои соҳа супоришҳои мушаххас доданд.

Address

Ваҳдат-29«А»
Kurgan-Tyube
735140

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 13:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share

Category