Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд

Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд
Филиал ОКПТ в Согдийской области
Branch RCST in Sogd region

МУРОҶИАТНОМА ⭕️Ба Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд як нафар зани ниёзманд ва имконияташ маҳдуд...
28/10/2025

МУРОҶИАТНОМА

⭕️Ба Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд як нафар зани ниёзманд ва имконияташ маҳдуд муроҷиат намуд, ки барои ҳаракат ва анҷом додани корҳои рӯзмарра ба аробачаи маъюбӣ ниёз дорад. 🔶️Мутаассифона, вазъи молиявии ӯ имкон намедиҳад, ки ин воситаи заруриро ба даст орад.
Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо назардошти арзишҳои башардӯстӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ, аз ҳамаи шахсони саховатманд ва хайрхоҳ даъват ба амал меорад, ки дар ин амали хайр саҳмгузор бошанд. 🤝Ҳар як кӯмаки шумо - хоҳ хурд бошад, хоҳ калон - метавонад зиндагии як инсонро тағйир диҳад ва ба ӯ имкони ҳаракат, мустақилият ва умеди нав бахшад.
💠Мо бовар дорем, ки бо ҳамбастагӣ ва таваҷҷуҳи Шумо метавонем ин аробачаи маъюбиро харидорӣ намуда, ба ин зани ниёзманд тақдим намоем.
✅️Саҳми шумо метавонад нури умедро дар дили як инсон фурӯзон кунад.
🌐Барои маълумоти бештар ва тарзи саҳмгузорӣ, метавонед ба Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд муроҷиат намоед.
☎️Рақамҳо барои тамос: +992 (92) 637-27-58

15/09/2025

БАРГУЗОРИИ МАШҚИ АМАЛӢ БАРОИ КОРМАНДОН ВА ВОЛОНТЁРОН

🗓 Давоми ду рӯз (13–14 сентябри соли 2025) дар мавзеъи зебоманзари Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод машқи амалӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода барои кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) баргузор гардид.

🇹🇯Ҳамдиёрони азиз!✨️Шуморо самимона ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта бароятон тани сиҳат...
09/09/2025

🇹🇯Ҳамдиёрони азиз!
✨️Шуморо самимона ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта бароятон тани сиҳат, саодати рӯзгор ва барои кишвари азизамон ҳамеша пешрафту шукуфоӣ ва фазои орому осударо таманно дорам.

🗒22 августи соли 1864 Конвенсияи аввали Женева имзо шуд. Он барои ҳимоя ва осон кардани аҳволи захмиён ва беморон дар ҷа...
22/08/2025

🗒22 августи соли 1864 Конвенсияи аввали Женева имзо шуд. Он барои ҳимоя ва осон кардани аҳволи захмиён ва беморон дар ҷангҳо қабул гардид. Муаллифи асосии ташаббус Анри Дюнан буд, ки пас аз набард дар Солферино шоҳиди ранҷҳои сарбозон шуд. Ин Конвенсия асоси фаъолияти Салиби Сурх ва принсипи кӯмак ба ҳар як захмиро, новобаста аз тараф, ба миён гузошт.

🗒22 августа 1864 года была подписана первая Женевская конвенция. Она закрепила правила защиты и облегчения участи раненых и больных во время войн. Инициатором стал Анри Дюнан, увидевший страдания солдат после битвы при Сольферино. Конвенция стала основой деятельности Красного Креста и принципа помощи каждому пострадавшему, независимо от его стороны.

🗒On August 22, 1864, the First Geneva Convention was signed. It established rules for the protection and care of the wounded and sick during wars. The initiative came from Henry Dunant, who witnessed the suffering of soldiers after the Battle of Solferino. This Convention laid the foundation for the Red Cross and the principle of helping every wounded person, regardless of side.

International Federation of Red Cross and Red Crescent Societies
International Committee of the Red Cross

🗒19 август – Рӯзи ҷаҳонии кӯмаки башардӯстона аст. Ин сана ҳар сол моро водор месозад, ки муҳимияти арзишҳои инсондӯстӣ,...
20/08/2025

🗒19 август – Рӯзи ҷаҳонии кӯмаки башардӯстона аст. Ин сана ҳар сол моро водор месозад, ки муҳимияти арзишҳои инсондӯстӣ, ҳамбастагӣ ва кумак ба ниёзмандонро бештар дарк кунем.
🏢Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар самти расонидани кӯмаки башардӯстона ва дастгирии қишри ниёзмани ҷомеа дар вилояти Суғд фаъолиятҳои назаррасро амалӣ намудааст ва минбаъд ҳам чунин ташаббусҳо идома дода мешаванд. Ин аз таваҷҷӯҳ ва саҳмгузории сокинон низ вобастагии калон дорад.
🌐Рӯзи ҷаҳонии кӯмаки башардӯстона фурсатест барои бештар дарк кардани аҳамияти эҳтиром ба арзишҳои инсондӯстӣ ва ҳифзи онҳое, ки барои зиндагии беҳтари ҷомеа талош меварзанд.

🗒19 августа – Всемирный день гуманитарной помощи. Эта дата ежегодно напоминает нам о важности ценностей человечности, солидарности и поддержки тех, кто нуждается в помощи.
🏢Филиал Общества Красного Полумесяца Таджикистана в Согдийской области реализует значимые инициативы в сфере оказания гуманитарной помощи и поддержки уязвимых слоев населения региона. Подобные начинания будут продолжены и впредь, что во многом зависит также от внимания и вклада самих жителей области.
🌐Всемирный день гуманитарной помощи – это возможность глубже осознать важность уважения к гуманитарным ценностям и защиты тех, кто стремится к созданию лучшей жизни для общества.

🗒August 19 – World Humanitarian Day. This date serves as an annual reminder of the importance of humanity, solidarity, and support for those in need.
🏢The branch of the Red Crescent Society of Tajikistan in Sughd Province has implemented significant initiatives in providing humanitarian assistance and supporting vulnerable groups of the population in the region. Such efforts will continue in the future, largely thanks to the attention and contributions of local residents.
🌐World Humanitarian Day is an opportunity to better understand the importance of respecting humanitarian values and protecting those who strive to create a better life for society.

09/08/2025

📍 Хуҷанд, 5–7 август
Дар меҳмонхонаи “Хуҷанд Стар” семинари омӯзишӣ барои роҳбарон ва волонтёрони фаъоли ҶҲАТ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор шуд.
🎯 Ҳадаф – баланд бардоштани дониш, тақвияти малака ва рушди волонтёрӣ дар минтақа.
🤝 Иштирокчиён таҷриба мубодила намуда, роҳҳои ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои башардӯстонаро баррасӣ карданд.

📍 Худжанд, 5–7 августа
В гостинице “Худжанд Стар” прошёл обучающий семинар для руководителей и активных волонтёров Красного Полумесяца из городов и районов Согдийской области.
🎯 Цель – повысить знания, укрепить навыки и развивать волонтёрское движение в регионе.
🤝 Участники обменялись опытом и обсудили пути привлечения молодёжи к гуманитарной деятельности.

📍 Khujand, August 5–7
An educational seminar was held at “Khujand Star” Hotel for leaders and active volunteers of the Red Crescent Society from cities and districts of Sughd region.
🎯 Goal – enhance knowledge, strengthen skills, and promote volunteerism in the region.
🤝 Participants exchanged experiences and discussed ways to engage more youth in humanitarian work.

Address

Шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Аминҷон Шукӯҳӣ 70 "а"
Khujand
735700

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Share