Ҳимояи ҷомеа тибқи қонун - Pro Bono De Jure

Directions Website Contact the organization

Ҳимояи ҷомеа тибқи қонун - Pro Bono De Jure Общественная организация «Общественные защитники согласно закону»

Общественная организация «ProBono DeJure» зарегистрирована в Управлении юстиции Согдийской области 16 марта 2022 года под №004-533

Цель организации: Поддержка адвокатов в повышении их профессиональных навыков по оказанию юридической помощи, укрепление навыков анализа действующего законодательства Республики Таджикистан, содействие в доступе к юридической помощи уязвимым слоям населения.

ОО «Общественные защитники согласно закону» в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан, для достижения своих целей и задач осуществляются следующие виды деятельност:

1. проведение обучающих мероприятий, повышение квалификации и усиление благополучия адвокатов и молодых юристов;
2. повысить уровень знаний стажеров адвокатуры по различным отраслям права и действующему законодательству Республики Таджикистан;
3. проведение научных тренингов и образовательных семинаров по правам человека;
4. проведение социально-аналитического мониторинга и исследований по вопросам адвокатской деятельности и соблюдения прав человека;
5. содействовать детям-сиротам и детям, кто остались без попечения, детям с ограниченными возможностями, женщинам, инвалидам, а также другим уязвимым группам населения в получении юридической помощи.
6. содействовать в повышение статуса женщин в профессии адвоката, разъяснение прав женщин, распространение идей толерантности и не дискриминации.

10/10/2026

Оё иҷорадеҳ ҳуқуқ дорад, ки бе огоҳонии пешакӣ аз иҷорагир холӣ намудани манзили истиқоматиро талаб кунад?

Не, ҳуқуқ надорад. Тарафи шартномаи иҷораи манзили истиқоматӣ ҳуқуқ дорад тарафи дигарро на дертар аз 1 моҳ то ба охир расидани муҳлати шартнома огоҳ карда, шартномаро бекор намояд.

(қисми 1 моддаи 129 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон)

06/10/2026

ЭҲТИЁТ БОШЕД: Қаллобӣ !!! Фиреб!

Огоҳ мекунем, ки ин видеонавор аз ҷониби қаллобон бо мақсади фиреб намудани шумо сохта шудааст.
Видео бо иштироки кормандони ташкилоти ТҶ “Ҳимояи ҷомеа тибқи қонун” аз инстаграмми ташкилот бе розигӣ гирифта шудааст, ба он бовар накунед!

03/10/2026

Як моҳ пеш огоҳ намуданд, ки дар маҳаллаи хонаҳои заминокии мо ЧДММ сохтмони бисёрошёна оғоз менамояд, дар давоми як моҳ бо мо  як маротиба вохӯри намуда, бинобар розӣ нашудани мо ба шартнхои онҳо аз ҷониби  мо ба суд оиди кӯчнидан аз манзили истиқоматӣ бе додани манзили дигар пешниҳод шуд.

Қобили зикр аст, ки заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин бояд на дертар аз як сол то гирифтани қитъаи замин дар бораи он аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври хаттӣ огоҳ карда шавад.
Ҳамчунин, мутобиқи моддаи 41 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз гирифтани замин бо хоҳиши шаҳрванд метавонад қитъаи замини баробарарзиш дода шавад ва ё манзили монанду баробарарзиш таъмин гардад ё арзиши он бо пул пардохт карда шавад; инчунин ҳамаи зарарҳо ва фоидаи аздастрафта бояд пурра ҷуброн гарданд; тамоми зарар бояд бо нархи бозорӣ, бо назардошти маҳалли ҷойгиршавии молу мулк, ҳисоб карда шавад; Тибқи моддаи 43, ҷуброни зарар бояд то гирифтани қитъаи замин пардохт карда шавад; агар шаҳрванд ба андоза ё шартҳои ҷуброн розӣ набошад, ӯ ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.
Ин кафолатҳо нисбат ба худи манзил низ амал мекунанд. Мо

03/10/2026

Модарам хонаи истиқоматиро ба хоҳарам туҳфа кардаанд, оё ин хона байни фарзандон тақсим карда мешавад?

Агар модар хонаи истикоматии худро бо тариқи шартномаи ҳадия, бо тасдиқи нотариалӣ ба яке аз фарзандонаш ҳадия карда бошад, дар ин ҳолат хонаи истикоматии модар пурра ба яке аз ҳамон фарзанд мегузарад. Яъне ҳуқуқи соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории молу мулки ғайриманқул ба фарзанд мегузарад ва дигар аъзоёни оила нисбати ин шартнома даъво карда наметавонанд ва ин манзили истиқоматӣ ба таркиби мерос дохил намешавад.

(талаботи моддаҳои 632 ва 633 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Агар дигар аъзоёни оила исбот намоянд, ки шартномаи ҳадия бо таҳдид, зуроварӣ аз ҷониби меросгиранда ( хоҳар ) баста шуда бошад, дар ин ҳолат шартномаи хадия тибқи муқаррароти моддаи 639 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешавад.

01/10/2026

Бо сабаби ҳомиладорӣ корфармо ба кор қабул накард? Оё ин амал дар асоси қонун аст?

Не, манъ аст. Ҳангоми ба кор қабул накардани зани ҳомила, корфармо уҳдадор аст, ки сабабҳои ба кор қабул накарданашро хаттӣ хабар диҳад. Шумо ҳуқуқ доред аз саркашии корфармо барои қабул кардан ба кор ба мақомоти прокуратура ва суд муроҷиат намоед.

(талаботи қисми 1 моддаи 225 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29/09/2026

Агар шавҳар занро ҳақорат намояд, дар чунин ҳолат шавҳар ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?

Ҳақорат ва таҳқири шаъну шарафи зан аз ҷониби шавҳар метавонад зӯроварии равонӣ дар оила ҳисобида шавад.Шумо ҳуқуқ доред ба ШВКД - и ҷои истиқомат бо аризаи хаттӣ муроҷиат намоед, милитсия дар навбати худ вазифадор аст чораҳои зарурии қонунӣ андешад, аз ҷумла пешгирикунанда (огоҳонии расмӣ, амрномаи муҳофизатӣ) ва дар натиҷаи санҷиш метавонад ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб намояд.Барои содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё иқтисодӣ ё таҳдиди содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила гардад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 2 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2*78=156 сомонӣ  то 390 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.

(моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгириии зӯроварӣ дар оила” ва моддаи 93(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

29/09/2026

Оё ба хонандагон истифодаи ҷавоҳирот иҷозат аст?

Ба дарс омадани духтарон бо овехтани зиёда аз як гӯшвор, гӯшвори калони дароз дар гӯш, бо овехтани ҳар гуна ҷавоҳирот МАНЪ аст;Ба дарс омадани писарон бо ангуштарин, занҷири гардан ва дастпонаи тиллоӣ ё нуқрагин МАНЪ аст. Инчунин муассисаи таълимӣ уҳдадор аст ба кӯдак барои ба муассисаи таълимӣ бо истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвораи андозааш хурд барои духтарон) дар муассисаи таълимӣ роҳ надиҳад ва дар сурати вайрон кардани ин талабот чораҳои дахлдор андешад, аз ҷумла ба мақомоти давлатии дахлдор хабар диҳад.

(банди 14 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

29/09/2026

Ҳангоми аз ҷониби ҶДММ - ба дар ҷои хонаи истиқоматии мо огоз шудани сохтмон ба чӣ аҳамият диҳем? 
Қарори мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба гирифтани қитъаи замин.
1. Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии ҶДММ ба қитъаи замин ва сохтмони бинои бисёрошёна.
2. Шартномаи хаттӣ байни сокин ва ҶДММ.
3. Муҳлати кӯчидан ва муҳлати супоридани манзили нав.
4. Суроға, масоҳат, ошёна ва ҳолати манзили ивазшаванда.
5. Арзиши бозории хона, замин ва дигар молу мулки мавҷуда.
6. Тартиб ва ҳаҷми ҷуброни зарар ва хароҷоти кӯчидан.
7. Ҷавобгарии ҶДММ барои дер супоридани манзил ё иҷро накардани шартнома.
8. Кафолати ҳуқуқӣ барои манзили нав ва тартиби бақайдгирии ҳуқуқи моликият.
9. То пурра муайян ва ба таври хаттӣ мустаҳкам шудани ҳамаи шартҳо, ба вайрон кардан ё холӣ кардани хона розӣ нашудан.
10. Пардохтҳо беҳтараш тариқи ғайринақдӣ анҷом дода шаванд; агар маблағ нақдӣ супорида шавад, ҳатман квитансия ё санади тасдиқкунандаи пардохт гирифта шавад.
11. Дар шартнома аниқ нишон дода шавад, ки бино кай ба истифода дода мешавад ва кай аз қайди давлатии дахлдор мегузарад.
12. Муайян карда шавад, ки кӣ ва дар кадом муҳлат ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии манзили навро ба номи сокин ба расмият медарорад.
13. Дар шартнома ҳатман ҷавобгарии ҶДММ барои иҷро нака

21/09/2026

Ёрии ҳуқуқии якумдараҷа чӣ маъно дорад?

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” аз 1 январи соли 2026 пурра мавриди амал қарор дода шудааст.
Мувофиқи ин қонун, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ҳуқуқ доранд. Ин намуди ёрӣ пешниҳоди маслиҳату фаҳмондадиҳии масъалаҳои ҳуқуқӣ, тартиб додани аризаву шикоятҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, инчунин равон кардани муроҷиаткунандагонро ба мақомоти дахлдори давлативу ҷамъиятӣ дар бар мегирад.

Барои гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгон ба ҳуқуқшиносони давлатӣ: Мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлия, ки дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд, муроҷиат намоед.

(талаботи қисми 2 моддаи 7 ва қисми 1 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”, банди 15 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №425 тасдиқ шудааст)

14/09/2026

Хабардор кардани ворисони дигар оид ба кушодашавии мерос ҳатмӣ аст?

Нотариуси давлатие, ки оид ба кушодани мерос маълумот гирифтааст, ӯҳдадор аст дар бораи он ворисонеро, ки ҷойи зист ё корашон ба вай маълум аст, хабардор намояд.
Нотариус меросгиронро аз оқибатҳои ҳуқуқии пинҳон доштани далели мавҷудияти меросгирони дигар огоҳ мекунад.
Агар дар доираи меросгирон шахсоне бошанд, ки маҳалли истиқомати онҳо маълум набошад, меросгирони дигаре, ки меросро қабул намудаанд дар ин бора маълумот пешниҳод карда натавонанд, нотариус метавонад даъвати меросгирони ғоибро бо роҳи хабар дар телевизион, радио ё нашри эълони умумӣ дар матбуот амалӣ намояд.

(иқтибос аз моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ”, бандҳои 278 ва 279 Қоидаҳои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2024, № 59 тасдиқ карда шудааст)

Address

Khujand
735

Opening Hours

Monday 09:00 - 18:00
Tuesday 09:00 - 18:00
Wednesday 09:00 - 18:00
Thursday 09:00 - 18:00
Friday 09:00 - 18:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Ҳимояи ҷомеа тибқи қонун - Pro Bono De Jure posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Organization

Send a message to Ҳимояи ҷомеа тибқи қонун - Pro Bono De Jure:

Shortcuts

Share