Aga Khan Health Service, Tajikistan

Aga Khan Health Service, Tajikistan Aga Khan Health Services, Tajikstan This is the official page for the Aga Khan Health Service Tajikistan (AKHS Tj).

09/07/2025

Алоқамандони гиромӣ,
Лутфан ба иттилои шумо мерасонем, ки минбаъд хабару гузоришҳо, паёмҳо, навгониҳо ва эълонҳо дар самти хизматрасонии тиббӣ марбут ба Фонди Тоҷикистонии Оғохон, Бахши тандурустӣ, дар саҳифаи Aga Khan Medical Centre, Khorog нашр мешаванд.
Ҳамарӯза моро пайгирӣ намоед!

Dear followers,
We kindly inform you that from now on, all news, reports, messages, updates, and announcements related to medical services provided by the Healthcare Unit, Aga Khan Foundation Tajikistan, will be shared on the Aga Khan Medical Centre, Khorog page.
Please follow the page to stay updated!

Имрӯз – Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои тиб аст.Сипоси беандоза ба шахсоне, ки шабу рӯз бо меҳру муҳаббат ва ҳамдилӣ дар б...
12/05/2025

Имрӯз – Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои тиб аст.
Сипоси беандоза ба шахсоне, ки шабу рӯз бо меҳру муҳаббат ва ҳамдилӣ дар бари беморон ҳастанд.
Чӣ зебо гуфтааст Вирҷиния Ҳиндерсон:
Ҳамшираҳои тиббӣ танҳо иҷрокунандаи дастури табиб нестанд – онҳо марҳамбахши дард, пуштибони беморон, чашми нобиноён, дастёри кӯдакон ва забони ашхоси нотавон мебошанд.
Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар Тоҷикистон ин рӯзро ба тамоми ҳамшираҳои шафқат самимона табрик гуфта, ба онҳо шарафи касбӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқатро – ҳамчун пайравони Синои бузург – орзу менамояд.
Наҷоти як ҷони инсон – қаҳрамонист. Наҷоти сад ҷони инсон – рисолати ҳамширагист!

Иди Ғалаба муборак бод, Тоҷикистон! Бояд гуфт, ки ин пирӯзӣ  ба қимати азими инсонӣ яъне ба нархи ҷон, саломатӣ, осоишта...
08/05/2025

Иди Ғалаба муборак бод, Тоҷикистон!
Бояд гуфт, ки ин пирӯзӣ ба қимати азими инсонӣ яъне ба нархи ҷон, саломатӣ, осоиштагӣ, гуруснагӣ ва ранҷу азоби тоқатфарсо ба даст омад.
Дар ин ҷанги бераҳмона беш аз 300 ҳазор нафар фарзандони тоҷик иштирок карданд. Зиёда аз 90 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, 60 ҳазори дигар маҷрӯҳ гаштанд. 56 ҳазор нафар бо медалу орденҳо, 54 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 21 нафар бо ордени Шараф қадрдонӣ гардиданд. Мо ҳаргиз қурбониҳои ин фоҷиаи мудҳишро фаромӯш намекунем.
Ба ифтихори ин санаи таърихӣ, ба тамоми мардуми кишвар сулҳу субот, ҳамбастагиву ҳамдилӣ , саломатӣ ва файзу баракатро орзу менамоем!🌺🕊️

ТАВАҶҶӮҲ!Ба иттилои  ҳамаи шумоён мерасонем, ки Маркази тиббии Оғохон, шаҳри Хоруғ аз 1 то 31майи соли равон санҷишҳои т...
30/04/2025

ТАВАҶҶӮҲ!
Ба иттилои ҳамаи шумоён мерасонем, ки Маркази тиббии Оғохон, шаҳри Хоруғ аз 1 то 31майи соли равон санҷишҳои тиббии ройгонро пешниҳод менамояд. Ин як имконияти мусоид барои назорати саломатӣ аст.
Маълумоти муфассалро аз варақаҳои иттилотӣ дастрас намоед!

Маркази Тиббии Оғохон, ш. Хоруғ, иқдоми анъанавии хешро барои сокинони ноҳияи Рӯшон ва дигар муроҷиаткунандагон идома ме...
25/04/2025

Маркази Тиббии Оғохон, ш. Хоруғ, иқдоми анъанавии хешро барои сокинони ноҳияи Рӯшон ва дигар муроҷиаткунандагон идома медиҳад. Ин ҳафта, рӯзи шанбе, 26-уми апрел, боз машварати навбатии мутахассисони соҳибтаҷрибаи тиббӣ баргузор мегардад.
Маълумоти муфассалро аз варақаҳои иттилоотии зерин дарёфт намоед ва ба дигарон низ расонед.

Хизматрасонии кардиологӣ дар Маркази Тиббии Оғохон, ш. Хоруғ дубора фаъол шуд!Бо хурсандӣ иттилоъ медиҳем, ки дар Марказ...
22/04/2025

Хизматрасонии кардиологӣ дар Маркази Тиббии Оғохон, ш. Хоруғ дубора фаъол шуд!
Бо хурсандӣ иттилоъ медиҳем, ки дар Маркази Тиббии Оғохон, ш. Хоруғ, пас аз танаффуси тулонӣ, як мутахассиси ҷавону умедбахш Насиба Қурбонбекова ба фаъолият оғоз намуд.
Ҳоло шумо метавонед бемонеа барои машварат ва табобат ба духтури қалб муроҷиат кунед
📞 Барои сабти ном ва гирифтани маълумоти бештар аз варақаи иттилоотии замимашуда истифода намоед.

Иқдом аз мо — иштироки фаъолона аз шумо!Маркази Тиббии Оғохон, ш. Хоруғ ба таваҷҷуҳи сокинони ноҳияи Рӯшон ва дигар муро...
11/04/2025

Иқдом аз мо — иштироки фаъолона аз шумо!
Маркази Тиббии Оғохон, ш. Хоруғ ба таваҷҷуҳи сокинони ноҳияи Рӯшон ва дигар муроҷиаткунандагон мерасонад, ки рӯзи шанбеи 12-уми апрел, яъне пагоҳ, дар Маркази Саломатии Оғохон, воқеъ дар ноҳияи Рӯшон, машварати навбатии мутахассисони соҳибтаҷрибаи тиббӣ баргузор мегардад.
Дар доираи ин ташрифи табибон, хизматрасониҳои зерин ба роҳ монда мешаванд:
• Муоинаи бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ
• Скрининги махсус барои бемории диабети қанд
• Скрининг барои бемориҳои чашм
• Скрининг барои бемориҳои кӯдакона
📍 Ҷойи баргузорӣ: Маркази Саломатии Оғохон, ноҳияи Рӯшон
📆 Рӯз: Шанбе, 12-уми апрел

Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ, чун анъана, ҳар сол 7-уми апрел ҷашн гирифта мешавад. Соли равон ин маърака ба саломатии модаро...
07/04/2025

Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ, чун анъана, ҳар сол 7-уми апрел ҷашн гирифта мешавад. Соли равон ин маърака ба саломатии модарон ва навзодон бахшида шуда, бо шиори «Оғози солим – ояндаи умедбахш» ҷараён мегирад.
Маъракаи мазкур аз ташкилотҳои тандурустӣ, ҳукуматҳо ва, умуман, аз ҷомеа даъват ба амал меорад, ки барои аз байн бурдани фавти модарону навзодон, инчунин ба авлавият қарор додани саломатӣ ва некӯаҳволии дарозмуддати занон кӯшишҳои худро дучанд намоянд.
Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ин иттилооти муфидро барои таъмини ҳомиладории солим, таваллуди бехатар ва беҳтар намудани саломатии модару кӯдак пас аз таваллуд яке аз ҳадафҳои калидӣ арзёбӣ менамояд.

Vacancy Announcement: Aga Khan Health Service, Tajikistan is seeking a qualified and motivated candidate for the positio...
04/04/2025

Vacancy Announcement:
Aga Khan Health Service, Tajikistan is seeking a qualified and motivated candidate for the position of Human Resource Officer (Maternity Cover) based in Khorog.
Interested applicants are encouraged to submit their applications well before the deadline.
For more details and to apply, please visit the link below:
https://tajikistan.un.org/en/292095-human-resource-officer%C2%A0maternity-cover-akhs

Ҳамасола, 2-юми апрел ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии огоҳӣ оид ба Аутизм ҷашн гирифта мешавад, то сатҳи иттилоот дар саросари олам ...
02/04/2025

Ҳамасола, 2-юми апрел ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии огоҳӣ оид ба Аутизм ҷашн гирифта мешавад, то сатҳи иттилоот дар саросари олам баланд бардошта шавад. Ин рӯзи муҳим имконияти беҳамтоест барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба мушкилоте, ки шахсони гирифтори аутизм бо онҳо рӯбарӯ мешаванд. Ҳадафи калидӣ ин ташвиқи ҷомеа ба қабули фарқиятҳо аст.
Мо бояд якҷоя талош намоем, ки шахсони гирифтори аутизм ба зиндагии фаъолона дар ҷомеа ҳамроҳ шаванд ва бо эҳтиром ва баробарӣ пазируфта шаванд. Бо баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва эҷоди муҳити фарогир, мо метавонем муҳитеро бунёд намоем, ки дар он ҳар як шахс имкониятҳои баробар дошта бошад.

Лутфан таваҷҷӯҳ намоед ва ин маълумоти муҳимро ба дигарон низ расонед!Маркази Тиббии Оғохон, ш. Хоруғ, рӯзи 28-уми март ...
27/03/2025

Лутфан таваҷҷӯҳ намоед ва ин маълумоти муҳимро ба дигарон низ расонед!
Маркази Тиббии Оғохон, ш. Хоруғ, рӯзи 28-уми март дар Маркази Саломатии Оғохон, воқеъ дар ноҳияи Рӯшон, машварати мутахассисони тиббиро баргузор менамояд.
Дар доираи ин маърака, шаҳрвандон метавонанд аз хизматрасониҳои зерин баҳра баранд:
📌 Машварати мутахассиси бемориҳои асаб
📌 Муоинаи тиббӣ аз ҷониби духтури кӯдакона
📌 Ташхис ва машварати духтури бемориҳои дарунӣ
Барои дарёфти маълумоти муфассал ба варақаҳои иттилоотии замимашуда зеҳн монед.
📍 Суроға: Маркази Саломатии Оғохон, н. Рӯшон
📅 Сана: 28-уми март

Баҳорофаринро ҳазор офарин!Наврӯзи ҷаҳонбахш лаҳзаи муайяни дидори модару фарзанд яъне табиату инсон аст. Бо расидани на...
20/03/2025

Баҳорофаринро ҳазор офарин!
Наврӯзи ҷаҳонбахш лаҳзаи муайяни дидори модару фарзанд яъне табиату инсон аст. Бо расидани нафаси тозаи Наврӯз ё Хидираём хурду бузург бо ҳаяҷон эҳсос мекунад, ки дербоз табиат, неъмати бебаҳои улвӣ - модари худро надидааст. Иди ҳамбастагии инсон ва табиат, пайвандгари аслҳо ва наслҳо, ҷашни ирфонию ҳампаймонӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Address

Khorog
736000

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 09:00 - 17:00
Wednesday 09:00 - 17:00
Thursday 09:00 - 17:00
Friday 09:00 - 17:00

Telephone

+992352226580

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Aga Khan Health Service, Tajikistan posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Organization

Send a message to Aga Khan Health Service, Tajikistan:

Share