Majruhon

Majruhon Majruhon exists to advocate for the rights and interests of people with disabilities and special needs.

We endeavor and ensure that people with disabilities have access to quality services appropriate for their needs.

🔷 Омӯзиши мутақобила бидуни марз: Қирғизистон ва Тоҷикистон якҷо📍 Бишкек, Қирғизистон | 🗓 30 июн – 1 июли соли 2025Ассот...
05/07/2025

🔷 Омӯзиши мутақобила бидуни марз: Қирғизистон ва Тоҷикистон якҷо

📍 Бишкек, Қирғизистон | 🗓 30 июн – 1 июли соли 2025

Ассотсиатсияи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии дар Тоҷикистон барои маориф дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи рушди маориф дар Қирғизистон бо муваффақият як чорабинии мубодилаи таҷрибаро дар доираи ташаббуси Education Out Loud баргузор намуданд.

Мулоқот, ки 30 июн – 1 июли соли 2025 дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, ба таҳкими ҳамкориҳои шарикона миёни ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии ду кишвар, ки барои пешбурди таҳсилоти фарогир, дастрас ва босифат фаъолият мекунанд, равона шуда буд.

Дар доираи барнома иштирокчиён усулҳои муассири муоширати дохилӣ ва берунаро баррасӣ намуда, бо фаъолияти ҳар ду ассотсиатсия шинос шуданд, дар машғулиятҳои амалӣ иштирок карданд ва аз Маркази кӯдакони имконияташон маҳдуд боздид ба амал оварданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба мубодилаи таҷрибаҳои муваффақ дар соҳаи таҳсилоти фарогир ва муҳокимаи механизмҳои васеъ намудани дастрасӣ ба таҳсилоти босифат барои ҳама равона гардид.

📌 Ҳадафҳои асосии сафар ба даст омаданд:

Муносибатҳои мустаҳкам ва фаҳмиши мутақобила миёни ТҶ-и Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳким ёфтанд;

Дидгоҳи умумӣ оид ба ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи Education Out Loud ташаккул ёфт;

Намунаҳои воқеии татбиқи усулҳои фарогир дар соҳаи маориф мавриди омӯзиш қарор гирифтанд;

Миёни иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии Ассотсиатсияи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон барои маориф ва Ассотсиатсияи рушди маориф дар Қирғизистон санади расмии ҳамкорӣ — Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ин чорабинӣ як қадами навбатӣ дар роҳи тақвияти иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сиёсати соҳаи маориф ва рушди шарикӣ дар сатҳи минтақавии устувор гардид.

#АСТЕ #Қирғизистон #Тоҷикистон #ҶомеаиШаҳрвандӣ #ТаҳсилотиФарогир #ТаҳсилотБароиҲама #Ҳамкорӣ #ЁддоштиТафоҳум

«Баланд бардоштани сатхи огохи дар бораи Кумаки Унвони Ичтимои»  Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 – августи ...
04/03/2025

«Баланд бардоштани сатхи огохи дар бораи Кумаки Унвони Ичтимои»
Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 – августи соли 2024, № 488 «Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии ичтимои, муайян намудани андозаи он ба шахрвандон,
(оилахо) – и камбизоат дар Чумхурии Точикистон» тасдик шудааст.
Ташкилоти Чамъиятии «Мачрухон» дар хамкори бо Хукумати ш. Хоруг, бахши КУИ (Кумаки Унвонии Ичтимои) Лоихаи «Баланд бардоштани сатхи огохи дар бораи кумаки унвони ичтимои, Мархилаи 3» пиёда намуд.
Максади асосии лоиха, фахмондани санадхои меъёрии хукукии амалкунанда дар самти кумаки унвонии ичтимои ба оилахо ва шахрвандони камбизоат, ваколатхои макомоти давлати дар самти расонидани кумакпулии унвонии ичтимои, тартиби таъини кумакпулии унвонии ичтимои, тартиби маблаггузори ва пардохти кумаки унвонии ичтимои барраси шуд.
Инчунин иштироккунандагон бо кадамхои амали дар раванди татбики кумаки унвонии ичтимои ба оилахо ва шахрвандони камбизоат, тартиби пур кардани варакахо барои таъин намудани кумаки унвонии ичтимои ва тартиби маблаггузори, пардоти кумаки унвонии ичтимои шинос шуданд.
Маъракаи иттилооти оиди баланд бардоштани маълумотнокии ахоли дар бораи КУИ ва конунгузори дар самти хифзи ичтимои, дастраси ба иттилоот, дарки раванди гирифтани КУИ гузаронда шуд.
Натича нишод дод, ки душворихо дар чамъовари ва пур кардани хуччатхо бо максади пешниход кардан ба макомоти хифзи ичтимои, надонистани хукукхо барои гирифтани КУИ, пур кардани варакахои КУИ буд.
Вохурихо дар махаллахои Шахраки Шотемуриён, Шахраки Сомониён ва Ташкилотхои Чамъиятие, ки бо табакаи осебпазири чомеа кор бурда истодаанд, гузаронида шуд.
Вохурихоро – сардори маркази кумаки унвонии ичтимоии вилоят – Абдуллов Шоди дар шахраки Шотемуриён ва сармутахассиси кумаки унвонии ичтимои – Одинаева Мунира гузаронданд.
Барои гузаронидани вохурихо ТЧ «Мачрухон» ба Хукумати ш. Хоруг ва бахши КУИ изхори миннатдори баён менамояд.
Лоиха аз тарафи Идоракунии самаранок бахри рушди иктисоди – АСТЕD маблаггузори шуд.

Address

Khorog
736000

Telephone

+992930991954

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Majruhon posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Organization

Send a message to Majruhon:

Share