29/06/2026
Моделҳои маъюбият: чаро баъзеҳо мушкилотро дар инсон мебинанд, вале баъзеҳо — дар муҳит?
Дӯстони азиз! Имрӯз биёед дар ду дақиқа фаҳмем, ки чаро одамон ба маъюбият аз нуқтаҳои назари гуногун нигоҳ мекунанд.
Агар шахсе, ки аз аробачаи маъюбӣ истифода мебарад, натавонад ба бино ворид шавад, мушкил дар куҷост?
1. Модели тиббӣ (Тиббӣ)
Ин модел мегӯяд: мушкил дар ҳолати саломатии худи шахс аст.
Яъне, агар инсон роҳ рафта натавонад, пас маҳз ин ҳолат сабаби асосии маҳдудият мебошад.
Мисол аз зиндагӣ: Зане ба маркази саломатӣ меравад, аммо зинапояҳо баланданд. Дар доираи модели тиббӣ метавон гуфт: "Ӯ наметавонад боло равад, зеро маъюбият дорад."
Ин модел бештар ба табобат, барқарорсозӣ ва хизматрасониҳои тиббӣ диққат медиҳад.
2. Модели функсионалӣ
Ин модел ба он нигоҳ мекунад, ки шахс кадом амалҳоро метавонад ё наметавонад иҷро кунад.
Дар мисоли мо гуфта мешавад: "Мушкил дар он аст, ки шахс аз зинапоя боло баромада наметавонад."
Ин равиш барои муайян кардани ниёзҳои дастгирӣ истифода мешавад, аммо ҳанӯз ҳам диққати асосиро ба қобилияти шахс равона мекунад.
3. Модели иҷтимоӣ
Ин модел тамоман дигар мегӯяд:
Мушкил дар инсон нест, балки дар муҳите аст, ки барои ҳама дастрас нест.
Дар мисоли мо: "Мушкил зинапоя аст, на шахсе, ки аз аробачаи маъюбӣ истифода мебарад."
Агар дар паҳлӯи зинапоя пандус мебуд, мушкил аз байн мерафт.
Агар мо муҳитро барои ҳама дастрас созем — роҳравҳо,, лифтҳо, субтитрҳо, матнҳои осонфаҳм, нақлиёти мувофиқ — чанд монеа худ аз худ нопадид мешаванд?
Маҳз ҳамин аст идеяи модели иҷтимоӣ:
Одамонро маъюбият не, балки монеаҳои ҷомеа маҳдуд мекунанд.
Фикри шумо чӣ?