14/10/2026
🎒✨ Бастаҳои таълимӣ — қадаме ба сӯи орзуҳо ва ояндаи дурахшон! 🌟
📚✏️ Мо тақсими бастаҳои таълимиро (Learning Kits) ба кӯдакони зери сарпарастии ташкилот қарордошта оғоз кардем!
Ҳар як баста бо лавозимоти зарурии мактабӣ ва маводи эҷодӣ мукаммал буда, ба кӯдакон барои таҳсил, рушди қобилиятҳо ва расидан ба дастовардҳои нав мусоидат мекунад.
🌟Табассуми кӯдакон, чашмони пур аз шодӣ ва ҳаяҷони онҳо бори дигар моро ба он водор месозад, ки аҳаммияти ин дастгириро дарк кунем. Зеро ҳар як дафтар, қалам ва ашёи таълимӣ на танҳо воситаи таҳсил, балки имкониятест барои омӯхтан, эҷод кардан ва бо боварӣ ба сӯи орзуҳо қадам гузоштан.
✨ Ин иқдоми нек ба шарофати ғамхорӣ ва дастгирии самимии сарпарастони мо амалӣ мегардад. Аз ҳамаи сарпарастон барои боварӣ ба кӯдакон, саҳмгузорӣ дар таҳсили онҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ояндаи беҳтар самимона изҳори сипос менамоем!
💚 Як кӯдак, як имконият, як ояндаи дурахшонтар!
----------------------------
🎒✨ We’ve started distributing Learning Kits to our sponsored children!
📚✏️These wonderful kits contain everything our kids need to learn, grow, and thrive in school.
From essential stationery to creative art supplies, each kit is packed with the tools to inspire young minds and build a brighter future.
🌟Seeing their faces light up with excitement and gratitude is a powerful reminder of why we do what we do. Every notebook, pen, and educational item is not merely a tool for learning, but an opportunity to learn, create, and step confidently toward dreams.
✨None of this would be possible without the incredible love and support of our sponsors.
Thank you for giving these children the confidence and resources to chase their dreams!
💚One child, one opportunity, one brighter future!