27/10/2025
(English version is below)
21-уми октябри соли 2025, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки гурӯҳи ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обро баргузор намуд. Ин ташшабус бо дастгирии Helvetas Tajikistan дар доираи лоиҳаи Swiss Cooperation - Tajikistan “Идоракунии Обҳои Зеризаминӣ” баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025, Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028, лоиҳаи «Идоракунии обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи «Милии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон - марҳилаи 3», омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устовор, солҳои 2018-2028», ки баргузории он соли 2026 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
----------------
On October 21, 2025, the Ministry of Energy and Water Resources of the Republic of Tajikistan held the first meeting of the National Water Council for the Implementation of the Water Sector Reform Program, along with the Working Group on Integrated Water Resources Management. The event was conducted with support from Helvetas Tajikistan under the Swiss Cooperation - Tajikistan Groundwater Management Project.
The meeting’s discussion focused on the implementation progress of the Water Sector Reform Program (2016–2025), the Land Improvement and Irrigation Development Program (2024–2028), the Groundwater Management Project in the Sughd Region of the RT, the National Water Resources Management Project in Tajikistan – Phase 3, and preparations for the Fourth High-Level International Conference on the International Decade for Action “Water for Sustainable Development, 2018–2028,” scheduled to be held in Dushanbe in 2026.