28/08/2026
26 августи соли 2026 дар шаҳри Ҳисор вохӯрии корӣ оид ба натиҷаҳои лоиҳаи «Барномаи минтақавӣ барои пиронсолон дар Осиё II» ва масъалаи рушди ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар самти нигоҳубини дарозмуддати пиронсолон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон ва ТҶ “Нури Офтоб» (ОО "Нури офтоб") иштирок намуда, масъалаҳои дастрасии пиронсолон ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва зарурати ташкили ҳамкории муассир миёни сохторҳои дахлдорро баррасӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки дар шаҳри Ҳисор шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, пиронсолон ба хизматрасониҳои иҷтимоии зарурӣ дар маҳалли зисти худ дастрасии пурра надоранд ва асосан танҳо аз хизматрасониҳои маишӣ бархӯрдор мешаванд. Дар ин замина, Умеда Мунавварова (ҳамоҳангсози лоиҳа) аҳамияти рушди низоми нигоҳубини дарозмуддати пиронсолон ва таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ-ро ҳамчун механизми муттаҳидсозии сохторҳои дахлдор барои ҳалли масъалаҳои пиронсолон шарҳ дод.
Ҳамзамон, иштирокчиён масъалаҳои таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, вазифаҳои он ва нақши ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро баррасӣ намуданд. Тақвияти чунин ҳамкорӣ метавонад барои рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва таъмини дастгирии саривақтӣ ва муносиб барои пиронсолон дар Ҳисор замина фароҳам оварад.
Лоиҳа бо дастгирии Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (Bundesministerium für wirtschaftliche Zusammenarbeit und Entwicklung (BMZ)) ва Каритас Германия амалӣ карда мешавад.