Конуни байналмилалии Олимпур/Alempour International Foundation

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Конуни байналмилалии Олимпур/Alempour International Foundation

Конуни байналмилалии Олимпур/Alempour International Foundation This page is a precursour to the Alempour Foundation's website, which will be launched in the near future.

Муҳиддини Олимпур аз барҷастатарин аккосон ва хабарнигорони тоҷик буд, ки дар тарвиҷи фарҳанги Тоҷикистон ба ҷаҳониё нақши муҳимме бозид. Нақши ӯ дар муъаррифии фарҳанги порсӣ низ бисёр муассир ва қобили таҳсин аст, ки барномаи телевизиюнии "Ситораҳои шарқ" ва барномаи родиюии Би-би-сӣ "Аз Душанбе то Лус-Онҷелес" ҷузъе аз ин кӯшишҳо буд.

Конуни Байналмилалии Олимпур дар садад аст бойгонии марҳум

Олимпурро нашр кунад, то пораҳои арзишманде аз таърих ва фарҳанги ин марзу бум ҳифз ва дар миёни мардум пахш шаванд.

Ин сафҳа пешзаминае аст ба вебгоҳи Конуни Олимпур, ки дар ояндаи наздик роҳандозӣ хоҳад шуд. Аз шумо хоҳишмандем, ки назарот ва андешаҳои арзишманди худро дар мавриди шахс ва корҳои Олимпурро дар ин сафҳа ба иштирок бигзоред ва мо талош хоҳем кард, онҳоро дар вебгоҳ ҷо кунем. Ҳамчунин аз дарёфти пешниҳодот ва назароти шумо дар робита бо Конуни Олимпур хушҳол хоҳем шуд ва бо сипос аз онҳо истифода хоҳем кард.

*****************************************************************
محی‌الدین عالم‌پور از برجسته‌ترین عکاسان و خبرنگاران تاجیک بود که در ترویج فرهنگ تاجیکستان به جهانیان نقش مهمی بازید. نقش او در معرفی فرهنگ و هنر پارسی نیز بسیار مؤثر و قابل تحسین است که برنامه‌ی تلویزیونی «ستاره‌های شرق» و برنامه‌ی رادیویی بی‌بی‌سی «از دوشنبه تا لس‌آنجلس» جزئی از این کوشش‌ها بود.

کانون بین‌المللی عالم‌پور در صدد است بایگانی مرحوم عالم‌پور را نشر کند تا پاره‌های ارزشمندی از تاریخ و فرهنگ این مرز و بوم جفظ و در میان مردم پخش شوند.

این صفحه پیش‌زمینه‌ای است به وب‌گاه کانون عالم‌پور که در آینده‌ی نزدیک راه‌اندازی خواهد شد. از شما خواهشمندیم که نظرات و اندیشه‌های ارزشمند خود در مورد شخص و کارهای عالم‌پور را در این صفحه به اشتراک بگذارید و ما تلاش خواهیم کرد آن‌ها را در وب‌گاه جا کنیم. همچنین از دریافت پیشنهادات و نظرات شما در رابطه با کانون عالم‌پور خوشحال خواهیم شد و با سپاس از آن‌ها استفاده خواهیم کرد.

*****************************************************************
Mohieddin Alempour was one of the most distinguished Tajik photographers and journalists, who played an important role in the promotion of Tajikistan's culture to the world. His role in the presentation of Persian culture and arts is also impressive, and his "Stars of the East" television programme and "From Dushanbe to Los Angeles" BBC radio programme can be cited as just a couple of examples of his efforts. Alempour International Foundation is seeking to publish Alempour's archive, so as to safeguard and distribute precious fragments of this land's history and culture. We ask that you share your valuable thughts and comments about the person and the works of Alempour, and we will try to place them on the website. We would also be glad to receive your comments and suggestions regarding the Alempour Foundation, and will use them with a sense of gratitude.

Ба ифтихори 85-солагии зодрӯзи шоири бузурги тоҷик устод Лоиқ Шералӣ Лоиқ Шералӣ аз чашми дурбини Муҳиддин ОлимпурЁди ҳа...
20/05/2026

Ба ифтихори 85-солагии зодрӯзи шоири бузурги тоҷик устод Лоиқ Шералӣ

Лоиқ Шералӣ аз чашми дурбини Муҳиддин Олимпур

Ёди ҳар ду бузургвор гиромӣ бод!

Матлабе аз Ортиқ Қодир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар бораи зиндаёд Муҳиддин Олимпур, ки агар 30 сол пеш кушта намешу...
16/04/2026

Матлабе аз Ортиқ Қодир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар бораи зиндаёд Муҳиддин Олимпур, ки агар 30 сол пеш кушта намешуд, 2 марти имсол ба синни мубораки 80 мерасид.

*****
Ифтихори насли мо

Муҳиддин Олимпур бо донишу фарҳанг, бо насаби тоҷикӣ ва бидуни пасванди русии «ов», бо чеҳраи нуронӣ, бо ришу мӯйи дароз ва дурбини аккосии ҳамоил дар гарданаш барои насли мо, яъне ҷавонони даҳаҳои 70 ва 80-и қарни гузашта намоди зиёии асил ва инсони замони муосир маҳсуб мешуд. Шеваи либоспӯшӣ, роҳ рафтан, одоби муошират ва фарҳанги волои ӯ барои мо воқеан улгу ва намунаи ибрату ифтихор буд.

​Мақолаву гузоришҳо, сафарномаҳои рангину ҷолиб, ба вижа мусоҳибаҳои шавқангезу пурмуҳтавои М. Олимпур бо шахсиятҳои саршиноси кишвар ва ҳамзабонони бурунмарзиамон аз серхонандатарин матолиби матбуоти он айём ба ҳисоб мераванд. Барои хонандаи тоҷик навиштаҳои Муҳиддин Олимпур пиромуни сарнавишти чеҳраҳои матраҳи олами фарҳангу ҳунар ва шахсиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ басо мароқангезу ҷолиб буданд. Ба унвони мисол, матолиби навиштаи М.Олимпур пиромуни дидорҳояш бо фарзандони Амир Олимхон, ки худро на аҳли манғит, балки тоҷик медонистанд ва аз падари худ, ки тоҷикона мезисту бо забони шевои форсии тоҷикӣ шеър мегуфт, ифтихор доштанд, ҳамчунин бо хонаводаи ситораи мусиқии Шарқ Аҳмад Зоҳир, бо хонандаи пуровозаи эронӣ хонум Гугуш ва бо шоири бузурги эронӣ Нодири Нодирпур воқеан беҳтарину ҷолибтарин навиштаҳои ӯ маҳсуб мешаванд.

​Муҳиддин Олимпур агар дар ибтидо ҳамчун аккос ва хабарнигор шуҳрат пайдо кард, баъдан ба унвони муаллиф ва муҷрии барномаи телевизионии “Ситораҳои Шарқ” бештар маъруф гардид. Барномаи “Ситораҳои Шарқ” дар Телевизиони Тоҷикистон сафҳаи нав, тарҳи ҷадид, падидаи тоза ва гардишу таҳаввули бесобиқаро ба армуғон овард. Садҳо ҳазор мухлису ҳаводори барнома аз оинаи нилгун бесаброна мунтазири пахши ҳар намоиши нави ин силсила мешуданд. Ин барномаҳо тамошобинонро аз ҳақоиқи ҷолибу ибратомӯз дар мавриди зиндагии ҳунармандони дӯстдоштаашон муталеъ месохт ва Муҳиддин Олимпур аз саросари Тоҷикистон ва ҳатто берун аз он номаҳои сипосу қадрдонӣ дарёфт мекард.

​ Ёд дорам, боре Муҳиддин Олимпур бо хоксориву фурӯтанӣ ва самимияти хоссае, ки дошт, назару андешаи маро дар бораи ҳусну қубҳи барномаи “Ситораҳои Шарқ” пурсид. Банда, ки аз мухлисони сарсахти барнома будам, арзишҳои баланди бадеиву ҳунарии онро зикр карда, дар зимн аз шеваи гуфтор ва ҳусни баёни муҷрии он Муҳиддин Олимпур, ки каме бо садои баланд суҳбат мекард, эрод гирифтам ва пешниҳод кардам, ки агар нарму ором ва ботамкин ҳарф занад, ҳусни намоиш меафзояд. Хуб дар ёд дорам, ки шодравон ин эроду пешниҳоди бандаро бо камоли хушнудӣ ва сипосу эҳтироми самимона пазируфта буд...

​Ифтихори ҳузур дар коргоҳи аккосии Муҳиддин Олимпур борҳо насибам шуда ва аксҳое аз худамро дар рӯи саҳнаи театр ва ҳангоми иҷрои барномаҳои адабию фарҳангӣ аз ӯ ба ёдгор дорам. Ёдам ҳаст, дар он коргоҳи кӯчакаш даҳҳо ҳалқа (плёнка)-и аксҳои чопнашударо бо тартиб овезон карда буд, ки онҳо тасвири бисёре аз бузургони адабу фарҳанг, шахсиятҳои маъруфи сиёсиву ҷамъиятӣ, чеҳраҳои саршиноси миллати тоҷик ва халқҳои дигари дӯсту бародари моро дар бар доштанд.

​Бахше аз он тасвирҳо ҳамроҳ бо лавҳаю гузоришҳои Муҳиддин дар нашрияҳо чоп шуданд. Зиндаёд М.Олимпур ният дошт, ки ҳамаи он ганҷи бебаҳои таърихиро бо тадриҷ чоп карда, манзури хонандагон ва ҳаводорони ҳунари аккосӣ бигардонад. Коргоҳи эҷодии Муҳиддин Олимпур бо назму тартиби худ аз пуркориву масъулиятшиносӣ, ворастагию озодманишии соҳибаш гувоҳӣ медод...

​Ҷойгоҳу мақом ва манзалату эътибори Муҳиддин Олимпурро ҳамчун хабарнигору аксбардор ва муаррифгари фарҳангу адаби миллати тоҷик соли 1994, дар нахустин сафари худ ба Ҷумҳурии исломии Эрон бештар эҳсос кардам. Он солҳо, ки Тоҷикистон тоза аз шуравӣ ҷудо ва кишваре мустақил шуда буд, барои мардуми дунё, ҳатто ҳамзабонони мо камтар шинохташуда буд. Хабару гузоришҳои радиоии Муҳиддин Олимпур он замон беҳтарин василаи ошноии ҳамзабонони мо дар Эрону Афғонистон бо Тоҷикистон ва мардуми сарбаланди ин сарзамин буданд. Дар фурӯшгоҳу бозорҳо ва дар нақлиёти умумӣ дар Теҳрон аз лаҳни гуфтори мо мефаҳмиданд,ки эронӣ нестем. Вақте мефаҳмиданд, ки тоҷик ҳастем ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон омадаем, аксар фурӯшандагону ронандагони токсӣ ва кормандони меҳмонхонаҳо дарҳол ёди Муҳиддин Олимпурро мекарданд. Барои мо мояи ифтихор буд, ки як ҳамватани моро дар Эрон мешиносанд ва ба ӯ эҳтироми зиёд қоил ҳастанд.

​Пас аз бозгашт аз Эрон паёмҳои гарму самимӣ ва муҳаббатомези эрониёнро ба оқои Муҳиддин (аксар дӯстон аз сари лутфу меҳр ба Муҳиддин Олимпур ҳамин гуна хитоб мекарданд) расондам, ки барояш хушоянду гуворо буд.

​Соле баъд, яъне баҳори 1995 банда дар ҳайати як гурӯҳ дубора ба Эрон сафар кардам. Пеш аз сафар Муҳиддин Олимпур хоҳиш кард то китоби тозанашри ӯ-“Ишқ фарёд кунад...”-ро, ки дар бораи хонандаи машҳури эронӣ Гугуш навишта буд, ба раиси Бунёди Нишопур дар Теҳрон Фаридуни Ҷунайдӣ бибарам. Китоб ба ду хат-сириллик ва форсӣ ва бо тарроҳию аксҳои ҷолиби хонум Гугуш ба нашр расида буд...

​Субҳи рӯзи дувуми сафар, банда тибқи ваъдае, ки ба Муҳиддин Олимпур дода будам, аз меҳмонсарои “Истиқлол”-и Теҳрон ба телефони манзили Фаридуни Ҷунайдӣ занг задам. Шумораи телефонро Муҳиддин дода буд. Танҳо мехостам амонатро ба дасти соҳибаш биспорам. Фаридуни Ҷунайдӣ пас аз шунидани номи Муҳиддин Олимпур хеле шод шуд ва гуфт, ки зуд худро ба меҳмонхона мерасонад.

​Ҳайати мо, ки дар он устодоне монанди Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Низом Қосим, Меҳринисо, Баҳринисо ва бархе аз арбобони илму фарҳанг шомил буданд, баъд аз сарфи субҳона дар тараддуди сафар ба маконҳои таърихии шаҳри Теҳрон буд. Фаридун Ҷунайдӣ тибқи ваъда дар меҳмонсарои “Истиқлол” ҳозир шуд. Ӯ аз дарёфти китоби тозанашри Муҳиддин Олимпур бо соядасти саршор аз меҳру самимияти муаллиф ва хати зебои форсии ӯ хурсанд гашт. Ӯ аз дидор бо устод Лоиқ Шералӣ ва адибони дигари тоҷик ҳам шодӣ мекард. Устод Лоиқ бо дидани дӯсти дерини худ, ҳамроҳи гурӯҳ ба тамошои маконҳои таърихии Теҳрон нарафтанд. Устод баҳона пеш оварданд, ки ду сол қабл ҳангоми дидори Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳури вақти Тоҷикистон аз Эрон, ҳамаи мавзеъҳои дидании Теҳронро тамошо кардаанд...

​Банда ҳам басо шоду сарафроз будам, ки хоҳиши Муҳиддинро иҷро кардам ва бо шарофати ӯ бо шахсияти маъруфи Эрон, Раиси Бунёди Нишопур Фаридуни Ҷунайдӣ ошно шудам. Дар хотир дорам, ки он вақт як пойи оқои Ҷунайдӣ осеб дида ва гаҷбандӣ шуда буд. Ӯ бо асо роҳ мерафт ва пояш мелангид. Китоби Муҳиддин Олимпурро варақ зад ва бо хандаву завқи хос иброз дошт, ки нашри ин китоб хонум Гугушро хушҳол хоҳад кард. Зимнан, бояд ёдовар шавам, ки он солҳо хонум Гугуш дар шимоли Теҳрон иқомат дошт. Ману рӯзноманигор Суҳроби Зиё, ки он солҳо дар дафтари ИРНО дар шаҳри Душанбе кор мекард ва ҳамроҳи мо ба Эрон сафар карда буд, тасмим гирифтем хонум Гугушро бибинем. Дидори мо бо Гугушро яке аз дӯстон мувофиқа карда буд. Суҳроб атласи тоҷикӣ, ман китоби “Ишқ фарёд кунад...”-и Муҳиддин Олимпур ва миқдоре хушкмеваҳои Тоҷикистонро барои хонум Гугуш ҳадя бурда будем.

​Аммо сафар ба Шероз ва Тахти Ҷамшед, ки аз субҳ то нимашаб тӯл кашид, таҳаққуқи ин ормони моро ғайримумкин сохт. Субҳи рӯзи дигар мо тавассути ҳавопаймо ба Душанбе баргаштем... Муҳиддин аз он, ки хоҳишашро ба ҷо оварда ва китоби тозанашри ӯро ба Фаридуни Ҷунайдӣ расонда будам, бисёр хушҳолу сипосгузор буд...

​Банда баъди қатли ғамангези Кароматуллои Қурбон дар сӯги ӯ китобе навиштам ва мехостам онро барои мухлисону ҳаводорони ин шаҳиди роҳи ҳунар чоп кунам. Дар коргоҳи Муҳиддин чанд акси то ҳоло чопнашудаи Кароматуллоро дида будам. Муҳиддин Олимпур лутф кард ва аз бойгонии худ неготиви яке аз аксҳои нодиру зебои Кароматуллои зиндаёдро тақдим кард, ки онро рӯи муқоваи китоби “Ёди ту оташест...” ҷо додем...

Ёди ҳарду шаҳиди халлоқу ҳунарманд гиромӣ бод!...

​Соли 1995 ба ибтикори ВВС ва ҳамкории арзишманди Муҳиддин Олимпур, ҳамчунин Анҷумани “Пайванд” ба роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ овозхони маъруфи эронӣ Саттор ба Тоҷикистон омад ва дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе барномаи бошукуҳи консертӣ иҷро кард.

​Муҷрии барнома Муҳиддин Олимпур, устодони зиндаёд Лоиқ Шералӣ ва Муҳаммад Осимӣ бо лутфи сухан тамошобинонро хушҳол карданд. Пахши паёми савтии шоири бузурги эронӣ Нодири Нодирпур ба барномаи консертӣ шукуҳи дигаре бахшид. Пайдо кардани билет ба консерти Саттор сахт буд, вале бо лутфи Муҳиддин Олимпур банда ҳамроҳи ҳамсарам барномаи ҷолибу дилангези Сатторро дар толори Кохи Борбад тамошо кардем ва аз он лаззати зиёди маънавӣ бардоштем.

​ Рӯзи дигар дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” бароям имкони дидору гуфтугӯ бо Саттор фароҳам шуд. Дар он мулоқот банда шеъри машҳури Нодири Нодирпур “Куҳан диёро”-ро қироат кардам. Саттор аз он истиқбол кард ва гуфт, ки дар барномаи консертии ӯ ин шеър бояд дар ҳошияи паёми савтии устод Нодирпур рӯи саҳна хонда мешуд.

​Устод Осимӣ низ гуфтанд, ки хуб мебуд агар барномаро Ортиқи Қодир гардонандагӣ мекард. Муҳиддин Олимпур эроди устод Осимиро пазируфт ва изҳор дошт, ки ният дорад дар Наврӯзи соле баъд Фарҳоди Дарё, овозхони машҳури Афғонистонро ба Тоҷикистон даъват кунад. Ӯ дар ҳузури устод Осимӣ ва Саттор ваъда дод,ки муҷрии барномаи консертии Фарҳоди Дарё банда хоҳам буд...

​ Афсӯс, ки тири ҷаҳолату разолат ин орзуи накӯ ва нақшаю ормонҳои дигари Муҳиддин Олимпурро ба хоки тира бурд...
Ёди некаш гиромӣ бод!

Ортиқи Қодир,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Дар аксҳо:

1.Муҳиддин Олимпур, Ортиқ Қодир ва Муҳаммад Осимӣ
2.Ҳунарпешаҳои театри ба номи устод Лоҳутӣ: Султонмуроди Бобомурод, Муҳаммадҷон Шодиев, Ортиқи Қодир, Қиёмиддин Ҷақалов (Ёдашон гиромӣ бод!) ва Зулхумор Иброҳимова дар намоиши "Қиёми Лоҳутӣ", ки соли 1987 ба муносибати 100-умин солгарди таваллуди устод Абулқосими Лоҳутӣ рӯи саҳнаи ин театр рафта буд.
3.Ортиқ Қодир бо Носир Ҳасанов (Худо биёмурзад!) дар намоиши "Қиёми Лоҳутӣ"

Аксҳо аз ҷараёни ин намоишро зиндаёд Муҳиддин Олимпур гирифта.

Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии ТоҷикистонОшиқи пешаТо ба саҳнаи аккосӣ омадани Муҳиддин Олимпур чанд суратгири бузу...
07/04/2026

Абдулҳамид Самад,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

Ошиқи пеша

То ба саҳнаи аккосӣ омадани Муҳиддин Олимпур чанд суратгири бузургсолро мешинохтам. Олимҷон Раҷабов дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») бо мо кор мекард. Мансурхон Яҳёев дар рӯзномаи «Маориф ва маданият», Сафарбек Фозилов дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» аксбардор буданд.
Ба назарам роҳу равиши аксбардории онҳо бештар ба иҷрои супориши ҷои корашон вобаста буд. Лекин ҳадафи аксбардории М.Олимпур шеваҳои тоза, ки дошт, вай зуд ба маҳбубияти мухлисон соҳиб шуд. Муҳиддин аслан аз байни шахсиятҳои маъруфи илму адаб, падидаҳои тозаи олами ҳунар ё манзараҳои дилкаши диёр қаҳрамони аксҳояшро интихоб мекарду дар рӯзномаи навтаъсиси «Маданияти Тоҷикистон», сипас «Адабиёт ва санъат» пай дар пай ба чоп мерасонд. Ҳар акси нави ба нашр расондаи М.Олимпур барои бинанда чун асари нав писанд меафтоду таассурот мебахшид.
Ин ҳунар ва маҳоратро ӯ аз куҷо ёфту сайқал дод? Пасон фаҳмидам, ки вай таҳсилкардаи Омӯзишгоҳи рассомии пойтахт ба номи Мирзораҳмат Олимов будааст. Яъне Муҳиддин нозукиҳои касби аккосиро хуб медонистааст. Ӯ дар ин пеша комёбу машҳур шуд. Албатта бо такя ба тарбияи завқу маҳорати касбӣ. Аз руйи ҳамин пеша ба ҳунармандони номвари машриқзамин Гугуш, Аҳмад Зоҳир, Саттор ҳусни ошноӣ пайдо карду ба тарғиби эшон камар баст. Дар ҷодаи суратгирӣ ошиқона, бо азму ҷазм талош варзид. Корҳои дигарро низ кард. Аммо ба назарам заҳмати суратгирии М.Олимпур бо диду шеваҳои тозаву назаррабо ва олами аксҳои бешумораш, ки инсон ё шахсиятҳои номвар, дар ҳунар мумтоз, падида ё манзараи нотакрор мебошанд, ёди ӯро зинда нигоҳ медорад.
6-уми апрели соли 2026

*****

عبدالحمید صمد
نویسندهٔ خلقی تاجیکستان
عاشق پیشه
تا به صحنه عکاسی آمدن محی‌الدین عالم‌پور چند عکاس بزرگسال را می‌شناختم. عالم‌جان رجبف در روزنامه «تاجیکستان سووتی» («جمهوریت») با ما کار می‌کرد. منصورخان یحیی‌یف در روزنامه «معارف و مدنیت»، سفربیک فاضلف در روزنامه «کمسومول تاجیکستان» عکسبردار بودند.
به نظرم راه و روش عکسبرداری آنها بیشتر به اجرای سپارشِ جای کارشان وابسته بود. لیکن هدف عکسبرداری محی الدین عالم‌پور شیوه‌های تازه که داشت، وی زود به محبوبیتِ مخلصان صاحب شد. محی‌الدین اصلًا از بین شخصیت‌های معروف علم و ادب، پدیده‌های تازهٔ عالم هنر یا منظره‌های دلکش دیار قهرمان عکس‌هایش را انتخاب می‌کرد و در روزنامه نوتأسیس «مدنیت تاجیکستان»، سپس «ادبیات و صنعت» پی در پی به چاپ می‌رساند. هر عکس نوبه نشر رساندهٔ محی الدین عالم‌پور برای بیننده چون اثر نو پسند می‌افتاد و تأثرات می‌بخشید.
این هنر و مهارت را او از کجا یافت و صیقل داد؟ پس آن فهمیدم که وی تحصیل‌کردهٔ آموزشگاه رسامی (نقاشی) پایتخت به نام میرزا رحمت عالمف بوده‌است. یعنی محی‌الدین نازکی‌های عکاسی را خوب می‌دانسته‌است. او در این پیشه کامیاب و مشهور شد. البته با تکیه به تربیهٔ ذوق و مهارتِ کسبی. از روی همین پیشه به هنرمندان نامور مشرق‌زمین گوگوش، احمد ظاهر، ستار آشنایی پیدا کرد و به تبلیغ ایشان کمر بست. در جادهٔ صورتگیری (عکاسی) عاشقانه، با عزم و جزم تلاش ورزید. کارهای دیگر را نیز کرد. اما به نظرم زحمت صورتگیری محی الدین عالم‌پور با دید و شیوه‌های تازه و نظرربا و عالم عکس‌های بی‌شمارش که انسان یا شخصیت‌های نامور، در هنر ممتاز، پدیده یا منظرهٔ ناتکرار می‌باشند، یاد اورا زنده نگاه می‌دارد.

۶ آوریل سال ۲۰۲۶

Дар шумораи имрӯзи ҳафтаномаи "Олуча" таҳти унвони "Агар ӯ зинда мебуд..." аз Муҳиддин Олимпур, аксбардору рӯзноманигори...
05/03/2026

Дар шумораи имрӯзи ҳафтаномаи "Олуча" таҳти унвони "Агар ӯ зинда мебуд..." аз Муҳиддин Олимпур, аксбардору рӯзноманигори барҷастаи тоҷик ёд шуда. Нашрия 14 акси ин аксбардори зиндаёдро дар саҳифаи дуюми худ чоп карда.
Ҳарчанд "Олуча" манбаъи ин аксҳоро зикр накарда, онҳоро дар солрӯзи таваллуди Муҳиддин Олимпур дар 2 март, сафҳаи фейсбукии Конуни байналмилалии Олимпур ба нашр расонда буд.

https://www.facebook.com/share/p/1N87XiPkga/?mibextid=wwXIfr

Аз дастандаркорони ҳафтаномаи "Олуча" сипосгузорем.

*****

در شماره امروز هفته نامه "آلوچه" تحت عنوان "اگر او زنده می‌بود..." محی‌الدین عالم پور، عکاس و روزنامه‌نگار برجسته تاجیک یاد شده. نشریه ۱۴ عکس از این عکاس زنده‌یاد را در صفحه دوم خود چاپ کرده است.
هرچند "آلوجه" منبع این عکس‌ها را ذکر نکرده، عکسها را ۲ مارس کانون بین‌المللی عالم پور در سالروز تولد محی‌الدین عالم پور در صفحه فیس‌بوکی خود به نشر رسانده بود.
از دست‌اندرکاران هفته‌نامه آلوجه" سپاسگزاریم.

2 март рӯзи таваллуди Муҳиддини Олимпур, аксбардор ва рӯзноманигори номошнои тоҷик аст. Агар ӯ зинда мебуд, имрӯз 80 сол...
02/03/2026

2 март рӯзи таваллуди Муҳиддини Олимпур, аксбардор ва рӯзноманигори номошнои тоҷик аст. Агар ӯ зинда мебуд, имрӯз 80 сола мешуд. Албатта, ба навиштаи худи Муҳиддини Олимпур солу рӯзи дақиқи ба дунё омадани ӯ 2 марти соли 1945 будааст.

Муҳиддин Олимпур ҳамзамон бо аксбардорию филмбардорӣ, аз оғози даҳаи 90-и қарни гузашта то поёни умраш пиромуни рӯйдодҳо ва таҳаввулоти Тоҷикистон барои родиёи форсии Би-би-сӣ гузоришгарӣ низ мекард.

Шаби 13 декабри соли 1995, замоне ки Тоҷикистон дар оташи ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ месӯхт, Муҳиддин Олимпур дар шаҳри Душанбе аз сӯи афроди мусаллаҳи ношинос кушта шуд...

Муҳиддин Олимпур муаллифи чанд китоб, аз ҷумла «Чаҳорбоғи гулҳо», «Раҳнамои суратгир»(1989), «Гугуш...Ишқ фарёд кунад...» (1995) ва «Тӯшаи чашм» (1990) аст.

Аммо арзишмандтарин меросе, ки аз ӯ ба ёдгор мондааст, аксҳо ва тасвирҳои гирифтаи ӯст. Онҳо бахши муҳиме аз таърихи мусаввари Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Муҳиддин Олимпур аҳли сафар буд. Аз ҷумла, моҳи декабри соли 1991 бо даъвати дафтари ситоди баргузории Кунгураи ҷаҳонии бузургдошти Фирдавсӣ ва тадвини ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳамроҳи ходимони дигари илму фарҳанг ва аҳли адаби тоҷик ба Эрон сафар кард.

Раҳоварди он сафар, баъд аз ду соли кушта шудани М.Олимпур аз сӯи Конуни байналмилалии Олимпур ба шакли китоб даромад. Муҳтавои сафарномаи “Эрон бӯи модар медиҳад” далели гӯёи меҳру муҳаббати бепоёни муаллифи он ба сарзамини ниёконаш-Эрон аст. Дар ин сафар Муҳиддин ба дидори устод Шаҷариён, Фаридуни Ҷунайдӣ, Гугуш расид ва Тӯсу Нишопуру Машҳадро зиёрат кард.

Боқири Муин, раиси пешини бахши форсии Би-би-сӣ дар бораи ин китоби М.Олимпур навишта:

“Ин китоб ривояти ҷони шефтае аст, ки бо сафар ба сарзаминҳои пур рамзу рози Эронзамини фарҳангӣ мекӯшад худро биёбад ва бо диле тапанда дар кунҳ ва жарфои ин сарзамин бӯи модари бостонии хешро биҷӯяд. Гӯйӣ ӯ шоҳине аст баландпарвоз, ки бо тезбинӣ ҳама намодҳои монда аз ин модарро меполад: аз инсонҳо, созаҳо, офаридаҳои ҳунарӣ ва дастовардҳои башарӣ гирифта то дарахтону гиёҳон, чӣ дар Балх бошаду чӣ Бухоро, Тӯс бошад ё Нишопур, Ҳирот бошад ё Машҳад, Душанбе бошад ва ё ҳатто Лос-Анҷелес. Аз нигоҳи ӯ ҳамаи ин намодҳо «пора»-е аз он «ҳама» ё «ҷузъ»-е аз он «кулл» ва аз он симурғи номалмусанд.

«Эрон бӯи модар медиҳад» даричае аст камёб ба нигоҳи нависандае халлоқ ва гузоришгари савтӣ ва тасвирии аҳли Тоҷикистон аз сафараш ба Эрон дар соли 1369 (1990-1991). Ӯ, ки барои ширкат дар ҷашни ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ барои нахустин бор ба Теҳрон рафта, чун дилдодае дуруфтода аз дилдор, дағдағаҳо ва норавоиҳои таърихиро, ки бар эрониёни шарқӣ рафтааст, дар ривояти ҷудоиҳо ва орзу барои пайвандҳо нишон медиҳад...”

Дар рӯзи таваллуди зиндаёд М.Олимпур, аксҳоеро аз сафари 35 соли пеши Муҳиддини Олимпур ба Эрони азиз манзури Шумо мегардонем.

Ёди ин фарзанди фарзона ва ҳунарманди Тоҷикистон гиромӣ ва номаш ҷовид бод!

Поянда бод Эрон!

*****

۲ مارس روز تولد محی الدین عالم پور، عکاس و روزنامه‌نگار نام‌آشنای تاجیک است. اگر او زنده می‌بود، امروز ۸۰ ساله می‌شد. البته، به نوشته خود محی الدین عالم پور سال و روز دقیق به دنیا آمدن او ۲ مارس سال ۱۹۴۵ بوده است.
محی الدین عالم پور همزمان با عکاسی و فلمبرداری، از آغاز دهه ۹۰ قرن گذشته تا پایان عمرش پیرامون رویدادها و تحولات تاجیکستان برای رادیوی فارسی بی‌بی‌سی گزارشگری نیز می‌کرد.

شب ۱۳ دسامبر سال ۱۹۹۵، زمانی که تاجیکستان در آتش جنگ خانمان‌سوز داخلی می‌سوخت، محی الدین عالم پور در شهر دوشنبه از سوی افراد مسلح ناشناس کشته شد…
محی الدین عالم پور مؤلف چند کتاب، از جمله «چهارباغ گل‌ها»، «رهنمای صورتگیر» (۱۹۸۹)، «گوگوش… عشق فریاد کند…» (۱۹۹۵) و «توشه چشم» (۱۹۹۰) است.
اما ارزشمندترین میراثی که از او به یادگار مانده است، عکس‌ها و تصویرهای گرفته اوست. آنها بخش مهمی از تاریخ مصور تاجیکستان محسوب می‌شوند.

محی الدین عالم پور اهل سفر بود. از جمله، ماه دسامبر سال ۱۹۹۱ با دعوت دفتر ستاد برگزاری کنگرهٔ جهانی بزرگداشت فردوسی و تدوین هزارهٔ «شاهنامه» همراه با دیگر چهره های علم و فرهنگ و اهل ادب تاجیک به ایران سفر کرد.

رهاورد این سفر، بعد از دو سال کشته شدن عالم پور، از سوی کانون بین‌المللی به نام او به شکل کتاب درآمد. محتوای سفرنامه «ایران بوی مادر می‌دهد» دلیل گویای مهر و محبت بی‌پایان مؤلف آن به سرزمین نیاکانش ـ ایران ـ است. در این سفر محی الدین به دیدار استاد شجریان، فریدون جنیدی و گوگوش رسید و توس و نیشاپور و مشهد را زیارت کرد.

باقر معین، رئیس پیشین بخش فارسی بی‌بی‌سی دربارهٔ این کتابِ محی الدین عالم پور نوشته است:

"این کتاب روایت جان شیفته‌ای است که با سفر به سرزمین‌های پر رمز و راز ایران زمین فرهنگی می‌کوشد خود را بیابد و با دلی تپنده در کُنهِ این سرزمین بوی مادر باستانی خویش را بجوید. گویی او شاهینی است بلند پرواز که با تیزبینی، همه نمادهای مانده از این مادر را می‌پالد: از انسان‌ها، سازه‌ها، آفریده‌های هنری و دستاوردهای بشری گرفته تا درختان و گیاهان چه در بلخ باشد و چه بخارا، توس باشد یا نیشابور، هرات باشد یا مشهد، دوشنبه باشد و یا حتی لوس انجلس. از نگاه او همه این نمادها "پاره" ای از آن "همه" یا "جزء"ی از آن "کلّ"، و از آن سیمرغ ناملموس اند.

"ایران بوی مادر می دهد" دریچه‌ای است کمیاب به نگاه نویسنده‌ای خلاق و گزارشگر صوتی و تصویری اهل تاجیکستان از سفرش به ایران در سال ۱۳۶۹. او که برای شرکت در جشن هزاره شاهنامه فردوسی برای نخستین بار به تهران رفته، چونان دلداده‌ای دورافتاده از دلدار، دغدغه‌ها و ناروایی‌های تاریخی را که بر ایرانیان شرقی رفته است در روایت جدایی‌ها و آرزو برای پیوندها نشان می‌دهد…”

در روز تولد زنده‌یاد محی الدین عالم پور، عکس‌هایی از سفر ۳۵ سال پیشِ او به ایران عزیز را تقدیم شما می‌کنیم.

یاد این فرزند فرزانه و هنرمند تاجیکستان گرامی و نامش جاوید باد!

پاینده باد ایران!

Дар гузари замон…Зиндаёд Муҳиддин Олимпур бо Қурбони Собир, Ҳунарманди мардумии  Тоҷикистон дар оромгоҳи Хайёми Нишопурӣ...
07/02/2026

Дар гузари замон…

Зиндаёд Муҳиддин Олимпур бо Қурбони Собир, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон дар оромгоҳи Хайёми Нишопурӣ
Пойизи 1990

*****

در گذر زمان…

زنده‌یاد محی‌الدین عالم‌پور با قربان صابر، هنرمند مردمی تاجیکستان، در آرامگاه خیام نیشابوری
پاییز ۱۹۹۰

Муҳиддин Олимпур; Эрон бӯи модар медиҳадБахши охирСоате дар суҳбат бо Ризо Бароҳанӣ
02/01/2026

Муҳиддин Олимпур; Эрон бӯи модар медиҳад

Бахши охир

Соате дар суҳбат бо Ризо Бароҳанӣ

محی الدین عالمپور بخش آخر نام رضا براهنی نویسنده، شاعر و منتقد معروف ایرانی بین علاقه‌مندان ادبیات تاجیک تا اندازه‌ای آشناست. کتاب مشهور او «طلا در مس» یکی از بهتری...

Address

Dushanbe

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Конуни байналмилалии Олимпур/Alempour International Foundation posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share