28/10/2026
ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ БАХШИ ҶАВОНОНИ НОҲИЯИ ЁВОН, МУАССИСАҲОИ ВАРЗИШӢ ВА ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОНИ НОҲИЯ
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Шарифзода Беназир ҳамчун масъули бахши ҷавонони ноҳияи Ёвон бо фаъолияти бахши ҷавонони ноҳия ва муассисаҳои варзишӣ шиносоӣ намуда, ҳамзамон бо ҷавонони ноҳия вохӯрии корӣ баргузор намуд.
Зимни шиносоӣ фаъолияти бахши ҷавонон, раванди татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, иҷрои нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ, дастгирии ташаббусҳои созандаи ҷавонон ва тақвияти нақши онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, зимни боздид аз муассисаҳои варзишии ноҳия ба раванди ташкили машқу тамрин, шароити фароҳамовардашуда барои варзишгарони наврасу ҷавон, фаъолияти мураббиён ва имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди минбаъдаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар идомаи сафар вохӯрӣ бо ҷавонони ноҳия баргузор гардида, зимни он масъалаҳои марбут ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди иқтидори зеҳниву эҷодӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии рушди давлат дар татбиқи ҳадафҳои созанда, таҳкими худшиносии миллӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи иқтидору имкониятҳои онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими самти кор бо ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Боздиди мазкур ва вохӯрӣ бо ҷавонони ноҳия дар заминаи таҳкими ҳамкориҳои соҳавӣ, шиносоӣ бо вазъи фаъолияти сохторҳои марбута ва баррасии масъалаҳои мубрами самти кор бо ҷавонон сурат гирифта, барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда аҳаммияти муҳим дорад.
#ИттифоқиҶавонониТоҷикистон
#ҶавонониЁвон
#СиёсатиДавлатииҶавонон
#ҶавонониТоҷикистон