22/07/2025
Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаҳои маҳаллӣ дар пешгирии тундгароӣ ва ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҷаҳони муосир масъалаи тундгароӣ ва ифротгароӣ аз омилҳои асосии такондиҳандаи терроризм ба яке хатарҳои ҷиддӣ ва фарогир барои амнияти кишвар ва ҷомеаҳои гуногун мебошад. Тоҷикистон низ, ҳамчун як кишвари дорои аҳолии ҷавон, мероси фарҳангиву динӣ ва таърихии ғаниву мураккаб, аз ин таҳдидҳо дар канор намондааст. Дар чунин шароит, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаҳои маҳаллӣ ҳамчун сипари пешгирӣ ва устувории иҷтимоӣ аҳамияти вижа пайдо кардааст.
Дар тӯли солҳои истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи худ ва ҳамзамон дар заминаи тавсияҳои байналмилалӣ, дар самти таҳкими ҳамкории миёни давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаҳои маҳаллӣ иқдомоти зиёдеро роҳандозӣ намудааст. Таъмини амният ва таҳкими суботи ҷомеа танҳо ба воситаи истифодаи қувва ва танзими қонунгузорӣ ба даст намеояд, балки тавассути ҷалби фаъолонаи мардум, фароҳам овардани муҳити эътимод ва тақвияти робитаҳои иҷтимоӣ метавон ба ҳадафҳои дарозмуддат ноил шуд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаҳои маҳаллӣ дар санаду барномаҳои миллӣ ва байналмилалӣ
Баъд аз қабул ва татбиқи аввалин “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва идомаи он дар “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025”, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаҳои маҳаллӣ дар муқовимат ба таҳдидҳои ифротишавӣ расман дар санаду барномаҳои давлатӣ эътироф шуд.
Ин Стратегия, ки аз ҷониби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ ва тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид таҳия шудааст, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳои маҳаллиро ба унвони ҳамкорони асосӣ барои ҳукумати марказӣ мешиносад. Ҳамчунин, дар маҷмӯи тадбирҳои амалии Барномаи миллӣ барои татбиқи Стратегия, бандҳои махсус барои барномаҳои маърифатӣ бо ҷалби фаъолон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа ба муқовимат ва муборизаи идеологӣ тарҳрезӣ шудааст.
Татбиқ ва пешбурди самаронки муқовимат ба ифротгароӣ аз ҳамаи мо тақозо мекунад, ки на танҳо сохторҳои давлатӣ, балки ҳар як узви ҷомеа масъулияти худро дарк кунад ва фаъолона саҳм гузорад.
Баланд бардоштани нақш ва зарфияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолон дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳалҳо
Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар Тоҷикистон тӯли солҳои охир рушд карданд, дар самти баланд бардоштани огоҳии мардум ва пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ корҳои назаррас анҷом медиҳанд. Ташкил кардани курсҳо, тренингҳо, семинарҳои мавзӯӣ ва корҳои тарғиботӣ дар байни ҷавонон, занон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир намунаҳои равшани фаъолияти онҳо аст.
Ҷомеаҳои маҳаллӣ, ки дар шакли кумитаҳои маҳалла, шӯроҳои маҳаллӣ ва гурӯҳҳои ташаббускор фаъолият доранд, бештар бо мушкилоти аслии аҳолӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва дар бисёр мавридҳо нақши аввалро дар огоҳонидани мардум ва бартараф намудани хатари ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ мебозанд.
Маҳаллаҳо ҳамчун муҳити аввалин барои ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва ахлоқӣ метавонанд фарҳанги ҳамбастагӣ ва масъулиятро таҳким бахшанд. Мусаллам аст, ки маҳз ҳамин муҳит ҷавононро аз хавфу хатарҳои ифротишавӣ нигоҳ медорад.
Ҳамкории муассир миёни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ
Мақомоти давлатӣ дар солҳои охир бештар ба зарурати ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаҳои маҳаллӣ диққат медиҳанд. Лоиҳаҳои муштарак, чорабиниҳои маърифатӣ, барномаҳои бозомӯзӣ барои намояндагони гурӯҳҳои осебпазир ва маъракаҳои иттилоотӣ натиҷаҳои мусбат додаанд. Масалан, дар чанд соли охир бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва лоиҳаи Барномаи Рушди СММ «Таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ тавассути иштирок ва пешбурди ҳуқуқҳо дар байни ҷавонзанону ва ҷавонмардони ба ифротгароӣ осебпазир», ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Канада маблағгузорӣ мегардад,» роҳандозӣ гардидааст, ки дар он ҳазорон ҷавонон, фаъолони маҳаллӣ ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Ин раванд нишон медиҳад, ки давлат наметавонад танҳо ба қувва ва назорат такя кунад, балки бояд бо воситаҳои мулоқот, шунидани фикрҳои мардум ва тақвияти эътимод ба давлат фаъолият намояд.
Нақши гурӯҳҳои машваратӣ: пул байни сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд
Гурӯҳҳои машваратӣ яке аз василаҳои навин ва муассир барои таҳкими ҳамкорӣ байни ҳамаи ҷонибҳои дахлдор мебошанд. Ин гурӯҳҳо бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарони маҳаллӣ ва шарикони рушди байналмилалӣ таъсис ёфта, ҳамчун платформаи озоди мубодилаи афкор, таҳлилу баррасии мушкилот ва пешниҳод намудани роҳҳои ҳалли мушаххас хизмат мекунанд.
Фаъолияти чунин гурӯҳҳо дар Тоҷикистон имконият медиҳад, ки барномаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои донорӣ мутобиқ ба эҳтиёҷоти воқеии ҷомеаҳои маҳаллӣ амалӣ гарданд. Ҳамчунин, онҳо дар таҳияи тавсияҳо ба ҳукумат, пешниҳоди ташаббусҳо ва мониторинги татбиқи сиёсати давлатӣ нақши муҳим мебозанд.
Гурӯҳҳои машваратӣ метавонанд ба сифати воситаи рушди фарҳанги ҳамкорӣ ва эътимоди мутақобила амал кунанд. Бо чунин роҳ, ҳам фаъолияти дохилӣ ва ҳам муносибатҳои хориҷии Тоҷикистон дар самти мубориза бо радикализатсия ва ифротгароӣ мустаҳкам мегардад.
Дар хулоса метавон зикр кард, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаҳои маҳаллӣ танҳо ҳамчун нерӯҳои ёрирасони маќомоти давлатї набуда, балки бояд шарикони баробарҳуқуқ дар сохтани ҷомеаи устувор ва амн бошанд.
Мусоидат ба густариши нақши онҳо дар пешгирии тунгароӣ ва ифротишавӣ, тақвияти маърифат ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар эҷоду тақвияти муҳити солим ва муттаҳид аҳамияти калидӣ доранд.
Таҳким бахшидани ин равандҳо, ба вижа дар минтақаҳои наздимарзӣ ва осебпазир, бояд дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гиранд.
Дар ин ҷода тавсияҳо ва пешниҳодҳои зерин ироа мешаванд:
1. Тақвияти барномаҳои маърифатӣ ва омӯзишӣ дар сатҳи маҳаллӣ, бо ҷалби фаъолонаи ҷавонон, омӯзгорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ.
2. Рушди гурӯҳҳои машваратӣ дар ҳама минтақаҳои кишвар, барои фароҳам овардани фазои боз барои мубодилаи фикрҳо ва пешниҳодҳои созанда.
3. Ташкили марказҳои машваратии мобилӣ дар ноҳияҳои дурдаст, то шаҳрвандон дар ҳар ҷо дастрасӣ ба иттилоот ва хизматрасониҳои пешгирикунанда дошта бошанд.
4. Тақвияти робита бо шарикони рушди байналмилалӣ, ҷиҳати дастрасӣ ба таҷрибаҳои пешрафта ва захираҳои методологӣ.
5. Мукаммалсозии заминаи қонунгузорӣ, ки ба фаъолияти созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳои маҳаллӣ барои иштирок дар сиёсати давлатӣ вобаста ба амнияти ҷамъиятӣ мусоидат кунад.
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ «Таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ тавассути иштирок ва пешбурди ҳуқуқҳо дар байни ҷавонзанону ва ҷавонмардони ба ифротгароӣ осебпазир», ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Канада маблағгузорӣ мегардад, омода шудааст.
Send a message to learn more