ХОМА

ХОМА Общественная организация "Хома" - таджикская медиа - организация www.khoma.tj

ОО «Хома» содействует повышению профессионального уровня журналистов, расширяет правовые знания работников СМИ, помогает освоению эффективного управления СМИ и в целом развивает журналистику в Таджикистане. Наша медиа-организация посредством практических тренингов ведёт работу в направлении развития экономической, экологической и социальной журналистики.

Имрӯз Рӯзи матбуоти тоҷик аст! Яъне рӯзи калима, андеша ва виҷдон. Матбуот танҳо хабар нест, он оинаи ҷомеа ва садои ҳақ...
11/03/2026

Имрӯз Рӯзи матбуоти тоҷик аст! Яъне рӯзи калима, андеша ва виҷдон. Матбуот танҳо хабар нест, он оинаи ҷомеа ва садои ҳақиқат аст!
Аҳли қаламро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик мегӯем. Нахустини рӯзномаи форсии тоҷикӣ- «Бухорои шариф» рӯзи 11 марти соли 1912 дар аморати Бухоро ба нашр расида буд, ки метавонем ин санаро оғози расмии матбуоти тоҷик ном барем.
Матбуоти тоҷик дар тӯли беш аз як аср дар ташаккули афкори умум, боло бурдани сатҳи маърифат, ҳифзи ҳувияти миллӣ нақши калидӣ бозидааст.
Вале таъкид бояд кард, ки рушди воқеии матбуот танҳо дар фазои озод, бо кафолати озодии баён, дастрасӣ ба иттилоот ва ҳифзи ҳуқуқи журналистон имконпазир аст. Ҳар қадар муҳити ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ барои фаъолияти ошкоро фароҳам гардад, ҳамон қадар матбуот метавонад рисолати худро беҳтар анҷом диҳад.
Рӯзи матбуоти тоҷик на танҳо ҷашни касбӣ, балки рӯзи андеша кардан дар бораи боло бурдани сатҳи касбият, ахлоқи журналистӣ ва густариши озодиҳои эҷодиву иттилоотӣ бошад.
Бигзор ҳар сухане, ки навишта мешавад, ба равшанӣ, хирад ва бедории ҷомеа хизмат кунад.
Бо эҳтиром,
"Хома"

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар ҳамкорӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 феврали соли равон барои масъулони 2...
11/02/2026

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар ҳамкорӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 феврали соли равон барои масъулони 22 сомонаи судӣ аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ омӯзиши дурӯза таҳти унвони «Фаъолияти самараноки сомонаҳои судӣ: таҳрир ва малакаҳои техникӣ» баргузор намуд.
Қабл аз баргузории омӯзиш «Хома» мониторинги 78 сомонаи судиро анҷом дода, дар асоси натиҷаҳои бадастомада барномаи омӯзиширо таҳия кард.
Дар маросими ифтитоҳи омӯзиш муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод зикр намуданд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир баланд бардоштани сифати иттилооти судӣ, таъмини боэътимод ва саривақтӣ будани он, инчунин осон намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Зимнан, муовини раиси Суди Олӣ омодагии ин ниҳодро барои густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ дар ин самт иброз дошт.
Дар омӯзиш судяи Суди Олии ҶТ Аланазарзода Шароф оид ба заминаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот вобаста ба фаъолияти судҳо ва аҳамияти фаъолгардонии сомонаҳои судӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Мутахассисони ТҶ «Хома» ба иштирокчиён доир ба пойгоҳҳои маъмули идоракунии муҳтаво — WordPress, Bitrix ва Joomla, инчунин оид ба заминаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот, меъёрҳои универсалии пешниҳоди хабар ва сохтори дурусти матни хабарӣ маълумоти муфассал ва тавсияҳои амалӣ пешниҳод намуданд.
Омӯзиши мазкур дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038» бо дастгирии IPHR баргузор гардид.

https://www.youtube.com/watch?v=DCBcZqlVrG8Ин қисса дар бораи писарбачаи ношунаво аст, ки мисли дигар кӯдакон дар мактаб...
29/01/2026

https://www.youtube.com/watch?v=DCBcZqlVrG8
Ин қисса дар бораи писарбачаи ношунаво аст, ки мисли дигар кӯдакон дар мактаб таҳсил мекунад. Мутаассифона, омӯзгор ӯро нодида мегирад ва ҳангоми дарс рӯй мегардонад то ӯ натавонад суханонашро аз ҳаракати лабҳояш фаҳмад.
Аммо ҳамсинфдухтараш бетарафиро ихтиёр намекунад. Духтарак бо ӯ дар як миз менишинаду суханони омӯзгорро мерасонад.
Ин матлаби иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии омӯзгорон ва волидон дар бораи усулҳои муассири муошират бо кӯдакони дорои нуқсони шунавоӣ ва беҳтар кардани сифати таълим муҳим аст.

Ин қисса дар бораи писарбачаи ношунаво аст, ки мисли дигар кӯдакон дар мактаби оддӣ таҳсил мекунад. Мутаассифона, омӯзгор ӯро нодида мегирад ва ҳангоми дарс ...

Писарбачаи танҳое бо як пой дар тасвир...Роҳгузарон ин тасвирро диданд, вале бештарашон як пой надоштани писарчаро қайд ...
06/01/2026

Писарбачаи танҳое бо як пой дар тасвир...
Роҳгузарон ин тасвирро диданд, вале бештарашон як пой надоштани писарчаро қайд намуда, ҳавои абрӣ, муҳити бе обу дарахт ва чеҳраи гирифтаи ин писарро мушоҳида накарданд...
📽Коргардони ҷавон Тахмина (Тамиша) Муминова тасвирро баъд аз пурсишҳо миёни ҷомеа такмил кард.
Ба назари Шумо, чаро аксарият мушкили кӯдакро дарк накарданд?
Фикру мулоҳизаи хешро бинависед.
Матлаб дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038», ки дар ҳамкорӣ бо IPHR амалӣ мешавад, эҷод шудааст.

Писарбачае танҳое бо як пой дар тасвир- ҳама ҳамин манзараро диданд. Ҳавои тираву абрӣ, муҳити бидуни обу дарахт ва чеҳраи гирифтаи ин писарро аксарият мушоҳ...

30/12/2025
https://www.youtube.com/Дӯстон, ба саҳифаи Youtube - и ТҶ "Хома"  (https://www.youtube.com/) ворид шавед ва видеоҳои иҷт...
29/12/2025

https://www.youtube.com/
Дӯстон, ба саҳифаи Youtube - и ТҶ "Хома" (https://www.youtube.com/) ворид шавед ва видеоҳои иҷтимоиро, ки коргардонҳои шинохтаи кишвар эҷод кардаанд, бубинед!🎥
Мавзӯи ҳамаи видеоҳо ҳуқуқи инсон аст.
Дар баробари тамошои ин видеоҳо Шумо ҳамчунин метавонед онҳоро ба дӯстону обуначиёни хеш фиристед, то бештар бобати ҳуқуқҳои худ донанд.

Share your videos with friends, family, and the world

https://www.youtube.com/watch?v=TQRr9yDfEFY"Ба ман имконият деҳ!" - видеои иҷтимоӣ, ки ҳадафаш тағйир додани муносибат б...
29/12/2025

https://www.youtube.com/watch?v=TQRr9yDfEFY
"Ба ман имконият деҳ!" - видеои иҷтимоӣ, ки ҳадафаш тағйир додани муносибат ба ҷавононе, ки аз маҳбас мебароянд ва дар ҷомеа ба мушкилиҳо дучор мешаванд.
Тавассути дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо мо ба ояндаи ҷомеаамон саҳм мегузорем!
Матлабро коргардони ҷавону сермаҳсули тоҷик Азиз Сатторӣ эҷод кардааст.

Филм дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038», ки ТҶ "Хома" бо дастгирии DRL ама...

Аз ноумеди басо умед аст..- филми навбатии иҷтимоӣ чунин ном гирифтааст, ки аз ҳаёти як оилаи маъюб қисса мекунад. Падар...
23/12/2025

Аз ноумеди басо умед аст..- филми навбатии иҷтимоӣ чунин ном гирифтааст, ки аз ҳаёти як оилаи маъюб қисса мекунад. Падару модар бо вуҷуди маҳдудиятҳои ҷисмонӣ бо меҳнату шикебоӣ ва муҳаббат зиндагиро пеш мебаранд ва ягона фарзанди хешро бузург менамоянд. Падар ба кафшдӯзӣ машғул асту модар бошад бо дӯхтани либосҳои занона ризқи худро пайдо мекунад.
Духтарчаи онҳо, ки солиму бардам аст, дар корҳои рӯзмарра ба падару модар кумак мекунад ва ҳамзамон таҳсил менамояд.
Қаҳрамонҳо дар бораи кӯдакӣ, орзуҳо, табъиз, мушкилиҳои иқтисодӣ ва ҳамзамон дар бораи умед, ирода ва интихоби зиндагии мустақилона нақл мекунанд.
Маъюбият маънои нотавониро надорад ва ин филм паёми возеҳест, ки бинандаро ба тағйири муносибат ба маъюбон, эҳтироми ҳуқуқу арзишҳои инсонӣ даъват менамояд.
Филм дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038», ки дар ҳамкорӣ бо IPHR амалӣ мешавад, эҷод шудааст. #ҲуқуқиИнсон #Тоҷикистон #маъюбият

Аз ноумеди басо умед аст…- филми навбатии иҷтимоӣ чунин ном гирифтааст, ки аз ҳаёти як оилаи маъюб қисса мекунад. Падару модар бо вуҷуди маҳдудиятҳои ҷисмон...

Дар кӯҳистони Мастчоҳ, беш аз 300 километр дуртар аз Душанбе, ду бародар — Ансор (11-сола) ва Мубин (7-сола) зиндагии пу...
22/12/2025

Дар кӯҳистони Мастчоҳ, беш аз 300 километр дуртар аз Душанбе, ду бародар — Ансор (11-сола) ва Мубин (7-сола) зиндагии пурмашаққат доранд. Кӯдакӣ барои онҳо на дар синфхона, балки дар чорчӯби хонаи хурди кӯҳӣ мегузарад.
Ансор ва Мубин ба бемории нодири генетикӣ — остеогенези нопурра, ё худ “устухонҳои шишагин” гирифторанд. Ҳар ҳаракати нодуруст метавонад бо шикастани устухон анҷом ёбад. Онҳо ба мактаб намераванд, модар аз тарси ҳодисаи нохӯш онҳоро иҷоза намедиҳад ва дар бораи имкониятҳои таҳсили инклюзивӣ маълумоти кофӣ надорад.
Оила маҷбур аст баъд аз чанд муддат роҳи сахти Душанберо тай кунад, то сӯзандоруҳои махсуси бисфосфонат гиранд, доруҳое, ки устухонҳоро каме қавӣ мегардонад мекунанд. Ин доруҳо гаронанд, бобо кумак мекунад, аммо имкониятҳояш маҳдуданд.
Бо вуҷуди ҳама душвориҳо, Ансор ва Мубин орзу доранд таҳсил кунанд, дӯст пайдо намоянд ва мисли дигар кӯдакон зиндагӣ кунанд.
🎥 Филми мустанади кӯтоҳи “Ансор ва Мубин” қиссае дар бораи мубориза, сабр ва умеде, ки ҳатто дар сахттарин шароит хомӯш намешавад.
Филм дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038», ки ТҶ "Хома" дар ҳамкорӣ бо IPHR амалӣ менамояд, эҷод шудааст.

"Дар баландиҳои Мастчоҳи Тоҷикистон, дар масофаи зиёда аз 300 километр аз Душанбе, ду бародар – Ансор (11-сола) ва Мубин (7-сола) зиндагии пур аз мушкилотро ...

https://www.youtube.com/watch?v=uvQgHzldtogБахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсонҲимоят ва пуштибонӣ аз орзуҳои кӯда...
16/12/2025

https://www.youtube.com/watch?v=uvQgHzldtog
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон

Ҳимоят ва пуштибонӣ аз орзуҳои кӯдакон, ҳуқуқҳои онҳо, кӯмак дар кашфу рушди истеъдодашон аз муҳимтарин рисолати волидайн, омӯзгорон ва тамоми ҷомеа ба шумор меравад. Кӯдаке, ки аз ҷониби калонсолон орзуҳояш дастгирӣ мешаванд, эҷодкору масъулиятшинос ба воя мерасад.
Қиссаи тасвирии коргардони шинохтаи филмҳои аниматсионӣ Бахтиёр Қаҳҳоров "Умед. Ҳуқуқ ба орзу кардан", маҳз ҳамин маъниро ба таври зинда ва илҳомбахш бозгӯ мекунад — нақле дар бораи орзу, боварӣ ва неруе, ки метавонад роҳи ояндаи кӯдакро равшан созад.
Филми тасвирӣ дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038», ки дар ҳамкорӣ бо IPHR амалӣ мешавад, эҷод шудааст.

Ҳимояту дастгирии орзуҳои кӯдакон ва кумак дар кашф ва рушди истеъдоди онҳо яке аз муҳимтарин вазифаҳои волидайн, омӯзгорон ва ҷомеа аст.Вақте кӯдак дарк мек...

Address

Улица Академика Адҳамова 11
Dushanbe
734003

Opening Hours

Monday 09:00 - 17:00
Tuesday 09:00 - 17:00
Wednesday 09:00 - 17:00
Thursday 09:00 - 17:00
Friday 09:00 - 17:00

Telephone

+992372273478

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when ХОМА posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Organization

Send a message to ХОМА:

Share