Tajikistan National Olympic Committee

Call Directions Contact the organization

Tajikistan National Olympic Committee Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

ГУСЕЛИ ҲАЙАТИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН БА БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН — DAKAR 2026Дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикисто...
19/10/2026

ГУСЕЛИ ҲАЙАТИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН БА БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН — DAKAR 2026

Дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими гусели ҳайати варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии наврасон — Dakar 2026 баргузор гардид.

Дар маросими мазкур Абдуллозода Муҳамадшо — котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Бояд зикр намуд, ки Бозиҳои олимпии наврасон — Dakar 2026 аз 31 октябр то 13 ноябри соли 2026 дар шаҳри Дакар, пойтахти Ҷумҳурии Сенегал, баргузор мегарданд.

Зимни маросими гусел ба ҳайати варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои дарпешистода барору муваффақият, иродаи қавӣ ва натиҷаҳои назаррас таманно карда шуд.

Варзишгарони ҷавони Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфуз имкон доранд, ки маҳорати баланди варзишии худро нишон дода, шарафи варзишии кишварро ҳимоя намоянд.

Ба ҳайати олимпии наврасони Тоҷикистон барору комёбӣ ва пирӯзиҳои нав орзумандем!

01/10/2026
01/10/2026

🇹🇯 Абубакр Шеров имрӯз новобаста аз осеб барои Тоҷикистон медали биринҷии Бозиҳои Осиёиро соҳиб шуд 🤼

01/10/2026

🇹🇯🥉 Абубакр Шеров (-81 кг) барандаи нишони биринҷии Бозиҳои Осиёӣ -2026 🤼

🥉🇹🇯 Муҳиддин Асадуллоев дар Бозиҳои Осиёӣ медали биринҷӣ гирифт 🤼Паҳлавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) дар Бозиҳо...
01/10/2026

🥉🇹🇯 Муҳиддин Асадуллоев дар Бозиҳои Осиёӣ медали биринҷӣ гирифт 🤼

Паҳлавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) дар Бозиҳои Осиёӣ -2026 ба гирифтани медали биринҷӣ ноил шуд.

Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Муҳиддин бар намояндаи Муғулистон - Энхдул Лхaмаа зафар ёфт 👏

Табрикоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бахшида...
27/06/2026

Табрикоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Даҳсолаи байналмилалӣ барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”

Ҳамватанони азиз!
Ҷавонону варзишгарони саодатманди кишвар!

Бо камоли эҳтиром ва ифтихори ватандорӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин, муқаддастарин ва сарнавиштсозтарин санаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон самимона табрику таҳният менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун рамзи сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ ва пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳолату низоъ аҳамияти бузурги сиёсиву таърихӣ дорад. Ин рӯзи муборак таҷассумгари иродаи матини миллати тоҷик, фарҳанги таҳаммулпазирӣ, хиради азалии миллат ва саҳифаи нави эҳёи давлатдории миллӣ мебошад.
Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик на танҳо як санаи таърихӣ, балки неъмати бебаҳо, дастоварди бузурги сиёсӣ ва асоси пойдории давлату миллат маҳсуб меёбад. Маҳз тавассути сулҳу ваҳдат Тоҷикистон тавонист пояҳои давлатдории навини худро таҳким бахшида, барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳим ва зиндагии шоистаи мардум заминаи мусоид фароҳам оварад.
Мо бо ҳисси баланди ифтихор таъкид менамоем, ки маҳз бо сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ, ҷасорати сиёсӣ ва талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар мамлакат барқарор гардида, хатари парокандагии миллат ва аз байн рафтани давлатдории тоҷикон пешгирӣ карда шуд.
Пешвои муаззами миллат ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон тавонистанд миллати парешонгардидаро сарҷамъ намуда, эътимоди мардумро ба ояндаи давлат барқарор созанд ва барои бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи воқеӣ гузоранд. Имрӯз натиҷаи ҳамин сиёсати созанда ва бунёдкорона аст, ки Тоҷикистон дар фазои орому осуда зиндагӣ намуда, бо қадамҳои устувор ба сӯи рушду пешрафт ҳаракат мекунад.
Боиси сарфарозӣ ва ифтихори бузург аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои глобалӣ аз роҳи муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ эътироф гардидааст. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои вобаста ба обу иқлим, ҷавонон, амният ва таҳкими сулҳ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дастгирӣ ёфта, обрӯву нуфузи байналмилалии кишвари моро боз ҳам таҳким мебахшанд.
Дар ин замина, қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Даҳсолаи байналмилалӣ барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, рӯйдоди муҳими таърихӣ ва нишонаи возеҳи эътирофи нақши Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Ин ташаббуси арзишманд бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳофар ва ҷонибдори таҳкими ҳамгироии башарият дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ саҳми муассир мегузорад. Қатъномаи мазкур барои таҳкими фарҳанги сулҳ, тарғиби арзишҳои инсондӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ миёни наслҳои оянда аҳамияти бузург дошта, ҷавонони ҷаҳонро ба ҳамгироӣ, дӯстиву рафоқат ва ҳифзи сулҳу субот раҳнамун месозад.

Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат қарор дошта, таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Пешвои миллат барои онҳо тамоми шароити мусоиди таҳсил, илмомузӣ, фаъолияти эҷодӣ, соҳибкасбӣ, варзишӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа фароҳам оварда шудааст.
Ҷавонон ва варзишгарони кишвар бо дарки амиқи масъулияти ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллат имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолияти назаррас дошта, дар пешрафти иқтисоду иҷтимоиёт, рушди илму фарҳанг, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Мо ифтихор менамоем, ки ҷавонону варзишгарони тоҷик имрӯз дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд бардошта, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд мебардоранд.
Ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати ҷавонпарварона ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати вазъи сиёсии ҷаҳон ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, муқовимат ба ифротгароӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст, махсусан ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Мо бояд ҳамеша шукронаи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро намуда, барои ҳифзу таҳкими ин неъматҳои бузург саъю талош намоем. Зеро маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот асоси пойдории давлат, рушди иқтисод, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Итминони комил дорам, ки ҷавонону варзишгарони сарбаланди кишвар ҳамчун пайравони Пешвои муаззами миллат минбаъд низ бо ҳисси баланди ватандӯстиву худшиносӣ, иродаи қавӣ ва садоқат ба давлату миллат дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус ҷавонону варзишгарони кишвар, пеш аз ҳама саломатии бардавом, саодати рӯзгор, рӯҳияи шикастнопазир, иродаи мустаҳкам ва дар роҳи хизмат ба Ватани азиз муваффақияту комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.
Бигзор сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромиву осоиштагӣ дар Тоҷикистони азизи мо ҷовидона пойдор бошад!

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод!

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИРаиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби ваколатдори  Президент...
23/06/2026

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби ваколатдори Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии олимпӣ

Ҳамватанони азиз!
Варзишгарони муҳтарам!
Мураббиён, собиқадорони соҳаи варзиш ва ҷавонони
сарбаланди кишвар!

Бо эҳсоси баланди ифтихор ва масъулият ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии олимпӣ, ки ҳамасола 23 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, иродаи матин ва комёбиҳои беназир дар фаъолияти касбӣ ва варзишӣ орзу менамоям.
Рӯзи байналмилалии олимпӣ яке аз санаҳои муҳими тақвими ҷаҳонии варзиш буда, рамзи дӯстӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва ҳамбастагии халқҳо маҳсуб меёбад. Ин рӯз ба ифтихори таъсиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ 23 июни соли 1894 ва эҳёи ҳаракати олимпии муосир бо ташаббуси мутафаккир ва маорифпарвари барҷастаи фаронсавӣ Пйер де Кубертен таҷлил карда мешавад.
Аз соли 1948 инҷониб Рӯзи байналмилалии олимпӣ ҳамчун ҷашни умумиҷаҳонии варзиш, тандурустӣ ва тарзи ҳаёти солим дар саросари ҷаҳон таҷлил гардида, мардумро ба арзишҳои волои олимпӣ, дӯстӣ, эҳтиром ва камолот раҳнамоӣ мекунад.
Ҳаракати олимпӣ дар тӯли зиёда аз як аср ба яке аз неруҳои пурқудрати муттаҳидкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Агар нахустин Бозиҳои олимпии муосир соли 1896 дар шаҳри Афина бо иштироки ҳамагӣ 241 варзишгар аз 14 давлат баргузор гардида бошад, имрӯз Бозиҳои олимпӣ бузургтарин майдони рақобати солим, ҳамгироӣ ва муаррифии миллатҳо ба ҳисоб меравад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳаракати олимпӣ аҳамияти махсус дорад. Варзиш ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии давлат таҳти таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои рушди он тамоми шароит ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда мешаванд.
Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат имрӯз соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон табдил ёфтааст. Дар ин радиф саҳми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди инфрасохтори варзишӣ, бунёди майдончаҳо ва маҷмааҳои муосири варзишӣ, ташкили мусобиқоти сатҳи баланд ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ҷавонону варзишгарон басо назаррас мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар мамлакат 135 муассисаи варзишӣ ва 64 федератсияи варзишӣ фаъолият доранд, ки барои омода намудани варзишгарони касбӣ, рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла намудҳои олимпӣ ва ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Самараи чунин ғамхорӣ ва дастгириҳо дар дастовардҳои байналмилалии варзишгарони тоҷик равшан инъикос меёбад. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳаракати олимпии ҷаҳонӣ ҳамроҳ гардида, аз соли 1996 ҳамчун давлати мустақил дар Бозиҳои олимпӣ иштирок менамояд.
То имрӯз варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ соҳиби 7 медал, аз ҷумла 1 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ гардидаанд, ки ҳар яке саҳифаи дурахшони таърихи варзиши миллӣ ва мояи ифтихори мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дастоварди таърихии қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров ва муваффақиятҳои дигари варзишгарони кишвар исбот намуданд, ки ҷавонони тоҷик дорои иродаи қавӣ, маҳорати баланд ва қобилияти рақобат дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд.
Боиси сарфарозист, ки варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 низ натиҷаҳои назаррас нишон дода, якбора соҳиби 3 медали олимпӣ гардиданд. Ин дастоварди арзишманд бори дигар собит намуд, ки мактаби варзиши тоҷик дар роҳи рушду пешрафт қарор дошта, барои ба даст овардани натиҷаҳои боз ҳам баландтар имкониятҳои фаровон дорад.
Арзишҳои олимпӣ имрӯз бо ҳадафҳои сиёсати давлатии ҷавонон ҳамоҳангии комил доранд. Варзиш на танҳо василаи таҳкими саломатии инсон, балки мактаби бузурги тарбияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, таҳаммулгароӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа имрӯз дар баробари омӯзиши донишҳои муосир ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, бо иштироки фаъолонаи худ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар баланд бардоштани нуфузу обрӯи Тоҷикистон саҳми арзишманд мегузоранд.

Хушбахтона, имсол таҷлили Рӯзи байналмилалии олимпӣ ба арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омадааст. Ин ҳамоҳангии рамзӣ моро ба он ҳидоят мекунад, ки арзишҳои олимпӣ ва дастовардҳои Ваҳдати миллӣ ҳар ду бар пояҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтироми мутақобила устувор мебошанд.
Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ, ки бо ҷоннисориҳо ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор қарор дошта, барои ҷавонон ва варзишгарон имкониятҳои бесобиқа фароҳам овардааст.
Тавре Пешвои миллат таъкид менамоянд, варзиш яке аз воситаҳои муҳимтарини таҳкими саломатии ҷомеа, тарбияи насли солим ва муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки барои рушди бештари соҳа, тарбияи варзишгарони сатҳи байналмилалӣ ва густариши фарҳанги варзиш дар ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорем.
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми варзишгарон, мураббиён, омӯзгорони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, кормандони соҳаи варзиш, собиқадорон ва дӯстдорони варзишро ба муносибати Рӯзи байналмилалии олимпӣ самимона муборакбод гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ, неруи созанда, иродаи шикастнопазир ва дастовардҳои боз ҳам бузургтар орзу менамоям.
Бигзор рӯҳи олимпӣ ҳамеша дар қалби ҷавонони тоҷик шуълафрӯз бошад, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландтарин майдонҳои варзишии ҷаҳон парафшон гардад, варзишгарони мо қуллаҳои нави олимпиро фатҳ намоянд ва Тоҷикистони азизи мо ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ҷавонпарвар ва варзишдӯст беш аз пеш дар арсаи байналмилалӣ обрӯву нуфуз пайдо кунад.

Рӯзи байналмилалии олимпӣ муборак бод!

Address

Ayni 24
Dushanbe
734025

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00

Telephone

+992933131083

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Tajikistan National Olympic Committee posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Organization

Send a message to Tajikistan National Olympic Committee:

Shortcuts

Share