05/05/2026
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мизи мудаввари минтақавии ТШСИ дар Ҷумҳурии Арманистон иштирок намуд
Рӯзҳои 28–29 апрели соли 2026 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон мизи мудаввари минтақавӣ оид ба масъалаҳои таҳкими шаффофият ва идоракунии самаранок дар бахши истихроҷ баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи барномаи минтақавии «CLEAR Осиёи Марказӣ» бо дастгирии Ҳукумати Британияи Кабир ташкил карда шуд.
Дар кори мизи мудаввар намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Муғулистон ва Арманистон, инчунин намояндагони Котиботи байналмилалии Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) иштирок намуданд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Арманистон дар чорабинӣ намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Вазорати муҳити зист, Вазорати иқтисод, сохторҳои масъул дар самти идоракунии захираҳои табиӣ, инчунин Котиботи миллии ТШСИ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни чорабинии дурӯза масъалаҳои калидии татбиқи Стандарти ТШСИ соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, аз ҷумла шаффофияти шартномаҳо ва иҷозатномаҳо, ошкорсозии маълумот оид ба соҳибони воқеӣ (бенефисиарӣ), баланд бардоштани сифат ва дастрасии маълумот, инчунин ҷанбаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ (ESG) дар бахши истихроҷ.
Ҳамзамон, таҷрибаи Ҷумҳурии Арманистон дар самти такмили заминаи ҳуқуқию институтсионалӣ, ҷорӣ намудани низомҳои рақамисозии маълумот ва таҳкими нақши гурӯҳҳои бисёрҷонибаи манфиатдор муаррифӣ гардид.
Дар ҷамбасти чорабинӣ иштирокчиён самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаро муайян намуда, пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати баланд бардоштани шаффофият, таҳкими ҳисоботдиҳӣ ва такмили идоракунии бахши истихроҷ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ баён намуданд.
Чорабинии мазкур инчунин ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва мубодилаи таҷриба байни кишварҳо мусоидат намуда, барои татбиқи самараноки ТШСИ заминаи мусоид фароҳам овард.
---------------------------------
Делегация Таджикистана приняла участие в региональном круглом столе ИПДО в Армении
28–29 апреля 2026 года в г. Ереван (Республика Армения) состоялся региональный круглый стол, посвящённый вопросам укрепления прозрачности и эффективного управления в добывающем секторе. Мероприятие было организовано в рамках региональной программы «CLEAR Центральная Азия» при поддержке Правительства Великобритании.
В работе круглого стола приняли участие представители Таджикистана, Казахстана, Кыргызстана, Узбекистана, Монголии и Армении, а также Международного секретариата ИПДО.
С армянской стороны в мероприятии участвовали представители профильных государственных органов, включая Министерство окружающей среды, Министерство экономики, структуры, ответственные за управление природными ресурсами, а также Национальный секретариат ИПДО.
В ходе двухдневного мероприятия участники обсудили ключевые вопросы внедрения Стандарта ИПДО 2023 года, включая прозрачность контрактов и лицензий, раскрытие информации о бенефициарных владельцах, повышение качества и доступности данных, а также экологические и социальные аспекты (ESG) в добывающем секторе.
Особое внимание было уделено практическому опыту Армении, включая развитие институциональных механизмов, цифровизацию данных и укрепление роли многосторонних групп заинтересованных сторон.
По итогам круглого стола участники определили приоритетные направления дальнейшей работы, направленные на повышение прозрачности, усиление подотчетности и совершенствование управления добывающим сектором на национальном и региональном уровнях.
Мероприятие также способствовало укреплению регионального сотрудничества и обмену опытом между странами, что является важным фактором эффективной реализации ИПДО.