Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон созмони миллии баша The RCST keeps its independence of the governmental bodies.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) - созмони миллии башардӯстона мебошад, ки фаъолияташ ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии тамоми ниёзмандон равона шудааст.

ҶҲАТ аз соли 1927 инҷониб, бо доштани таҷрибаи хуби корӣ дар амалигардонии барномаҳои башардӯстона ва иҷтимоӣ дар кишвар, аз ҷониби шарикон эътироф гардида, ҳамчун, ташкилоти миллии устувор ва дорои шабакаи васеъи волонтёрон, бахшҳ

ову ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҳамкории устувор бо ҷомеаи маҳаллӣ эътибори ба худ хос пайдо намудааст.

Иқтидори феълии ҶҲАТ (охири соли 2020) аз 69 бахш, 1048 ташкилоти ибтидоӣ, 7200 узв ва 8000 волонтёр иборат аст. ҶҲАТ вазифаи асосии худро дар рушди ҷомеа тавассути ҷалби волонтёрон ва амалигардонии лоиҳаҳои хурд бо саҳми ҷомеаҳо мувофиқи барномаҳо мебинад.

***

The Red Crescent Society of Tajikistan (RCST) is a membership-based, self-governing, non-commercial, public association established on the initiative of citizens voluntary joined on the basis of common interests, in pursuing the development and practical realization of the ideas of humanism and by compassion. It acts as an auxiliary to the national government by rendering assistance to the relevant central and local authorities in the humanitarian field, thus contributing to the social protection of citizens. The RCST is officially recognized by the Government of the Republic of Tajikistan as a voluntary Society auxiliary in the humanitarian services of its Government in accordance with the Geneva Conventions and as the only Red Crescent Society acting through its local branches and primary organizations throughout the whole territory of the Republic of Tajikistan. The Governmental bodies always respect the RCST adherence to the Fundamental Principles. The RCST has an emblem – a heraldic picture of the Red Crescent on the white background with its sharp ends looking to the right of the one who faces it. A way and procedure of use of the emblem and name of the Red Crescent is established by the Law of the Republic of Tajikistan “On the use and protection of emblems and names of the Red Cross and Red Crescent in the RT” adopted by the Majlisi Oli (The Parliament) of the Republic of Tajikistan from 12.05.2001.

🇹🇯🤝🇰🇬 Иштироки волонтёрон ва корманди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Лагери тобистонаи волонтёрон 2026Боиси ифтих...
20/08/2026

🇹🇯🤝🇰🇬 Иштироки волонтёрон ва корманди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Лагери тобистонаи волонтёрон 2026
Боиси ифтихор аст, ки волонтёрон ва корманди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Лагери тобистонаи волонтёрон 2026, ки рӯзҳои 10–14 августи соли 2026 дар Жылуу-Суу, Иссиқкӯл, Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Лагер барои иштирокчиён имконияти хуби омӯзиш, рушди малакаҳои роҳбарӣ, кори даставӣ, табодули таҷриба ва шиносоӣ бо дигар волонтёрону ҷавонони фаъол фароҳам овард.
Дар доираи барнома иштирокчиён дар сессияҳо ва фаъолиятҳои гуногун оид ба миссияи башардӯстона, фаъолияти Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, солимии равонӣ ва дастгирии равонӣ-иҷтимоӣ, тағйирёбии иқлим, роҳбарии ҷавонон ва таҳияи лоиҳаҳо иштирок намуданд.
Чунин барномаҳо барои баланд бардоштани иқтидори волонтёрон, рушди роҳбарии ҷавонон ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ аҳамияти муҳим доранд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қирғизистон, ташкилкунандагон, тренерон ва ҳамаи иштирокчиён барои ташкили ин лагери пурмазмун ва фароҳам овардани имконияти омӯзишу табодули таҷриба изҳори сипос менамояд. ❤️
Якҷоя барои рушди волонтёрӣ, ҷавонон ва фаъолияти башардӯстона! 🤝
#ҲилолиАҳмариТоҷикистон #Волонтёрон #Ҷавонон #ЛагериВолонтёрон2026 #Волонтёрӣ #РоҳбарииҶавонон #ФаъолиятиБашардӯстона #ҲамкорииМинтақавӣ #ОсиёиМарказӣ #Иссиқкӯл

Мулоқоти роҳбарияти намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон бо роҳбарияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ...
12/08/2026

Мулоқоти роҳбарияти намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон бо роҳбарияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

11 августи соли 2026 дар Дастгоҳи иҷроияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) мулоқоти Пйер-Эмманюэл Дюкруэ, роҳбари Намояндагии КБСС дар Тоҷикистон бо Қурбониён Баҳодур Бобоҷон, Котиби генералии ҶҲАТ баргузор гардид.

Дар ин мулоқот роҳбарони кунунӣ ва нави Намояндагии КБСС дар Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо аҳамияти идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории наздикро дар масъалаҳои башардӯстона таъкид карданд.

КБСС аз роҳбарияти ҶҲАТ барои ҳамкории хуби мутақобилан судманд изҳори сипос намуда, омодагии хешро барои идомаи ҳамкориҳои боэътимод оид ба масъалаҳои башардӯстона тасдиқ намуд.

Котиби генералии ҶҲАТ аз Пьер-Эммануэл Дюкрю, роҳбари кунунии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои фаъолияташ дар давраи роҳбариаш изҳори сипос намуда, ба роҳбари навтаъйиншудаи Намояндагии КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродҷон Солиев дар фаъолияти ӯ дар ин вазифа муваффақиятҳо орзу кард.

Дар хотимаи мулоқот аз номи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар дар густариши ҳамкориҳои байни КБСС ва ҶҲАТ ба Пьер-Эммануэл Дюкрю сипосномаи ҶҲАТ тақдим карда шуд.

Баргузории вохурии муштараки банақшагирии барномаҳое, ки аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дастгирӣ меёбанд   ...
31/07/2026

Баргузории вохурии муштараки банақшагирии барномаҳое, ки аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дастгирӣ меёбанд
30-31 июли соли 2026 дар толори меҳмонхонаи “Атлас”-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) вохурии банақшагирии барномаҳое, ки бо дастгирии КБСС маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) амалӣ мегарданд, баргузор гардид.
Чорабинӣ бо баромади мухтасари роҳбарияти КБСС, ҶҲАТ ва намояндаи Федератсияи байналмилалии ҷамъитяҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳусни оғоз гардида, сипас масъулони барномаҳо аз ҷониби ҶҲАТ ва КБСС дар бораи фаъолияти худ дар давоми 7 моҳи моли 2026, нақшаҳо дар давоми соли 2026 ва соли 2027 баромад намуданд.
Дар чорабинӣ ба ғайр аз масъулони барномаҳо, инчунин роҳбарияти баъзу аз филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
***********************************************************************
Conducting a joint planning meeting for the ICRC supporting programs
On July 30-31, 2026, in Atlas hotel of Dushanbe, the International Committee of the Red Cross (ICRC) had conducted a planning meeting for programs funded by the and implemented by the Red Crescent Society of Tajikistan (RCST).
The event was opened with a brief speech by the management of the ICRC, RCST and the representative of International Federations of the Red Cross and Red Crescent Societies, then program coordinators from the RCST and ICRC made a brief presentations on their activities for 7 months of 2026, plans for 2026 and 2027.
Besides, the program coordinators, the event was also attended by some branch managers of the RCST.

Баргузории ҷаласаҳои оинномавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон22 июли соли 2026 дар Дастгоҳи иҷроияи марказии Ҷамъият...
22/07/2026

Баргузории ҷаласаҳои оинномавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

22 июли соли 2026 дар Дастгоҳи иҷроияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷаласаҳои оинномавии ҶҲАТ бо иштироки аъзоён ва кормандони Ҷамъият баргузор гардид.
Дар аввал Анҷумани XXVIII-уми ғайринавбатии ҶҲАТ бо роҳбарии Қурбонов Саид Сафарович, президенти ҶҲАТ оғоз гардид, ки дар он тибқи овоздиҳии шифоҳӣ Саодат Азимзода, муовини директори Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор, муовини Президенти ҶҲАТ интихоб гардид.
Сипас, Конференсияи марказии ҶҲАТ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
- Баррасии ҳисоботи ҶҲАТ оид ба натиҷаи фаъолияти Ҷамъият дар нимсолаи аввали соли 2026;
- Баррасии натиҷаи мониторинги шуъбаи рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии Дастгоҳи иҷроияи марказии ҶҲАТ доир ба фаъолияти филиалҳои ҶҲАТ;
- Баррасии масъалаи ба фурӯш баровардани воситаҳои нақлиёти хизматии корношоям ва таъмирталаб, мавод ва таҷҳизотҳои ҶҲАТ;
- Баррасии масъалаи филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Рашт.
Зимни суханрониаш Қурбониён Б., Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бахусус қайд намуд, ки дар давоми нимсолаи аввали соли 2026 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Марказии ҶҲАТ ва сохторҳои зертобеи он корҳои назаррасе ба анҷом расиданд ва ҳамчунин якқатор кумакҳои башардустона ба мардуми ниёзманди Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуданд.
Ҳамаи масъалаҳои рӯзнома аз ҷониби аъзоёни Конференсияи марказии ҶҲАТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 22 июли соли 2026

Вохурии муовини котиби генералии ҶҲАТ ва сардори намояндагии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли ...
21/07/2026

Вохурии муовини котиби генералии ҶҲАТ ва сардори намояндагии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Осиёи миёна дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Тақвияти иқтидори институтсионалӣ барои омодагӣ ба вокуниши самаранок ба офатҳои табиӣ ва бӯҳронҳо дар Осиёи Марказӣ” дар Тоҷикистон бо маблағгузории “DG ECHO HIP”

This week, the Tajikistan Red Crescent Society hosted a DG ECHO delegation to review how ECHO-supported projects are imp...
19/07/2026

This week, the Tajikistan Red Crescent Society hosted a DG ECHO delegation to review how ECHO-supported projects are implemented. We also held constructive discussions with partners on priority areas to further strengthen our future collaboration and maximize humanitarian impact.

Иштирок дар Семинари машваратии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба Созишномаи минтақавӣ оид ба вокуниши байналмилалӣ ба офа...
13/07/2026

Иштирок дар Семинари машваратии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба Созишномаи минтақавӣ оид ба вокуниши байналмилалӣ ба офатҳои табиӣ

Рӯзи 8 июли соли 2026, намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон – Шуҳрат Баҳриддинзода (Сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулода) ва Исмоил Садуллозода (Ҳуқуқшинос оид ба ҳолатҳои фавқулода) – дар Семинари машваратии минтақавӣ, ки дар Алмаато, Қазоқистон баргузор гардид, ширкат намуданд. Ин чорабинӣ аз ҷониби Маркази ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ (CESDRR) ва Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶССваҲА) дар зери лоиҳаи (HIP) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ташкил карда шуд.
Дар семинар мақомоти ҳолатҳои фавқулода, ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмар ва дигар созмонҳои байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ омада, Лоиҳаи Созишномаи минтақавӣ оид ба вокуниши байналмилалӣ ба офатҳои табиӣ ва таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ барои вокуниши гуманитарӣ дар заминаи CESDRR-ро баррасӣ карданд. Ин ташаббусҳо барои таҳкими омодагии ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии амалиётӣ ҳангоми офатҳои фаросарамарзӣ дар минтақа равона гардидаанд.
Иштироки фаъоли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон талошҳои онро барои сохтани низоми устувор ва ҳамоҳангсози бештари вокуниши гуманирӣ дар Осиёи Марказӣ тасдиқ мекунад.
***********************************************************************
Participation in Central Asian Regional Consultative Workshop on Regional Agreement on International Disaster Response

On July 8, 2026, representatives of the Red Crescent Society of Tajikistan (RCST), Shuhrat Bahriddinzoda (Head of the Disaster Management Department) and Ismoil Sadullozoda (Disaster Law Officer), participated in the Regional Consultative Workshop in Almaty, Kazakhstan. The event was co-organized by the Centre for Emergency Situations and Disaster Risk Reduction (CESDRR) and the International Federation of Red Cross and Red Crescent Societies (IFRC) under HIP Project funded by European Union.
The workshop brought together emergency authorities, Red Crescent National Societies, and other international organizations from Central Asian countries to discuss the draft Regional Agreement on International Disaster Response and the proposed establishment of a Regional Coordination Centre for Humanitarian Response based at CESDRR. These initiatives aim to strengthen legal preparedness and operational coordination for cross-border disasters in the region.
RCST's active participation reaffirms its commitment to building a more resilient and coordinated humanitarian response framework in Central Asia.

Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ташкил ва баргузории дурусти озмунҳои тендерӣ»Имрӯз дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон с...
10/07/2026

Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ташкил ва баргузории дурусти озмунҳои тендерӣ»
Имрӯз дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ташкил ва баргузории дурусти озмунҳои тендерӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мутахассисон, мураббиёни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин кормандони соҳаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва истифодаи маблағҳои буҷетӣ иштирок намуданд.
Семинарро яке аз мутахасисони варзидаи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, Фируз Нурализода, номзади илмҳои иқтисодӣ, мушовир оид ба масъалаҳои харид дар лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ роҳбарӣ намуда, ба иштирокчиён оид ба меъёрҳои муосири хариди давлатӣ, тартиби омода ва баргузор намудани озмунҳои тендерӣ, усулҳои арзёбии пешниҳодҳо, таъмини рақобати солим ва шаффофият дар харидҳо маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Зимни семинар масъалаҳои амалии татбиқи қонунгузории хариди давлатӣ, таҷрибаи ташкилотҳои байналмилалӣ ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён ба мавзӯъҳои матраҳшуда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар муҳокимаҳои озод оид ба масъалаҳои мубрами соҳа фаъолона иштирок карданд.
***********************************************************************
Workshop on "Organization and proper conducting of tender procedures"
Today, the Red Crescent Society of Tajikistan (RCST) organized workshop on "Organization and proper conducting of tender procedures".
The event aimed to strengthen the knowledge and practical skills of staff involved in procurement and project implementation, while promoting transparency, accountability, and efficiency in procurement processes.
The workshop brought together RCST specialists, national and international trainers, as well as staff responsible for implementing investment projects and managing budget-funded activities.
The workshop was facilitated by Firuz Nuralizoda one of the leading national and international specialists, candidate of economic sciences, advisor on procurement issues in the project to improve public finance management. During the session, participants gained in-depth knowledge of modern public procurement principles, tender planning and management, bid evaluation methodologies, and internationally recognized practices for ensuring fair competition, transparency, and value for money.
The workshop also addressed the practical application of public procurement legislation, international best practices, and approaches to enhancing the effective and efficient use of public and donor-funded resources. Particular attention was given to strengthening institutional capacity and ensuring compliance with procurement standards.
Participants actively engaged in discussions, exchanged professional experiences, and explored practical solutions to current procurement challenges, reaffirming RCST’s commitment to continuous capacity development and the promotion of transparent, accountable, and effective procurement practices.

Тақдими воситаи нақлиёт аз ҷониби КБСС ба ҶҲАТ10 июли соли 2026 дар Дастгоҳи иҷроияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷ...
10/07/2026

Тақдими воситаи нақлиёт аз ҷониби КБСС ба ҶҲАТ
10 июли соли 2026 дар Дастгоҳи иҷроияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) маросими расмии тақдими автомашинаи Land Cruiser, ки аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) ба ҶҲАТ тақдим гардида буд, баргузор гардид.
Дар маросими тақдим роҳбари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон ва Котиби генералии ҶҲАТ ва кормандони ҶҲАТ ва КБСС иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки КБСС яке аз шарикони калидии ҶҲАТ ба ҳисоб рафта, тули солҳост, ки байни ин ду ташкилот ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманд ба роҳ монда шудааст.
***********************************************************************
Handover of the vehicle by the ICRC to the RCST
On July 10, 2026, the official ceremony of handing over a Land Cruiser vehicle, donated to Red Crescent Society of Tajikistan (RCST) by the International Committee of the Red Cross (ICRC), was held at the Headquarter of the Red Crescent Society of Tajikistan.
The handover ceremony was attended by the head of the ICRC mission in Tajikistan, the Secretary General of the RCST and RCST and ICRC staff.
It should be noted that the ICRC is one of the key partners of the RCST, and for many years, extensive and mutually beneficial cooperation has been established between the two organizations.

Мизи мудаввар оид ба татбиқи  Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июли соли 2026 дар ...
07/07/2026

Мизи мудаввар оид ба татбиқи Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 июли соли 2026 дар толори меҳмонхона Румии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) Мизи мудаввар оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ (ҲББ) дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ, вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияи миллии илмҳо, ҶҲАТ ва КБСС штирок намуданд.
Мизи мудаввар аз ҷониби намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти ҶҲАТ ва КБСС ҳусни оғоз гардид.
Дар чорабинӣ дар бораи мавзуъҳои гуногуни ҲББ, таъсиси мушовирони ҳуқуқӣ дар қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, иқдомҳое, ки дар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ ба онҳо пешбинӣ шуданд ва татбиқи онҳо дар қонунгузории ҶТ, ҳуқуқи асирони ҳарбӣ ба иртиботот, фаъолияти ҶҲАТ дар самти ҲББ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромадҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа доир гардиданд.
*****************************************************************
Conducting Round Table on implementation of international humanitarian law in the legislation of the Republic of Tajikistan
On July 7, 2026, in the hall of the Rumi hotel in Dushanbe, Red Crescent Society of Tajikistan (RCST) with the support of the International Committee of the Red Cross (ICRC) organized a round table on the implementation of international humanitarian Law (IHL) in the legislation of the Republic of Tajikistan.
The event was attended by representatives of the Executive Office of the President of the Republic of Tajikistan, the parliament, relevant ministries and state agencies of the Republic of Tajikistan, the National Academy of Sciences, RCST and the ICRC mission in Tajikistan.
The round table was opened by the representative of the Executive Office of the President of the Republic of Tajikistan, the leadership of the RCST and the ICRC.
The event featured presentations by the experts in the field on various topics related to the IHL the establishment of legal advisors in the armed forces of the Republic of Tajikistan, the measures provided for in the norms of international humanitarian law in the Geneva Conventions, additional Protocols and their implementation into the legislation of the Republic of Tajikistan, the right of prisoners of war to communications, the activities of the RCST in the field of IHL, and the Law of the Republic of Tajikistan “On the use and protection of the Emblems and names of the Red Cross and Red Crescent in the Republic of Tajikistan”.

Address

120, Umar Khayam Street
Dushanbe
734017

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00

Telephone

+992372240374

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Organization

Send a message to Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон:

Shortcuts

Share