Клуб молодых предпринимателей

Клуб молодых предпринимателей ГУП "Клуб молодых предпринимателей" Комитета по делам ?

За дополнительной информацией вы можете обращаться:
Директор: 901-905-919

Дни приёма кандидатов на членство в КМП: Вт., и Чтв., с 14.00 по 16.00.

Санаи 12 марти соли 2021, дар доираи дастгириҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
12/03/2021

Санаи 12 марти соли 2021, дар доираи дастгириҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори КВД "Клуби соҳибкорони ҷавон" - и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МД "Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон" дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Форуми соҳибкорӣ дар мавзӯи "Асосҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷорат миёни ҷавонон" доир гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, менеджери рушди маҳалӣ МД "Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон" Ҳайдаров Ҳоҷиакбар, директори КВД "Клуби соҳибкорони ҷавон" Қурбонов Фируз, соҳибкорони ҷавон ва ҷавонони майл ба фаъолияти соҳибкоридоштаи шаҳри Ҳисор иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, дар форум дар робита ба тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, пешниҳоди идеяҳои созанда ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ, мафҳуми франшизма дар фаъолияти соҳибкорӣ, ва вазъи соҳибкорони ҷавон дар шаҳри Ҳисор маърузаҳо пешниҳоди иштирокчиён гардид. Ҳамзамон аз ҷониби намояндаи МД "Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон" вобаста ба имкониятҳо ва грантҳое, ки аз ҷониби муассиса роҳандозӣ гардидааст, презентатсия пешниҳод гардид. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён саволҳо ва пешниҳод гардида, мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Санаи 11 марти соли 2021, дар доираи дастгириҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
11/03/2021

Санаи 11 марти соли 2021, дар доираи дастгириҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори КВД "Клуби соҳибкорони ҷавон" - и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МД "Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон" дар толори Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода мизи мудаввар дар мавзӯи "Соҳибкорӣ миёни ҷавонон, асосҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва мафҳуми стартапер" вобаста ба рушди маьрифатнокии иқтисодии соҳибкорони ҷавони шаҳри Турсунзода доир гардид.
Дар мизи мудаввари мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, менеджери рушди маҳалӣ МД "Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон" Ҳайдаров Ҳоҷиакбар, директори КВД "Клуби соҳибкорони ҷавон" Қурбонов Фируз, соҳибкорони ҷавон ва ҷавонони майл ба фаъолияти соҳибкоридоштаи шаҳри Турсунзода иштирок намуданд.
Дар мизи мудаввар дар робита ба тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин бо мақсади вусъат додани соҳибкорӣ байни ҷавонон, беҳтар намудани вазъи бахши хусусӣ, пешниҳоди идеяҳои созанда ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ маърузаҳо пешниҳоди иштирокчиён гардид. Ҳамзамон аз ҷониби намояндаи МД "Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон" вобаста ба имкониятҳо ва грантҳое, ки аз ҷониби муассиса роҳандозӣ гардидааст, презентатсия пешниҳод гардид. Дар фарҷоми мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён саволҳо ва пешниҳод гардида, мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

11 марта 2021 года, в рамках поддержки Комитета по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан по инициативе ГУП "Клуба молодых предпринимателей" в сотрудничестве с Государственном учреждением "Бизнес инкубатором" в зале Центральной библиотеки города Турсунзаде состоялся круглый стол на тему "Предпринимательство среди молодежи, основы предпринимательской деятельности".
На круглом столе были представлены доклады относительно предпринимаемых мер правительства страны по поддержке предпринимательской деятельности, а также расширения предпринимательства среди молодежи, улучшения состояния частного сектора, представления созидательных идей и правильного налаживания предпринимательской деятельности. Также со стороны представителя ГУ "Бизнес инкубатор в Таджикистане" были представлены презентации относительно возможностей и грантов, реализуемых учреждением. По окончании круглого стола участниками были заданы вопросы и обменялись мнениями.

25/02/2021
Санаи 25 феврали соли 2021, бо мақсади дастгирии давлатии ҷавонон дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Китобхонаи мил...
25/02/2021

Санаи 25 феврали соли 2021, бо мақсади дастгирии давлатии ҷавонон дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Дастгирии давлатии ҷавонон дар фаъолияти соҳибкорӣ" бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ доир гардид.
Ҳамзамон, дар Форуми мазкур ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ, ки қаблан аз ҷониби Кумита тавассути ВАО ва сомонаҳои расмӣ эълон гардида буд, муайян ва бо дипломҳо ва маблағҳои ҳавасмандӣ ба ғолибони озмун аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло супорида шуд.

Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон25 феврали соли 2021              ш. ДушанбеТолори Китобхонаи ми...
23/02/2021

Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

25 феврали соли 2021 ш. Душанбе

Толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Address

Улица Тахмос 377
Dushanbe
734001

Opening Hours

Monday 09:00 - 18:00
Tuesday 09:00 - 18:00
Wednesday 09:00 - 18:00
Thursday 09:00 - 18:00
Friday 09:00 - 18:00
Saturday 09:00 - 18:00

Telephone

+992901905919

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Клуб молодых предпринимателей posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Organization

Send a message to Клуб молодых предпринимателей:

Share