26/01/2026
🇹🇯 Гурӯҳи кории ФФТ инчунин аз идораи марказии ҶСК «Бонки Эсхата» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дидан намуда, бо раиси раёсати бонк Акмалҷон Сайфиддинов мулоқот доир намуд.
🔹 Дар ҷараёни вохӯрӣ дастовардҳои бошгоҳи футболи «Эсхата», аз ҷумла баромадани даста ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2025 таъкид карда шуд. Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон саҳми ҶСК «Бонки Эсхата»-ро дар рушди устувори тими футболи шаҳри Хуҷанд назаррас хонда, дастгирии мунтазам, фароҳам овардани шароити зарурӣ ва саҳми назарраси бонкро дар рушди футбол дар вилояти Суғд таъкид кард.
🏟 Истифодаи варзишгоҳи хонагии бошгоҳ дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон низ баррасӣ гардид.
⚽ Ғайр аз ин, роҳбарияти бонк аз қарори Кумитаи иҷроияи ФФТ огоҳ карда шуд, ки тибқи он аз соли 2027 бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон бояд дастаи футболи занона дошта бошанд. Тавсия дода шуд, ки ин талабот ҳамчун озмоиш аз соли 2026 ба роҳ монда шавад. Роҳбарияти ҶСК «Бонки Эсхата» омодагии худро барои дастгирии дастаи занона аз мавсими ояндаи футбол тасдиқ кард.
⚽ ⚽ ⚽
🇹🇯 Также рабочая группа ФФТ посетила головной офис ОАО «Банк Эсхата» в городе Худжанд, где состоялась встреча с председателем правления банка Акмалджоном Сайфиддиновым.
🔹 В ходе встречи были отмечены спортивные достижения футбольного клуба «Эсхата», в том числе выход команды в финал Кубка Таджикистана-2025. Руководство Федерации футбола Таджикистана высоко оценило вклад ОАО «Банк Эсхата» в стабильное развитие худжандского клуба, подчеркнув системную поддержку команды, создание необходимых условий для её успешного выступления и значимый вклад банка в развитие футбола в Согдийской области.
🏟 Также был рассмотрен вопрос использования домашнего стадиона клуба в новом сезоне чемпионата Таджикистана.
⚽ Кроме того, руководство банка было проинформировано о решении Исполкома ФФТ, согласно которому с 2027 года клубы высшей лиги Таджикистана обязаны иметь женскую футбольную команду. В качестве пилотного проекта внедрение данного требования рекомендовано уже с 2026 года. Руководство ОАО «Банк Эсхата» подтвердило готовность оказать поддержку женской команде, начиная со следующего футбольного сезона.
#ФФТ #ЛФТ #ЛигаиФутболиТочикистон #ЛигаиОли #Сугд