22/07/2026
Ба роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии «Обшорон» Аквапарк "обшорон
Роҳбарияти Филиали Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба Шумо барои ҳамкории судманд, дастгирии пайваста ва саҳми арзандаатон дар татбиқи иқдомҳои инсондӯстона изҳори сипосу миннатдории самимӣ менамояд.
Бо дастгирӣ ва ғамхории Шумо барои 100 нафар аъзои филиал, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбияти биноӣ ва наздикони онҳо, шароити мусоиди истироҳати бофароғат ва солим дар Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии «Обшорон»» фароҳам оварда шуд, ки ин амал барои баланд бардоштани рӯҳия, беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва таҳкими эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба онҳо аҳаммияти бузург дорад.
Ин иқдоми хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Шумо нишонаи эҳтиром ба арзишҳои волои инсонӣ буда, дар хотири аъзои ташкилот ҳамчун намунаи неки саховатмандӣ ва меҳрубонӣ боқӣ хоҳад монд.
Ба Шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, файзу баракат ва комёбиҳои рӯзафзунро дар фаъолияти пурмасъулиятатон орзумандем.