Национальная Ассоциация Школ Социальной работы Таджикистана,

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Национальная Ассоциация Школ Социальной работы Таджикистана,

Национальная Ассоциация Школ Социальной работы Таджикистана, Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Национальная Ассоциация Школ Социальной работы Таджикистана,, Non-Governmental Organization (NGO), адрес: Улица Айни 56, г. Душанбе, Республика Таджикистан, Dushanbe.

15/01/2026

Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» 9207-TAJ (EF) бо маблағгузории Бонки Рушди Осиё
ОЗМУНИ КУШОД БАРОИ ИНТИХОБИ КОРШИНОС

барои арзёбии самаранокӣ ва минбаъда беҳтар кардани курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ бо тамаркуз ба хатмкардагони барномаҳои таълимии Марказҳои рушди малакаҳои (МРМ) шаҳрҳои Душанбе, Данғара ва Роғунро эълон менамояд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур пешниҳоди хидматҳои зерин дар назар аст:
• Таҳияи Саволномаи пурсиш дар заминаи Методологияи Cedefop МОТ-ЕФО ;
• Иштирок дар омузиши мусоҳибон оид ба пурсиш;
• Таҳияи маводи аналитикии натиҷаҳои пурсиш;
• Таҳияи пешниҳодҳо барои беҳтар кардани курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ;
• Муаррифии натиҷаҳои тадқиқот дар Мизи мудаввар.
Талабот ба коршинос:
• Доштани таҷрибаи кофӣ барои гузарондани тадқиқотҳои таҳлилию аналитикӣ;
• Доштани таҷриба барои гузарондани таҳлилҳо бо истифодаи Методологияи Cedefop МОТ-ЕФО;
• Таҷрибаи на кам аз 5 солаи фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаи идораи таҳсилоти касбӣ;
• Доштани таҳсилоти олии касбӣ.

Барои иштирок дар озмун хуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан зарур аст:
• Шарҳи ҳоли мухтасар (CV);
• Номаи ҳавасмандии иштирок дар озмун бо нишондоди арзиши хизматрасонӣ;
• Сертификат/дипломи тасдиқкунандаи дорои маҳорати гузаронидани арзёбиҳо.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: 29 январи соли 2026, то соати 16.00

Ҳуҷҷатҳо бояд тавассути почтаи электронии зерин пешниҳод карда шаванд: [email protected]
Телефон барои маълумот: (+992 98) 999 66 13

Таваҷҷуҳ намоед! Ҳуҷҷатҳое, ки ба шартҳои озмун ихтилоф доранд, мукаммал нестанд ё дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод нашудаанд, баррасӣ намешаванд.

24/12/2025

Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» 9207-TAJ (EF) бо маблағгузории Бонки Рушди Осиё
ОЗМУНИ КУШОД БАРОИ ИНТИХОБИ КОРШИНОС
барои арзёбии самаранокӣ ва беҳтар кардани минбаъдаи курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ бо тамаркуз ба хатмкардагони барномаҳои таълимии Марказҳои рушди малакаҳои (МРМ) шаҳрҳои Душанбе, Данғара ва Роғунро эълон менамояд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур пешниҳоди хидматҳои зерин дар назар аст:
• Таҳлили вазъи имрузаи заминаҳои додаҳои се МРМ дар шаҳрҳои Душабе, Данғара ва Роғун.
• Таҳияи Саволномаи пурсиш дар заминаи Методологияи Cedefop МОТ-ЕФО ;
• Таҳияи шакли электронии Саволномаи пурсиш.
• Таҳияи китоби кодҳо.
• Омузиши мусоҳибон оид ба пурсиш.
Талабот ба коршинос:
• Доштани таҷрибаи кофӣ барои гузарондани таҳқиқотҳои таҳлилӣ;
• Доштани таҷриба барои гузарондани таҳлилҳо бо истифодаи Методологияи Cedefop МОТ-ЕФО;
• Доштани таҳсилоти олии касбӣ.
Барои иштирок дар озмун хуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан зарур аст:
• Шарҳи ҳоли мухтасар (CV);
• Номаи ҳавасмандии иштирок дар озмун бо нишондоди арзиши хизматрасонӣ;
• Сертификат/дипломи тасдиқкунандаи дорои маҳорати гузаронидани арзёбиҳо.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: 30 декабри соли 2025, то соати 16.00
Ҳуҷҷатҳо бояд тавассути почтаи электронии зерин пешниҳод карда шаванд: [email protected]
Телефон барои маълумот: (+992 98) 999 66 13

Таваҷҷуҳ намоед! Ҳуҷҷатҳое, ки ба шартҳои озмун ихтилоф доранд, мукаммал нестанд ё дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод нашудаанд, баррасӣ намешаванд.
_____________________

СУПОРИШИ ТЕХНИКӢ
барои хизматрасонӣ дар доираи татбиқи Қарордод миёни Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон ва лоиҳаи 9207-TAJ (EF) «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»-и Бонки Рушди Осиё (БРО) аз 12.11.2025, № CS18
Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” (SEEP), ки аз ҷониби Бонки Рушди Осиё (БРО) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, барои амалӣ кардани ҳадафҳои мушаххаси Стратегияи миллии рушд барои соли 2030 дар робита ба густариши шуғли самаранок бо тамаркуз ба беҳтар кардани малакаҳо барои шуғли ҷавонон, занон ва қувваи кории муҳоҷирон равона шудааст. Он низоми таълими калонсолонро тавассути татбиқи Таълими Асосёфта ба Салоҳият (ТАС) дастгирӣ мекунад. Бо истифода аз принсипҳои ТАС, лоиҳа курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиширо дар соҳаҳои мушаххаси касбӣ барои ҷӯяндагони кор таҳия ва амалӣ намуд. Лоиҳа аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Яке аз натиҷаҳои интизории лоиҳа "Афзоиши дастрасӣ ва аҳамияти хидматрасонии давлатии шуғл" мебошад. Барои ноил шудан ба ин, дар шаҳрҳои Душанбе, Данғара ва Роғун се Маркази муосири Рушди Малакаҳо (МРМ) таъсис ва муҷаҳҳаз карда шудаанд, ки мутаносибан ба бахшҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ ва энергетикаи иқтисодиёти кишвар нигаронида шудаанд.
Барои мусоидат ба шуғл, ин се МРМ курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисосро аз рӯи ихтисосҳои мушаххас мекунанд. Барномаҳои модулии таълимӣ (аз ҷониби коршиносони миллӣ бо истифода аз равиши ТАС таҳия шудаанд. Ин курсҳо инчунин модулҳоро оид ба рушди малакаҳои нарм дар бар мегиранд.
Барои арзёбии самаранокӣ ва беҳтар кардани минбаъдаи ин барномаҳои таълимӣ, лоиҳаи SEEP гузаронидани Тадқиқоти Пайгирии Муштариён (ТПМ) – ро бо тамаркуз ба хатмкардагони барномаҳои таълимии ин се МРМ ба нақша гирифта буд.
Дар асоси натиҷаҳои тендери кушода, ин таҳқиқот ба дӯши Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон, ки минбаъд Ассотсиатсия номида мешавад, гузошта шуд.
Мухтасар оид ба лоиҳаи GIZ 18.2145.3-001.00 «Беҳтар намудани вазъи шуғл ва даромади муҳоҷирони кории тоҷик дар Тоҷикистон»
Дар доираи Супориши Техникии мазкур пешниҳоди хидматҳои зерин дар назар аст:
1. Таҳлили вазъи имрузаи заминаҳои додаҳои се МРМ дар шаҳрҳои Душабе, Данғара ва Роғун.
2. Таҳияи Саволномаи пурсиш дар заминаи Методологияи Cedefop МОТ-ЕФО ;
3. Таҳияи шакли электронии Саволномаи пурсиш.
4. Таҳияи китоби кодҳо.
5. Омузиши мусоҳибон оид ба пурсиш

Социальная работа как инструмент мира и безопасности4–5 ноября 2025 года в Душанбе прошёл двухдневный тренинг «Социальна...
10/11/2025

Социальная работа как инструмент мира и безопасности

4–5 ноября 2025 года в Душанбе прошёл двухдневный тренинг «Социальная работа с женщинами и детьми, оказавшимися в трудных жизненных ситуациях», организованный при поддержке Национальной Ассоциации школ социальной работы Таджикистана (АШСОРТ).
Мероприятие собрало практикующих социальных работников, оказывающих помощь самым уязвимым слоям населения — женщинам и детям, пережившим насилие, дискриминацию и другие формы социальной изоляции.
Программа обучения включала изучение национальных и международных гендерно- правовых основ, в том числе Резолюции 1325 Совета Безопасности ООН “Женщины, мир и безопасность”, а также практические мастер-классы по кейс-менеджменту, психосоциальной поддержке и внедрению гендерно-чувствительных подходов в социальную работу.
Особое внимание в ходе тренинга было уделено эмоциональному благополучию самих социальных работников. Участницы прошли сессии арт- и музыкотерапии, направленные на восстановление внутреннего ресурса и профилактику профессионального выгорания.
В Таджикистане большинство социальных работников — женщины, ежедневно сталкивающиеся с историями неравенства и насилия, что естественно влияет на психоэмоциональное состояние самих социальных работниц. Поддержка их психологического состояния это необходимое условие эффективности социальной работы и один из инструментов реализации принципов Резолюции 1325, подчёркивающей важность участия и благополучия женщин как ключевого фактора мира и безопасности.

Почему эта тема важна для Таджикистана?

Таджикистан сегодня сталкивается с целым рядом социальных вызовов — от экономической нестабильности и трудовой миграции до последствий насилия и неравенства. В этих условиях именно социальные работники становятся ключевыми посредниками между государством и обществом, помогая семьям восстановить устойчивость, почувствовать безопасность и обрести надежду в лучшее будущее.
Реализация принципов Резолюции 1325 означает не только расширение участия женщин в миротворческих и управленческих процессах, но и укрепление системы социальной защиты, в которой специалисты умеют:
• выявлять и предотвращать гендерное насилие;
• оказывать квалифицированную и безопасную поддержку пострадавшим;
• работать с травмой и повышать устойчивость семей;
• продвигать равенство и социальную справедливость.

В конечном счёте, развитие человеческого потенциала — это и есть путь к миру, равенству и социальной устойчивости. Подобные инициативы не только способствует повышению квалификации специалистов, но и развитию профессиональных стандартов и сетевого взаимодействия, что критически важно для устойчивости системы социальной защиты в Таджикистане.
Развитие потенциала социальных работников — это вклад в реализацию Повестки дня ООН «Женщины, мир и безопасность», а также шаг к построению более справедливого и безопасного будущего, где каждая женщина и каждый ребёнок могут чувствовать себя защищёнными.

Ташкилоти ҷамъиятии «Зумрад» дар доираи лоиҳаи «Мактаби ҳайёт» бо маблағгузории Филиали Ассотсиатсияи Каритаси Олмон дар...
23/08/2025

Ташкилоти ҷамъиятии «Зумрад» дар доираи лоиҳаи «Мактаби ҳайёт» бо маблағгузории Филиали Ассотсиатсияи Каритаси Олмон дар Тоҷикистон

Тендер
барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои таъмини Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав бо ҷиҳози хона ва техникаи маишӣ эълон менамояд.

Талаботи асосӣ барои иштирокчиёни тендер.
• Пешниҳоди ҷадвали иҷроиши кор бо нишондоди марҳилаҳо ва муҳлати он;
• Пешниҳоди маълумоти муфассал доир ба фаъолияти худ, таҷрибаи фаъолият дар соҳаи марбут;
• Номгӯ ва кишвари истеҳсолкунандаи маҳсулот;
• Пешниҳоди иҷозатномаи расмӣ доир ба фаъолият;
• Таъмини кафолат ба маъсулоти пешниҳодгардида;
• Бурда расондан ва васл намудани ҷиҳозҳо / таҷҳизотҳо ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав.

Талабот ба пешниҳодҳои тиҷоратӣ
• Нишон додани суроғаи пурраи (телефон, почтаи электронӣ) ҳуқуқии иштирокчии тендер;
• Нишон додани нархи дархост бо асъори миллӣ;
• Нишон додани нархи ҳар маҳсулоти овардашуда;
• Нишон додани кафолат ба маҳсулоти пешниҳодгардида;
• Пешниҳоди иқтибос аз феҳристи андозсупоранда;
• Пешниҳоди дархост бо нархнома бо тасдиқи имзо ва муҳр;
• Пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии ширкат / соҳибкори инфиродӣ.

Маълумоти иловагӣ
• Тамоми саволҳоро дар намуди хаттӣ ба почтаи электронии [email protected] пешниҳод карда шавад;
• Пешниҳодкунандагон мутобиқи самти фаъолияти худ ба лотҳои овардашуда дархост пешниҳод карда метавонанд;
• Тамоми хароҷотҳое, ки дар давраи омода кардани пешниҳоди тендер ба миён меояд, аз ҷониби пешниҳодкунанда пардохт карда мешавад;
• Натиҷаи тендер ба тариқи почтаи электронӣ хабардор карда мешаванд.

Пешниҳоди дархост
Дархост то 1 сентябри соли 2025 то соати 17.00 (бо вақти Душанбе) дар дафтари Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, к. С. Айнӣ 56, ошёнаи 2 қабул карда мешавад.
Пешниҳоди тиҷоратӣ дар лифофаи басташуда бо ишораи «Тендер барои ҷиҳози хона ва техникаи маишӣ» пешкаш карда шавад.

Номгуи ҷиҳози хона ва техникаи маишӣ:

Таҳсили хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав дар маркази омӯзишии “Илм Сити”. Да...
13/06/2025

Таҳсили хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав дар маркази омӯзишии “Илм Сити”.

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи лоиҳаи “Мактаби ҳаёт“, ки бо дастгириии молиявии Каритаси Олмон сурат мегирад ва аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Зумрад” амалӣ мешавад, таҳсили иловагӣ барои хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав дар маркази омӯзишии “Илм Сити” баргузор карда шуд. Барномаи таҳсили иловагӣ дар расондани кӯмак ба хонандагон дар ташаккули малакаҳои иловагии нарм, дониш ва таҳкими дониш аз фанҳои математика ва омӯзиши забони англисӣ равона шудааст.
Ҳадафи барнома фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ, ки ба ҳамгироии хонандагони мактаб-интернат ба ҷомеа равона шуда, омезиши таълими академӣ ва дарсҳои амалӣ, ки ба рушди сифатҳои шахсӣ ва малакаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудаанд.
Барнома бо мақсаде тарҳрезӣ шудааст, ки хонандагони на танҳо дониш омӯзанд, балки иҷтимоӣ гарданд ва малакаҳои муоширати онҳо таҳким ёфта, ҳисси дастгирии якгигар ва ҳамдигарфаҳмӣ дар заминаҳои ҷомеаи иҷтимоӣ рушд ёбанд.
Курсҳои математика ва забони англисӣ, ки курсҳои ҳатмӣ буданд, дар давоми чор моҳ, аз феврал то майи соли 2025 доир гардиданд, ки дар он 10 нафар хонандагони мактаб-интернат таҳсил карданд. Дар баробари омузиши фанҳо, бо максади пурзур намудани интегратсияи хонандагони мактаб-интернат бо дигар хамсолонашон шароитҳои мусоиде фароҳам оварда шуд, ки онҳо дар маҳфилҳои мухталифи тамошои филмҳои бадеии иҷтимоӣ иштирок варзида бо мутахассисони муҳокимаҳо оростанд. Инчунин, имконоти иштирок дар маҳфилҳои дигаре, ба монанди бозиҳои рӯимизӣ, рассомӣ, омӯзиши биология ва ғайраҳо гузаронда шуданд. Дар баробари омӯзгорон, инчунин равоншиносон, аниматорон, кормандони кори иҷтимоӣ корбарӣ карданд.
Дар ҷамбасти курс ба ҳонандагон шаҳодатнома дар авзои тантанавӣ супорида шуданд.
Лоиҳаи “Мактаби ҳаёт” аз июни соли 2024 то майи соли 2026 амалӣ шуда, дар мусоидат ба хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав дар иҷтимоигардонӣ ва ҳамгироӣ ба ҷомеа тавассути расонидани машваратҳои ҳуқуқӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ, гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ оид ба ташаккули малакаҳои зарурии касбии хонандагон, ки ба рушди шахсият нигаронида шудааст, равона шудааст.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо Манучеҳр Камолиддинов, ҳамоҳангсози лоиҳа тавассути почтаи электронии [email protected] дар тамос шавед.

Баргузории фестивали “Интихоби касби дустдоштаи ман”.16 майи соли 2025 дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ят...
13/06/2025

Баргузории фестивали “Интихоби касби дустдоштаи ман”.

16 майи соли 2025 дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав дар доираи лоиҳаи “Мактаби ҳаёт“, ки бо дастгириии молиявии Каритаси Олмон сурат мегирад ва аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Зумрад” амалӣ мешавад, фестивал дар мавзуи “Интихоби касби дӯстдоштаи ман” бо иштироки хонандагон, омӯзгорон, мураббиёни муассисаи таълимӣ ва инчунин, намояндагони муассисаҳои олии шаҳри Душанбе, ташкилотҳои хайрхоҳ, марказҳои омӯзишӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ баргузор гардид.
Ҳадафи чорабинӣ - фароҳам овардани шароит барои интихоби бошууронаи касб, ташаккули шавку хавас ба касбҳои мухталиф ва доштани донишу малакаҳои зарурии хонандагон мебошад.
Дар фестивал доир ба дастрас намудани иттилоот ба хонандагон дар бораи касбҳои гуногуни дар бозори меҳнат ва малакаю донишҳои ба он зарурӣ, баргузор намудани вохӯриҳо бо намояндагони касбҳои гуногун ва муҳокимаи нозукиҳои хоси касбҳо, баргузор намудани омӯзишҳои маҳорат ва ҷаласаҳои интерактивӣ барои санҷидани истеъдоди худ дар амал, эҷоди ҳавасмандкунӣ барои худтакмилдиҳӣ, фароҳам овардани имкониятҳо баҳри ноил шудан ба муваффақият дар касби интихобкарда, эҷоди шабакаи дастгирии кӯдакон баҳри иҷтимоигардонии онҳо ва пайдо кардани мақоми худ дар ҷомеа баромаду вохӯриҳо баргузор гардианд.
Аз ҷониби хонандагон маҳорату истеъдодҳо дар расмкашӣ, навохтани асбобҳои мусиқӣ, шеърхонӣ, замзамаи суруд бо мусиқӣ ва муаррифии дастовардҳояшон дар намуди намоиши истеъдодҳо пешкаши меҳмонон карданд. Инчунин, ғолибони маҳфили “Интихоби ман” муаррифии касби интихобкардаашон пешкакаши ҳамагон гардид.
Дар баромаду муаррифиҳои худ меҳмонони фестивал доир ба интихоби касб суҳбат ороста, доир ба гирифтани дониши зарурӣ, доштани малакаҳои иловагӣ, ки дар зисти оянда заруранд, муҳокимаҳои бо иштироки хонандагон доир намуданд. Меҳмонон омодагии худро дар расондани кӯмак ба хонандагон дар интихоби касб, дастгирӣ дар тақвияти донишу малакаҳои зарурӣ изҳор карданд. Дар интиҳои баромади худ муовини директори Гимназияи хусусии “Ҳотам ва П.В.” қайд кард, ки гимназия омода аст хонандагони болаёқатмандро бидуни пардохти ҳаққи хониш қабул намояд ва ба онҳо тамоми шароити таҳсилро омода намояд.
Лоиҳаи “Мактаби ҳаёт” аз июни соли 2024 то майи соли 2026 амалӣ шуда, дар мусоидат ба хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав дар иҷтимоигардонӣ ва ҳамгироӣ ба ҷомеа тавассути расонидани машваратҳои ҳуқуқӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ, гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ оид ба ташаккули малакаҳои зарурии касбии хонандагон, ки ба рушди шахсият нигаронида шудааст, равона шудааст.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо Манучеҳр Камолиддинов, ҳамоҳангсози лоиҳа тавассути почтаи электронии [email protected] дар тамос шавед.

01/05/2025
28/04/2025

Ташкилоти ҷамъиятии «Зумрад» дар доираи лоиҳаи «Мактаби ҳайёт» бо маблағгузории Филиали Ассотсиатсияи Каритаси Олмон дар Тоҷикистон

Тендер
барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои таъмири бинои Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав эълон менамояд.
Масоҳати умумии таъмиршаванда 177,4 м2 бо андозаҳои зерин иборат аст:
- синфхона дар ҳаҷми 40,4м2;
- ду утоқ барои хоб 61,2 м2;
- ҳамом 33,1 м2;
- даҳлез 27,7 м2
- даромадгоҳ 15 м2

Ҳаҷми кори муайяншуда аз бандҳои таъмирии зерин иборат аст:
Ширкат/соҳибкорони инфиродии интихобшуда масъулияти пурра барои таъмири бино мебаранд:
Банди 1. Демонтажи утоқҳо.
• Тоза кардани девори бино аз гаҷи фарсудашуда;
• Тоза кардани фарши бино аз рангубори фарсудашуда;
• Кандани дарҳои бино;
• Кандани тирезаҳои бино;
Банди 2. Анҷом додани корҳои барқӣ.
• Кашидани хати барқии иловагӣ;
• Насби нуқтаҳои иловагии барқӣ ба утоқҳои бино;
• Кашидани хати барқӣ барои таъмини рушании электрикӣ дар шифти утоқҳо.
Банди 3. Корбарии сантехникӣ.
• Кашидани хати об барои ошхона ва ҳамомхона 50 м;
• Кашидани хати канализатсия ба ошхона ва ҳамомхона 50м;
• Пайваст кардани хати об ба ҳамом ва ҷои шустушӯй;
• Пайваст кардани ошхона ва ҳамомхона ба оби гарм ва хунук;
• Васл кардани ошхона ба канализатсия;
• Пайваст кардани канилизатсия ба ҳоҷатгоҳ.
Банди 4. Барои таъмири утоқҳо корҳои зерин анҷом бояд дод:
• Иваз кардани панҷ тирезаи бино;
• Иваз кардани дари даромади бино ва чор дарҳои утоқҳо;
• Бо кафел руйпуш кардани фарши ҳамомхона ва ҷои шустушӯй;
• Таъмир (ганҷпӯш) намудани деворҳои дарунаи бино ва рангубор кардани онҳо;
• Таъмир намудани фарши чӯбин ва рӯйпуш кардани фарши утоқҳо бо масолеҳи замонавӣ;
• Таъмир кардан ва рангубор кардани шифти бино.

Талаботи асосӣ барои иштирокчиёни тендер.
• Пешниҳоди нархномаи хароҷот барои анҷом додани ҳаҷми кори анҷоммедода;
• Пешниҳоди ҷадвали иҷроиши кор бо нишондоди марҳилаҳо ва муҳлати он;
• Пешниҳоди маълумоти муфассал доир ба фаъолияти худ, таҷрибаи фаъолият дар соҳаи сохтмонӣ ва таъмир;
• Пешниҳоди натиҷаҳои ду корҳои таъмиру сохтмонии анҷомдода;
• Пешниҳоди иҷозатномаи расмӣ доир ба фаъолияти сохтмонӣ;
• Доштани маҷмӯи пурраи таҷҳизот ва асбобoҳои сохтмонӣ барои иҷрои корхои сохтмонӣ ва таъмирӣ;
• Доштани гуруҳи баландихтисоси таъмиркунандагон.

Талабот ба пешниҳодҳои тиҷоратӣ
• Нишон додани суроғаи пурраи (телефон, почтаи электронӣ) ҳуқуқии иштирокчии тендер;
• Нишон додани нархи дархост бо асъори миллӣ;
• Нишон додани нархи ҳар банди корбарӣ;
• Нишон додани кафолат ба корҳои таъмирӣ;
• Пешниҳоди иқтибос аз феҳристи андозсупоранда;
• Пешниҳоди дархост бо нархнома бо тасдиқи имзо ва муҳр;
• Пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии ширкат / соҳибкори инфиродӣ

Маълумоти иловагӣ
• Тамоми саволҳоро дар намуди хаттӣ ба почтаи электронии [email protected] пешниҳод карда шавад;
• Тамоми хароҷотҳое, ки дар давраи омода кардани пешниҳоди тендер ба миён меояд, аз ҷониби пешниҳодкунанда пардохт карда мешавад;
• Натиҷаи тендер ба тариқи почтаи электронӣ хабардор карда мешаванд.

Пешниҳоди дархост
Дархост то 2 маи соли 2025 то соати 17.00 (бо вақти Душанбе) дар дафтари Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, к. С. Айнӣ 56, ошёнаи 2 қабул карда мешавад.
Пешниҳоди тиҷоратӣ дар лифофаи басташуда бо ишораи «Тендер барои таъмири бино» пешкаш карда шавад.

24/04/2025

Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон барои қабули
хоҳишмандон дар гирифтани дониши умумии назариявӣ ва амалӣ оид ба нигоҳубини шахсони имконияташ маҳдуд (аз ҷумла кӯдакон) ва пиронсолоне, ки ба нигоҳубин доимӣ дар таъмини имконоти пурраи мустақилияти онҳо дар зист ва иҷтимоигардонӣ дар ҳаёти ҳаррӯза эҳтиёҷ доранд, эълон менамояд.

Курс барои шахсони аз 18 то 35 сола пешбинӣ шудааст, ки хоҳиши дониш ва малака дар соҳаи ҳамширагӣ пайдо кунанд.

Ҷавононе, ки хоҳиши дар Олмон таҳсил ва кор карданро доранд, дар барномаи таҳсил дар муассисаҳои хидматрасонии иҷтимоӣ ва марказҳои таълимии Олмон иштирок намоянд.

Курс барои 15 рӯз, дар ҳаҷми 75 соат пешбинӣ шудааст (25 соат омӯзиши аудиторӣ, 50 соат кори амалӣ бо мизоҷон таҳти роҳбарии мутахассисон).

Талаботи асосӣ барои номзадҳо:
- донистани забони олмонӣ (сатҳи B1, B2);
- ҳавасмандӣ барои таҳсил дар соҳаи кори иҷтимоӣ дар Олмон;
- қобилияти коркунӣ дар тим ва малакаҳои муошират.

Шахсоне, ки нияти дар озмун иштирок карданро доранд, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- резюме (CV);
- шиноснома;
-шаҳодатнома ё диплом дар бораи дараҷаи таҳсилот;
- ҳуҷҷат дар бораи сатҳи дониши забони олмонӣ.

Ҳама хароҷотҳои барнома аз ҷониби Ассотсиатсия ва шарикон пардохт карда мешаванд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 2 майи соли 2025 то соати 17:00 тавассути почтаи электронии
[email protected]

Рақами телефон барои маълумот дар бораи шартҳои озмун: +992 999 66 13

Шумораи ҷойҳо маҳдуд аст ва ташкилкунандаи озмун ҳуқуқи интихоби шунавандагонро дорад!
_______________________________________

Национальная Ассоциация Школ Социальной Работы Таджикистана объявляет набор
слушателей для прохождения базовых теоретических и практических знаний по уходу за лицами с инвалидностью (в том числе детей) и пожилыми, нуждающихся в постороннем уходе для поддержания максимально возможной для них бытовой и социальной самостоятельности в повседневной жизни.

Курс предназначен для людей от 18 до 35, кто хочет получить знания и навыки в сфере ухода.

Молодежь, желающая учится и работать в данном направлении в Германии имеет возможность участвовать в программе по учебе в немецких учреждениях социального обслуживания и учебных центрах

Курс рассчитан на 15 дней в объеме 75 часов (25 – аудиторное обучение, 50 – практическая работа с клиентами под руководством коучев).

Основные требования к кандидатам:
- знание немецкого языка (уровень В1, В2);
- мотивированность в учебе в сфере социальной работы в Германии;
- умение работать в команде и коммуникативные навыки.

Желающие участвовать в конкурсе должны предоставить следующие документы:
- резюме (CV);
- паспорт;
- свидетельство или диплом об уровне образования;
- документ об уровне знания немецкого языка.

Все расходы по программе будут финансированы со стороны Ассоциации и партнеров.
Последний срок приема документов – 2 мая 2025 года, до 17:00 по электронной почте
[email protected]

Телефон для справок об условиях участия: +992 98 999 66 13

Количество мест ограничены и организатор оставляет за собой право отбора слушателей

Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон Хоҳишмандонро ба лексияи кушод даъват менамояд!27 декабри соли 2...
27/12/2024

Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон

Хоҳишмандонро ба лексияи кушод
даъват менамояд!

27 декабри соли 2024, 16:00 – 17:30

Мавзуи лексия: "Корбарӣ бо кӯдакони маъюб дар марказҳои кӯмакрасонии иҷтимоӣ ".

Дар лексия фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ба кӯдакони дорои эҳтиёҷоти маҳсусанд, дар ошкор намудани истеъдоди онҳо ва мусоидат кардани кӯдакон дар иҷтимоигардӣ баррасӣ мешавад. Масъалаҳои ҳамкории ин гуна созмонҳо бо мақомоти давлатӣ, ҷанбаҳои амалии фаъолияти марказҳои рӯзона ва дигар ташаббусҳои иҷтимоӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Таваҷҷуҳи хоса ба он дода мешавад, ки чӣ гуна ҷомеа ва давлат барои беҳтар кардани зиндагӣ ва перспективаи дастгирии кӯдаконе, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд, фаъолиятҳоро муттаҳид карда метавонанд.
Дар лекция масъалаҳои зерин таҳлил ва муҳокима хоҳад шуд:
• Ҳолатҳои ошкор намудани истеъдод ва иҷтимоигардонии кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус.
• Механизми фаъолияти марказҳои нигоҳубини рӯзона барои кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус.
• Механизмҳои ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳоидавлатӣ.
• Лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак, ки ба беҳтар кардани ҳаёти кӯдакон нигаронида шудаанд.
• Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии кӯмак ба кӯдакон дар ҳолатҳои душвори ҳаёт.
• Фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои рушд ва ҳамгироӣ ба ҷомеа.

Лектор: Шералиева Асила, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Дилҳои кушода.

Макони чорабинӣ: шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи Тоҷ Палас, кӯчаи. М. Турсунзода 21Б, ошёнаи дуюм.

Забони чорабинӣ: тоҷикӣ - русӣ

Силсилаи лексияҳои кушод дар чорчӯбаи лоиҳаи “Тақвияти иқтидори аъзоёни Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон дар интегратсия ва устуворгардонии касбияти кори иҷтимоӣ” гузаронида мешавад ва аз ҷониби Каритаси Олмон маблағгузорӣ мешавад.

Мавқеи Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон ва Каритаси Олмон мумкин аст бо нуқтаи назари муаллиф - лектор мувофиқ набошанд.
_____________________________________

Национальная Ассоциация школ социальной работы Таджикистана

Приглашает всех заинтересованных на
открытую лекцию

27 декабря 2024г., 16:00 – 17:30

Тема лекции: “Сопровождение детей с ограниченными возможностями в центрах социальной помощи ".

На лекции будет более подробно рассмотрена работа общественных организаций, направленная на помощь детям с особенностями развития в раскрытии их таланта и успешной социализации. Будут освещены вопросы взаимодействия таких организаций с государственными структурами, а также практические аспекты деятельности дневных центров и других социальных инициатив. Особое внимание будет уделено тому, как общество и государство могут объединить усилия для улучшения жизни и перспектив детей, оказавшихся в трудной жизненной ситуации.
На лекқии будут обсуждены следующие аспекты:
- Кейсы раскрытия талантов и социализации детей с особенностями развития.
- Функционирование центров дневного пребывания детей с особенностями развития.
- Механизмы сотрудничества общественных организаций и государственных структур.
- Совместные проекты и инициативы, направленные на улучшение жизни детей.
- Пути повышения эффективности помощи детям в трудной жизненной ситуации.
- Создание равных возможностей для развития и интеграции в общество.

Лектор: Шералиева Асила, руководитель общественной организации «Открытые сердца».

Место проведения: г. Душанбе, гостиница Тадж Палас, ул. М. Турсунзода 21Б.

Рабочий язык: таджикский – русский.

Цикл открытых лекций организован в рамках проекта «Укрепление потенциала членов Национальной ассоциации школ социальной работы Таджикистана в области профессионализации социальной интеграции и устойчивости» при поддержке Каритас Германии.

Мнение, высказанное в ходе лекции, отражает точку зрения лектора и может не совпадать с позицией Национальной ассоциации школ социальной работы Таджикистана и Каритас Германии.

Лоиҳаи «Тақвияти иқтидори аъзоёни Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳамгироӣ ва устуворгардони...
20/12/2024

Лоиҳаи «Тақвияти иқтидори аъзоёни Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳамгироӣ ва устуворгардонии касбияти кори иҷтимоӣ».

19 – 20 декабри соли 2024 дар меҳмонхонаи “Тоҷ Палас” дар доираи лоиҳаи “Тақвияти иқтидори аъзоёни Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳамгироӣ ва устуворгардонии касбияти кори иҷтимоӣ», ки бо дастгириии молиявии Каритаси Олмон сурат мегирад ва аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон амалӣ мешавад, дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бозомӯзӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии кишвар дар мавзӯи “Зарурати таҳррезии барномаи афсурдагии касбӣ ва ворид кардани он ба раванди таълим” баргузор мегардад.

Бозомӯзӣ ба омӯзиши модули омодагардидаи таълимии “Афсурдагии касбӣ дар кормандони иҷтимоӣ: усулҳои пешгирӣ ва бартарафнамоии он” мавриди таҳлил қарор гирифта, афсурдагии касбӣ дар фаъолияти кормандони иҷтимоӣ, аломатҳо, марҳилаҳо ва сабабҳои он, ҳолати эмпатикӣ дар кормандони иҷтимоӣ, оқибатҳои афсурдагии касбӣ барои корманд ва муассисаҳо, психофизиологияи афсурдагии касбӣ, омилҳои он, пешгирии афсурдагии касбӣ дар кормандони иҷтимоӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ташҳис ва пешгирии афсурдагии касбӣ баррасӣ мешавад.

Ҷорабинии мазкур дар чорчӯбаи модули таълимие, ки бо ҷалби омӯзгорони Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва мутахассисони ташкилоти ҷамъиятии “Ҷамъияти машваратии психологҳо ва психотерапевтҳои Тоҷикистон” таҳия шудааст, баргузор мегардад. Мақсади асосии модул таёр кардани мутахассисони варзида дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буда, барои баланд бардоштани сатҳи дониши шунавандагони курсҳои омӯзишӣ равона шудааст. Модули таълимӣ барои устодони муассисаҳои таълимие, ки мутахассисони кори иҷтимоиро тайёр мекунанд, инчунин кормандони муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбинӣ гардидааст.

Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон соли 2022 таъсис ёфтааст ва иттиҳодияи ихтиёрии ташкилоту муассисаҳое, ки ба омода кардан ва ё рушди касбии кадрҳои соҳаи кори иҷтимоӣ машғуланд, ҳайати омӯзгорон ва кормандони онҳо, мутахассисони соҳаи кори иҷтимоӣ мебошад, ки бо мақсади муттаҳид намудани нерӯҳо барои рушди кори иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо Манучеҳр Камолиддинов, ҳамоҳангсози лоиҳа тавассути почтаи электронии [email protected] дар тамос шавед.
____________________________________

Проекта «Укрепление потенциала членов Национальной ассоциации школ социальной работы Таджикистана в области профессионализации социальной интеграции и устойчивости».

16-17 декабря 2024 года в отеле «Тадж Палас» в рамках проекта «Укрепление потенциала членов Ассоциации в области профессионализации социальной интеграции и устойчивости», который осуществляется со стороны Национальной ассоциации школ социальной работы Таджикистана при финансовой поддержке Каритас Германии и совместно с Институтом повышения квалификации работников системы социальной защиты населения Таджикистана проводят тренинг для преподавательского состава учебных заведений страны по теме «Необходимость разработки программы профессиональной депрессии и включения ее в образовательный процесс».

Тренинг проводится в рамках разработанного учебного модуля «Профессиональное выгорание у социальных работников: методы ее профилактики и устранения» и будут изучены профессионального выгорания в деятельности социальных работников, ее симптомов, стадий и причин, эмпатического состояния у социальных работников, последствий профессионального выгорания для работников и учреждений, психофизиологии профессионального выгорания и ее факторов, профилактики профессионального выгорания у социальных работников как средства повышения качества услуг.

Данное мероприятие проводится в рамках образовательного модуля, разработанного с участием преподавателей Института повышения квалификации работников системы социальной защиты населения Таджикистана и специалистов общественной организации «Общество психологов-консультантов и психотерапевтов Таджикистана». Основная цель модуля – подготовка специалистов в области предотвращения профессионального выгорания сотрудников сферы социальной защиты населения. Образовательный модуль предназначен для преподавателей учебных заведений для подготовки специалистов социальной работы, а также для сотрудников учреждений социальной защиты населения.

Национальная ассоциация школ социальной работы Таджикистана создана в 2022 году которая будет заниматься подготовкой и повышением квалификации кадров социальной работы, преподавателей и сотрудников, специалистов в области социальной работы, с целью объединения силы для развития социальной работы в Республике Таджикистан.

За дополнительной информацией можно обратиться к Манучехру Камолиддинову, координатору проекта по электронной почте [email protected]

Address

адрес: Улица Айни 56, г. Душанбе, Республика Таджикистан
Dushanbe

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 17:00

Telephone

+992989996613

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Национальная Ассоциация Школ Социальной работы Таджикистана, posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Organization

Send a message to Национальная Ассоциация Школ Социальной работы Таджикистана,:

Share