17/09/2024
ВАРЗИШ - ОМИЛИ ТАШАККУЛДИҲАНДАИ НЕРУВУ ТАВОНИ ИНСОН
Ба варзиш машғул шудан ба ҳар табақаи ҷомеа омили муҳими солимгардонӣ ба ҳисоб рафта, ҷузъи таркибӣ ва пурарзиши рушди миллату давлат мебошад. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон ба мардуми Тоҷикистон, хусусан ба наврасону ҷавонон ҳаёти солимро талқин менамоянд “Варзиш яке аз василаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад”.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба 33–юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз риштаи волейбол миёни ҷавондухтарон баргузор гардида истодааст. Дар оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия, тарғибот ва корҳои идеологӣ Шарифзода И.У., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Боқизода М.Б. ва мудири кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳ Нуралиев З. иштирок ва суханронӣ намуда, ба ҳайати варзишгарон барору комгориҳо таманно намуданд. Сабқат миёни дастаҳои факултетҳои технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ - иқтисодиёт ва молия, телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ – менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ, технология ва дизайн - технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ баргузор гардида, мусобиқаи мазкур ҳудуди се рӯз миёни факултаҳо идома ёфта, ғолибон муайян карда мешаванд.
ДТТ, 17.09.2024.