27/08/2026
25–26 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи «Румӣ», тренинги омӯзишӣ барои судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Татбиқи чораҳои алтернативии бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда нисбат ба ноболиғон» баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохонзода Асомиддин ифтитоҳ намуда, аҳаммияти мавзӯи тренинг ва нақши судяҳоро дар таъмини адолати судӣ ба кӯдак дӯстона таъкид намуданд.
Мақсади асосии тренинг баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии судяҳо, таҳкими фаҳмиши чораҳои алтернативии бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда нисбат ба ноболиғон, инчунин мубодилаи таҷриба ва таҷрибаи пешқадам дар ин самт мебошад.
Тренерони чорабинӣ Бобохонзода Асомиддин ва Пулодӣ Мавҷуда буда, дар рафти тренинг масъалаҳои марбут ба асосҳои ҳуқуқӣ, намудҳо ва тартиби татбиқи чораҳои алтернативӣ нисбат ба ноболиғон, хусусиятҳои таъмини ҷазо ва истифодаи муносибатҳои ба кӯдак дӯстона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тренинг дар доираи лоиҳаи «Пешбурди ҳуқуқҳои бунёдӣ: тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии шиканҷа ва табдили маҳбасҳо баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва ташкилоти фаронсавии «Prison Insider» дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти татбиқи чораҳои алтернативии ҷазо ва пешбурди адолати судии ба кӯдак дӯстона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардид.
Тренинг ба баланд бардоштани иқтидори касбии судяҳо, такмили малакаҳои амалии онҳо ва таҳкими истифодаи чораҳои алтернативии бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда нисбат ба ноболиғон мусоидат намуд.