05/11/2024
Баргузор намудани омӯзиши 2 рӯза, даври 1 дар санаҳои 1-2 ноябри соли ҷорӣ барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва фанни ҳуқуқи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Ваҳдат оиди таҳсилоти фарогир дар доираи барномаи "Васеъ гардонидани доираи ҳамкорӣ барои пеш бурдани ҳуқуқҳои маъюбон" аз тарафи мутахассисони ТҶ Дунёи рушди ҷомеа дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ, Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат, Ҷамъияти маъюбони шаҳри Ваҳдат.
Миннатдориамонро ба роҳбарияти муасссисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3и шаҳри Ваҳдат барои таъмини толор ва муҳайё сохтани имкониятҳо баён менамоем.
Сипоси бепоён ба муаллими фанни технологияи иттилоотии муассисаи мазкур, ки муддати 2 рӯз моро аз тарафи техникӣ кӯмак намуд ва ҳама вақт барои кӯмак дастрас буд.
Ёдовар мешавем, ки ин гурӯҳ яке аз гурӯҳҳои фаъол буд, ки муддати 2 рӯз теъдодашон аз нақша барзиёд буд, фаъол буданд ва аз вақтҳои саршавии тренинг низ барвақттар меомаданд. Умед дорем, ки даври 2юми тренингҳои мазкурро бо ин омӯзгорон сари вақт мегузаронем, чунки онҳо бисёр хоҳиши омӯхтан ва гирифтани маълумотҳои заруриро доранд.