31/05/2026
*Як контейнер доруворӣ ва маводи тиббӣ барои дастгирии беморон ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид*
Дар доираи фаъолияти башардӯстона ва татбиқи ташаббусҳои иҷтимоӣ Бунёди хайриявии «Лона» бо дастгирии ташкилоти хайриявии Ҷумҳурии Корея Korea Love Sharing Community (KOLOS) як контейнер доруворӣ ва маводи тиббиро ҳамчун кумаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуд.
Ҳадафи асосии ин ташаббус дастгирии шаҳрвандони ниёзманд, оилаҳои камбизоат, кӯдакони гирифтори бемориҳои саратонӣ ва дигар бемороне мебошад, ки ба доруворӣ ва табобати зарурӣ эҳтиёҷ доранд. Дорувориҳои воридшуда барои табобати бемориҳои саратонӣ, диабети қанд, фишорбаландӣ, бемориҳои дилу рагҳо ва дигар бемориҳои узвҳои дарунӣ пешбинӣ гардида, тавассути муассисаҳои тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморон ва шаҳрвандони ниёзманд тақсим карда мешаванд.
Бо ин мақсад дорувориҳо ба Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, муассисаҳои эндокринологӣ, кардиологӣ, беморхонаҳои махсусгардонидашуда, марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода, ноҳияҳои Восеъ, Мастчоҳ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, инчунин ба 15 маркази саломатии шаҳри Душанбе тақсим карда шуданд. Ҳамзамон, қисми зиёди доруворӣ мустақиман барои таъмини беморони ниёзманд, аз ҷумла кӯдакони гирифтори бемориҳои онкологӣ ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ равона гардид.
Мавриди таъкид аст, ки ҳамаи дорувориҳои дастрасшуда ҳамчун кумаки башардӯстона пешниҳод гардида, ба шаҳрвандон ва беморон танҳо ба таври ройгон тақсим карда мешаванд ва ҳадафи асосии ин иқдом расонидани ёрии воқеӣ ба инсонҳое мебошад, ки ба доруворӣ ва табобати зарурӣ эҳтиёҷ доранд.
Бунёди хайриявии «Лона» ҳамкорӣ бо ташкилоти хайриявии Ҷумҳурии Корея — Korea Love Sharing Community (KOLOS)-ро намунаи равшани инсондӯстӣ ва ҳамбастагии байналмилалӣ арзёбӣ намуда, минбаъд низ ҷиҳати ҷалби кумакҳои башардӯстона ва дастгирии қишрҳои ниёзманди аҳолӣ фаъолияти худро идома хоҳад дод.
Роҳбарияти Бунёди хайриявии «Лона» ба ташкилоти Korea Love Sharing Community (KOLOS), Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони муассисаҳои тиббӣ ва ҳамаи шахсоне, ки дар расонидани ин кумаки башардӯстона саҳм гузоштаанд, изҳори сипосу қадрдонӣ менамояд.