18/05/2026
🇹🇯📢U-13 «МЕГАФОН LIFE ДАР УСЛУБИ ФУТБОЛ» ДАР ШАҲРИНАВ БА АНҶОМ РАСИД!
Аз 13 то 18 май дар ноҳияи Шаҳринав мусобиқаи ҷумҳуриявии футбол байни кӯдакони то 13-сола таҳти унвони «MegaFon Life дар услуби футбол» бо дастгирии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар мусобиқа дастаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуда, 10 даста дар ду гурӯҳ байни ҳам рақобати ҷолибу диданиро ба роҳ монданд.
Ғолибон ва беҳтарин бозингарони мусобиқа аз ҷониби кумитаи тадорукот бо ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Директори минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ Далер Наимов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳринав Давлатзода Фаридун, инчунин бозингарони дастаи футболи «Барқчӣ» — шаҳри Ҳисор иштирок намуданд.
🏆 Натиҷаҳои мусобиқа:
🥇 Ҷойи аввал — «Ҳаёти Нав» (шаҳри Турсунзода)
🥈 Ҷойи дуюм — «Чемтура» (ноҳияи Шаҳринав)
🥉 Ҷойи сеюм — дастаи шаҳри Ваҳдат
⭐️ Беҳтаринҳои мусобиқа:
🧤 Беҳтарин дарвозабон — Ризоев Муҳаммад (Шаҳринав)
🛡 Беҳтарин ҳимоятгар — Шарипов Содиқ (Шаҳринав)
⚙️ Беҳтарин нимҳимоятгар — Бозоров Ҷаҳонгир (Чемтура)
⚽️ Беҳтарин ҳамлагар — Асланов Акмал (Турсунзода)
👔 Беҳтарин мураббӣ — Азимов Фаридун (Шаҳринав)
🎯 Беҳтарин нишонзан — Алимов Муҳаммад (Баҳористон)
Мусобиқа ба муносибати 25-солагии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ва Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шуда, ҳадафи асосии он дарёфти истеъдодҳои ҷавон, рушди футболи кӯдакон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
🔥 Бозиҳои ҷолиб, эҳсосоти фаромӯшнашаванда ва фазои воқеии ҷашни футбол!
🏆 Шаҳринав — майдони ситораҳои ояндаи футболи Тоҷикистон!
⚽️⚽️⚽️
🇹🇯📢ТУРНИР U-13 «MEGAFON LIFE В ФУТБОЛЬНОМ СТИЛЕ» ЗАВЕРШИЛСЯ В ШАХРИНАВЕ!
С 13 по 18 мая в районе Шахринав прошел республиканский детский футбольный турнир U-13 «MegaFon Life в футбольном стиле», организованный при поддержке компании «МегаФон Таджикистан».
В соревнованиях приняли участие команды городов и районов республиканского подчинения. Всего 10 команд, разделенные на две группы, провели яркие и зрелищные матчи. Победители и лучшие игроки турнира были награждены кубками, медалями и памятными подарками от организационного комитета.
На церемонии закрытия турнира присутствовали директор регионального управления компании «МегаФон Таджикистан» по городу Душанбе и районам республиканского подчинения Далер Наимов, заведующий отделом по делам молодежи и спорта района Шахринав Давлатзода Фаридун, а также игроки футбольного клуба «Баркчи» из города Гиссар.
🏆 Итоги турнира:
🥇 1 место — «Ҳаёти Нав» (город Турсунзаде)
🥈 2 место — «Чемтура» (район Шахринав)
🥉 3 место — команда города Вахдат
⭐️ Лучшие игроки турнира:
🧤 Лучший вратарь — Ризоев Мухаммад (Шахринав)
🛡 Лучший защитник — Шарипов Содик (Шахринав)
⚙️ Лучший полузащитник — Бозоров Джахонгир (Чемтура)
⚽️ Лучший нападающий — Асланов Акмал (Турсунзаде)
👔 Лучший тренер — Азимов Фаридун (Шахринав)
🎯 Лучший бомбардир — Алимов Мухаммад (Бахористон)
Турнир был посвящен 25-летию компании «МегаФон Таджикистан» и Всемирному дню футбола.
Главная цель соревнований — развитие детско-юношеского футбола, выявление талантливых игроков и популяризация здорового образа жизни среди подрастающего поколения.
🔥 Яркие матчи, незабываемые эмоции и настоящая атмосфера футбольного праздника!
🏆 Шахринав — территория будущих звезд таджикского футбола!