Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилояти Хатлон

  • Home
  • Tajikistan
  • Kurgan-Tyube
  • Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилояти Хатлон

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилояти Хатлон Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилояти Хатлон, Labor Union, хиёбони Ваҳдат 29а, Kurgan-Tyube.

04/08/2026
БАСТИ СЕЮМ!   санаи 22 июли соли 2026 дар майдони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон барои сафарбар намудани кӯдако...
22/07/2026

БАСТИ СЕЮМ!
санаи 22 июли соли 2026 дар майдони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон барои сафарбар намудани кӯдакону наврасон ба басти сеюми истироҳатгоҳи тобистонаи кӯдаконаи "Ширкент"-и ш.Турсунзода, 19 нафар фарзандони кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии муассиса ва 11 нафар аз ҳисоби Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон барои фарзандони соҳаи тиббӣ вилоят равонагардида буд, сафарбар карда шуданд.

ШАҲРИ БОХТАР санаи 17 июли соли 2026 Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Ха...
17/07/2026

ШАҲРИ БОХТАР
санаи 17 июли соли 2026 Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон дар бинои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар Раёсати навбатӣ иштирок доштанд: Ризозода А.Ш.- раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, Вализода И.Ҷ.- раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон ва аъзоёни Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони вилояти Хатлон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон.
Рӯзномаи кории Раёсат:
1.Ҷамъбасти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон дар шашмоҳаи соли 2026.
2.Низоми гузариш ба барномаи 1С Бухгалтерия дар ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон.
3.Масъалаҳои ҷорӣ.
Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон-Вализода И.Ҷ., дар баробари дигар ташаббусҳои наҷиби байналмилаллӣ ташаббуси шашуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ дар хусуси эълон гардидани "Даҳсолаи байналмилаллӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, барои солҳои 2027-2036" барраси намуда барои иҷро ба роҳбари гирифта шуд. Сипас, оид ба ҷамъбасти фаъолияти кории Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон дар шашмоҳаи аввали соли 2026 аз ҷониби раиси Кумита - Вализода И.Ҷ., ахбороти муфассал пешниҳод карда шуд. Дар идомаи ҷаласа оиди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026, №1180 дар бораи "Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб" ба саҳми кормандони соҳаи тандурустӣ расонида шуда, пешниҳод карда шуд, ки оиди иҷроиши фармони мазкур дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ба комиссия пешниҳод намоянд.
Оид масъалаи дуюм: Назаров М.Ш.- сармуҳосиби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон баромад намуда тартиби гузариш ва лоиҳаи сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ, ки аз ҷониби Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, шунида шуд.
Дар идомаи ҷаласа, оид ба дуруст истифодабарии маблағҳои ҳаққи аъзогӣ ва маблағҳои 1,5% суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳру ноҳияҳои вилоятӣ Хатлон супоришҳои мушахас дода шуд. Аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахдор қабул карда шуд.

Шаҳри Кӯлоб       Дар басти 2-юми истироҳатгоҳи Шарораи н.Муъминобод 25 нафар фарзандони кормандони муассисаҳои соҳаи ти...
14/07/2026

Шаҳри Кӯлоб
Дар басти 2-юми истироҳатгоҳи Шарораи н.Муъминобод 25 нафар фарзандони кормандони муассисаҳои соҳаи тиббӣ шаҳри Кӯлоб,ки дар натиҷаи омадани сел зарар дидаанд, сафарбар карда шуданд.
Инчунин 12 нафар фарзандони кормандони тиббӣ ШМКАТС-и ноҳияи Ш.Шоҳин, ки аз ҳисоби маблағҳои суғутраи давлатии иҷтимоии муассиса сафарбар карда шуданд.

Дар асоси қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026 таҳти №91 ва қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ...
14/07/2026

Дар асоси қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026 таҳти №91 ва қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ С., аз 13 апрели соли 2026 таҳти №94 "Дар бораи сафарбар намудани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳи тобистона дар соли 2026" .
санаи 14 июли соли 2026 Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон тибқи қарори мазкур 37 нафар фарзандони кормандони муассисаҳои тиббии ноҳияҳои А.Ҷомӣ, н.Кушониён, н.Ҷ.Балхӣ, н.Ҳамадонӣ, н.Данғара ва МНДСЭ-и ш.Бохтари вилояти Хатлонро ба истироҳатгоҳи тобистонаи кӯдакону наврасони "Файзи Истиқлол"-и ноҳияи Варзоб аз ҳисоби маблағҳои солимгардонии муассисаҳои тиббӣ сафарбар намуданд.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон, мутобиқи нақшаи корӣ "Дар бораи гузарон...
17/06/2026

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон, мутобиқи нақшаи корӣ "Дар бораи гузаронидани ҳисоботӣ- интихоботи дар ташкилотҳои ҳамузви Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон, мутобиқи моддаи 63 Оинномаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, бо сабаби ба поён расидани ваколати мақомотҳои иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон, бо мақсади мустаҳкам намудани ягонагии ҳаракати иттифоқи касаба, баланд бардоштани мақоми иттифоқи касаба дар ҳаёти ҷамъиятии кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ - иқтисодии меҳнаткашон"дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯри Воҳидов дар шаҳри Бохтар тибқи нақша ҳисоботи - интихоботи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Беморхона Гаюров Алиҷон бо иштироки намояндагони Кумитаи вилоятӣ, роҳбарияти муассиса ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.Баъди гузориши раиси кумитаи иттифоқи касабаи муассисаи Беморхона Ғаюров Алиҷон ҳамаи кормандони муассиса кори раиси Кумитаи иттифоқи касабаро қоноатбахш ҳисобида ҳамаги боз аз сари нав Ғаюров Алиҷонро раиси нави кумитаи иттифоқи касабаи Беморхона таъин намуданд.

Тибқи нақшаи кории Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон рӯзҳои 11-12-уми июн санҷиши фаъолияти корфармоён ва ташкилот...
12/06/2026

Тибқи нақшаи кории Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон рӯзҳои 11-12-уми июн санҷиши фаъолияти корфармоён ва ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи корхонаву муассиса ва ташкилотҳои ноҳияи Темурмалик оид ба фаъолияти якҷояи корфармоён ва ташкилотҳои иттифоқҳои касаба доир ба риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи тартиботи меҳнатӣ интизомӣ меҳнат семинари омӯзишӣ бо иштироки раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон Вализода Иброҳим Ҷобир ва роҳбарону намояндагони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ гузаронда шуд

Address

хиёбони Ваҳдат 29а
Kurgan-Tyube
735140

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилояти Хатлон posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share

Category