Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом

  • Home
  • Tajikistan
  • Kanibadam
  • Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом, Community Organization, Kanibadam.

ВОХӮРИИ СУДМАНД АЗ РӮЙИ УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ"      17 октябри соли 2025 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ...
20/10/2025

ВОХӮРИИ СУДМАНД АЗ РӮЙИ УСУЛИ
"МАКТАБ БА МАКТАБ"

17 октябри соли 2025 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом вохӯрии гурӯҳи корӣ аз рӯйи усули "Мактаб ба мактаб" таҳти раёсати мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи иҷроияи раиси шаҳри Конибодом Ҷабборӣ Бурҳониддин Исҳоқ ва дигар шахсони масъул дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳри Конибодом баргузор гардид. Мулоқот бо ҷомеаи омузгорону хонандагон ва падару модарон хеле судманду самимӣ сурат гирифт.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» , саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии диёр баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» , масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлид ба фарҳанги бегона, худкушӣ, инчунин, вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ сухан ронда шуд.
Чунин вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ пайваста идома доранд.

Мулоқоти сарбозон бо ҷавонон дар доираи мулоқоту вохуриҳо бо усули “Мактаб ба мактаб”    Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисс...
20/10/2025

Мулоқоти сарбозон бо ҷавонон дар доираи мулоқоту вохуриҳо бо усули “Мактаб ба мактаб”
Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ ва омодасозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, санаи 17уми октябри соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 деҳаи Равоти шаҳри Конибодом мулоқоти судманди тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар доираи ин ташаббус, сарбозони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатшуда Каримов Азизҷон Акрамович
Боркашев Шоҳрух Аҳмадович,
бо хонандагони синфҳои болоӣ ва ҷавонони фаъол вохӯрӣ доир намуданд.

Сарбозон зимни суханронии худ бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ аз таҷрибаҳои худ дар давраи хизмат, фаҳмиши арзиши сулҳу субот, тартибу интизоми низомӣ ва хотираҳои нек ёдовар шуда, ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ ва муҳаббат ба Ватан даъват карданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин:
– Нишонова Лобар – директори МТМУ №46 ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом
– Муҳаммадҷон Шокирӣ – мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом
– Рӯзиев Фаррух – мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ш. Конибодом иштирок ва суханронӣ намуда ҳар яки онҳо тавассути суханони самимӣ ва таъсирбахш ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят карданд.
Дар фарҷоми мулоқот, ба волидони сарбозон раҳматномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом супорида шуд, ки ҳамчун арҷгузорӣ ба саҳми фарзандони онҳо дар муҳофизати Ватан арзёбӣ мегардад.
Ташаббусҳои навбатии бахш дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва боло бурдани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ миёни ҷавонон пайваста идома хоҳанд ёфт.

ВОХӮРӢ БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" ДАР МТМУ №23 ШАҲРИ КОНИБОДОМ:    Аз ҷониби гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти да...
20/10/2025

ВОХӮРӢ БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" ДАР МТМУ №23 ШАҲРИ КОНИБОДОМ:

Аз ҷониби гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом аз рӯи усули «Мактаб ба мактаб» бо падару модарон, хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 вохӯрӣ баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ташкил карда шуда, масъалаҳои ҷалби падару модар ба ҳамкорӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, зуроварӣ дар оила, нашъамандӣ, ба роҳ мондани корҳои тозагиву ободонӣ ва риояи маданияти шаҳрнишинӣ низ мавриди баррасӣ гирифта шуданд.
Чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ тибқи нақша дар дигар муассисаҳо низ доир карда мешаванд.

Муассисаи таълимӣ -  маркази тарбияи насли солим    Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 - шаҳри Конибодом му...
20/10/2025

Муассисаи таълимӣ - маркази тарбияи насли солим

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 - шаҳри Конибодом мулоқоти навбатӣ дар доираи вохуриҳо бо усули "мактаб ба мактаб " бо иштироки мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД Ҷабборӣ Б, иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи маориф Исроилова Башорат, роҳбари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Қурбонова Таҳмина, мутахассиси пешбари бахши ҷавонон ва варзиши МИҲД Рузиев Фаррух , падару модарон, омузгорон ва толибилмон баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба кори таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таълим, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, таргиби ахлоқи шоиста ва анъанаҳои миллӣ, роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳо мавриди таҳлил қарор дода ва дар назди падару модарон, ҷомеаи омузгорону хонандагон вазифагузорӣ карда шуданд. Падару модарон ва омузгорон роҷеъ ба масоили вобаста ба раванди таълим саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Бо баргузории ин гуна мулоқотҳо ҳамкории судманд ва натиҷабахш ҳосил мегардад.

ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН- ИСКАНДАР ИЛҲОМОВИЧДар фазои пур аз эҳсоси ватадӯстӣ сокинони маҳаллаи Ҷаббор Холматови шаҳри Ко...
20/10/2025

ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН- ИСКАНДАР ИЛҲОМОВИЧ

Дар фазои пур аз эҳсоси ватадӯстӣ сокинони маҳаллаи Ҷаббор Холматови шаҳри Конибодом сарбози далеру шуҷоъ — Набиев Искандар, ки хизмати ҳарбиро бо сарбаландӣ адо намудааст, бо муҳаббати беандоза пешвоз гирифтанд.
Қабули сарбоз бо шукӯҳи хоса доир шуда, дар он фаъолон, ҷавонон ва сокинони маҳалла ҷамъ омада, бо карнаю сурнай ва дуои хайр фарзанди шуҷои миллатро бо оғӯши гарм истиқбол гирифтанд. Суханони пурмуҳаббат, тӯҳфаҳои рамзӣ ва муборакбодиҳои самимӣ сарбозро рӯҳбаланд намуд.
Ба волидони сарбоз, барои тарбияи фарзанди ватандӯст ва далер сипосгузорӣ карда шуд.
Ин чорабинӣ намунаи олии арҷгузорӣ ба хизматчиёни Ватан буда, умедворем, ки ба ҷавонони дигар низ рӯҳу илҳом мебахшад. Онҳо дар ин рӯз иброз доштанд, ки аз чунин фарзандони содиқи миллат ибрат гирифта, омодаанд ҳар лаҳза барои ҳифзи марзу буми кишвар хизмат намоянд.
Бо ҳамин, маросими истиқбол бо рӯҳияи баланди миллӣ ҷамъбаст гардид ва дар қалби иштирокчиён ҳисси ифтихору садоқат ба Ватан боз ҳам бештар шуд.

Маросими қабули иштирокчиёни Чемпионати байналмиллалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...
20/10/2025

Маросими қабули иштирокчиёни Чемпионати байналмиллалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом дар гузаргоҳи Патар

Address

Kanibadam

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share