14/09/2026
📢 ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ ХИЗМАТРАСОН
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони маъюбиятдошта «Муваффақ» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои тавонмандсозии шаҳрвандони Тоҷикистон, Марҳилаи III», ки аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) амалӣ гардида, бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финландия маблағгузорӣ мешавад, барои ташкили чорабинии омӯзишӣ дар шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, Конибодом ва ноҳияи Деваштич озмун эълон менамояд.
Дар озмун ширкатҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар хизматрасонҳои мувофиқ, ки таҷрибаи пешниҳоди хизматрасонии иҷораи толор, ташкили кофе-брейк ва хӯроки нисфирӯзиро доранд, метавонанд пешниҳоди тиҷоратии худро дар сурогаи электронии зерин: [email protected] ирсол намоянд. Аз иштирокчиёни тендер интизор меравад, ки пешниҳоди тиҷоратии худро бо нишон додани арзиши хизматрасонӣ, шароити толор, менюи кофе-брейк ва хӯроки нисфирӯзӣ пешниҳод намоянд. Ҳангоми интихоби хизматрасон сифати хизматрасонӣ, нархи пешниҳодшуда, шароити толор ва дастрасии он барои ҷавонони дорои маъюбият ба назар гирифта мешавад.
#Озмун #Тендер #ҲуқуқиИнсон #ВолоиятиҚонун #ҶавонониДороиМаъюбӣ #Панҷакент #Муваффақ