Кумитаи Иттифоқи касабаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Кумитаи Иттифоқи касабаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон

Кумитаи Иттифоқи касабаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ Тоҷикистон

18/09/2026
Чорабинии тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Дар Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои ма...
17/09/2026

Чорабинии тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Дар Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарияти муассиса суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзу эҳёи мероси фарҳангии миллӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Қайд гардид, ки кормандони муассиса тавассути омода ва пахши барномаҳои соҳавӣ, муаррифии мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва фаъолияти ҳунармандон дар муаррифии фарҳанги ғании миллати тоҷик саҳми назаррас доранд.

Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор кормандони муассиса барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома, Ифтихорнома ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардиданд.

Чорабинии идона бахшида ба Истиқлоли давлатӣИмрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати...
11/09/2026

Чорабинии идона бахшида ба Истиқлоли давлатӣ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Фарҳанги Истиқлол: ҳуввият, арзиш ва дурнамои рушди он” баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш маъмурияти Донишкада роҷеъ ба аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди фарҳангу санъати кишвар ибрози андеша намуд. Ҳамчунин дар ин чорабинии бошукӯҳ вобаста ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди соҳаҳои фарҳанг ва санъат, ҳифзу эҳёи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ таъкид гардид.

Барномаи фарҳангии устодону донишҷӯён бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва ҳунарҳои миллӣ ба чорабинӣ шукуҳи хосса бахшид. Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарият ва як қатор устодони Донишкада бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, саҳми назаррас гузоштан дар рушди соҳаи фарҳанг ва омода намудани кадрҳои баландихтисос аз ҷониби Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАҚВИЯТИ ИҚТИДОРИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИмрӯз дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Тақвияти...
10/09/2026

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАҚВИЯТИ ИҚТИДОРИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Имрӯз дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Тақвияти иқтидори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар самти таҳияи сиёсати меҳнат дар асоси далелҳо, пешбинии стратегӣ ва иштироки самаранок дар муколамаи иҷтимоӣ» ба кори худ оғоз бахшид, ки ду рӯз идома меёбад.

Семинари мазкур дар ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Меҳнат бо мақсади таҳкими иқтидори касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи иштирокчиён дар самти истифодаи маълумоти бозори меҳнат ва пешбурди муколамаи иҷтимоӣ роҳандозӣ гардид.

Дар кори семинар роҳбарият ва намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, роҳбарони ташкилотҳои ҳамузви Федератсия, инчунин коршиносони Созмони Байналмилалии Меҳнат иштирок намуда, доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди сиёсати меҳнат ва фаъолияти иттифоқҳои касабаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рӯзи аввали семинар ба масъалаҳои меъёрҳои байналмилалии меҳнат, ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, озодии иттиҳодияҳо, муколамаи иҷтимоӣ, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, инчунин масъалаҳои иқтисоди ғайрирасмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Иштирокчиён дар доираи мавзӯъҳои пешниҳодшуда таҷрибаи худро мубодила намуда, андеша ва пешниҳодҳои худро баён карданд.

Яке аз бахшҳои муҳими семинар ба банақшагирии стратегӣ ва ташаккули дурнамои дарозмуддати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон равона гардидааст. Дар ин раванд иштирокчиён тавассути машқҳои амалӣ омилҳои тағйирёбанда, сенарияҳои эҳтимолии рушди бозори меҳнат, хавфу имкониятҳо ва таъсири онҳо ба самтҳои стратегии фаъолияти иттифоқҳои касабаро таҳлил менамоянд.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин семинарҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва иқтидори ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, таҳкими ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатии кормандон, истифодаи усулҳои муосири таҳлил ва пешбинии бозори меҳнат ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад.

Ҳамаи Шумо, аъзоёни муҳтарами  Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро ба муносиба...
08/09/2026

Ҳамаи Шумо, аъзоёни муҳтарами Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям. Истиқлол барои ҳар як шаҳрванди кишвар муқаддастарин дастоварди миллӣ ва заминаи асосии пешрафту ободии Ватани азизамон мебошад.

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими давлатдорӣ, Ваҳдати миллӣ ва рушди рӯзафзуни кишвар заминаи устувор фароҳам овард. Бо сиёсати созанда ва дурандешонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба марҳилаи нави давлатсозӣ ворид гардида, барои ободии кишвар, таҳкими сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор гузошт.

Ин ҷашни бузурги миллӣ моро водор месозад, ки ба арзишҳои истиқлол, сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеа боз ҳам бештар арҷ гузорем. Мо ифтихор дорем, ки аъзоёни Кумитаи мо дар рушди соҳаҳои фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ бо меҳнати содиқона ва фаъолияти созанда саҳми муносиб мегузоранд. Бигзор дастовардҳои даврони истиқлол дар ҳаёти ҳар яки мо рӯшанӣ, файзу баракат ва хушбахтӣ оваранд. Неруи созанда, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан дар фаъолияти ҳаррӯзаи мо ҳамеша роҳнамои кор бошад.

35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ барои мо рамзи ифтихори миллӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистон мебошад. Ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, осоиши хонадон, рӯҳияи баланди созандагӣ ва дар фаъолияти касбӣ муваффақиятҳои пайваста орзу менамоям. Бигзор Парчами муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон ва давлати азизамон рӯз то рӯз ободу пешрафта бошад.

35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Бо камоли эҳтиром,
Раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи
кормандони фарҳанг, иттилоот,
варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Файзализода Д.Ф.

ҲАМОИШИ ҶАШНӢ БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢИмрӯз дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи милл...
08/09/2026

ҲАМОИШИ ҶАШНӢ БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши идона роҳбарият ва кормандони муассиса, инчунин роҳбарияти Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани табрикотии директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Иброҳимзода Зафаршо Сафо оғоз ёфта, таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ барои мардуми Тоҷикистон заминаи устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро фароҳам овардааст. Зикр шуд, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва боло бурдани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.

Дар идомаи ҳамоиш Раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Файзализода Дӯстмурод Файзалӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт.

Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои эҳёи худшиносии миллӣ, рушди фарҳангу маънавиёт, эҳтиром ба таъриху тамаддуни ниёгон ва муаррифии мероси пурғановати миллати тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ имкониятҳои бесобиқа фароҳам овардааст. Дар ин раванд Осорхонаи миллӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин марказҳои ҳифзу омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишвар нақши муассир дорад.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ аз саҳми кормандони Осорхонаи миллӣ дар ҳифзи мероси моддию маънавии миллат, ташкили намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ, муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ёдоварӣ гардид.

Дар фарҷоми ҳамоиш роҳбарият ва як қатор кормандони фаъоли муассиса барои саҳми арзанда гузоштан дар пешбурди соҳаи фарҳангу мероси таърихии кишвар бо Ифтихорномаҳо ва Сипосномаҳои Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» сарфароз гардонида шуданд.

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢИмрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳури...
04/09/2026

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Зоҳир, Раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Файзализода Дӯстмурод Файзалӣ, раиси Иттиҳодияи иттифоқи касабаи кормандони Кумита Асадуллоҳзода Парвиз, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Садо ва Симо» Каримзода Фирӯз, директори Бойгонии Кумитаи телевизион ва радио Зиёзода Фаррух, инчунин аъзоёни фаъолони Иттифоқи касаба иштирок ва суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ заминаи устувори рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ба шумор рафта, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва рушди устувори кишвар муҳимму арзишманд мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандон ва аъзои фаъоли Иттифоқи касаба барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумита қадрдонӣ гардиданд.

Address

Маяковский 1/13
Dushanbe

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Кумитаи Иттифоқи касабаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share

Category