07/01/2025
Таҳкими равобити хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар
Паёми Пешвои миллат
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 декабри соли 2024, ш. Душанбе)
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки ба таври устувор ва мутавозин таҳия мегардад, ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятноки рушди давлатдории муосир маҳсуб меёбад. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати хориҷии кишвар ҳамчун як ҷузъи калидии татбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон таъкид гардид. Пешвои миллат ба аҳамияти таҳкими ҳамкориҳо бо шарикони стратегии кишвар, густариши равобит дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин пешбурди ташаббусҳои глобалӣ, бахусус дар соҳаи об, аҳамияти хос дода, дурнамои васеи ин равандро муайян карданд.
Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки сиёсати хориҷии кишвар ба принсипҳои равобити дӯстона, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтааст. Тоҷикистон бо кишварҳои гуногун робитаҳои устувор ва мутавозинро нигоҳ дошта, ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо шарикони стратегӣ, ба монанди Русия, Чин, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида, талош дорад. Мавриди зикр аст, ки аввалин маротиба эълон доштани сиёсати “дарҳои боз” аз тарафи Роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон охири соли 2002 пас аз қабул шудани “Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба вуқуъ пайваста буд, вале принсипҳои коргирӣ аз чунин сиёсат аз ҷониби Пешвои миллат қаблан ироа шуда буданд. Президент кишвар таъкид намудаанд, ки «асоси сиёсати хориҷии имрӯзаи кишварро сиёсати “дарҳои боз”, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил медиҳад». Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолият дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод ва бо эъломи «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад. Имрӯзҳо мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷабҳаро дар арсаҳои мухталиф бараъло мушоҳида мекунем. Зеро ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хосси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд. Тоҷикистон бар асари талошҳои муассир ва масъалагузориҳои мантиқӣ имрӯзҳо дар арсаи байналмилалӣ як кишвари фаъолу ташаббускор эътироф шудааст. Яке аз дастовардҳои бузург дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон пешниҳоди ташаббусҳои глобалӣ мебошад. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи об, ки боиси қабули қатъномаҳои муҳим дар Созмони Милали Муттаҳид гардиданд, ҷойгоҳи кишварро ҳамчун пешсаф дар масъалаҳои муҳими глобалӣ нишон медиҳанд. Дар Паём, Президенти кишвар таъкид намуданд, ки соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, ин иқдом барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳон ба ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо мусоидат хоҳад кард. Дар баробари ин, Тоҷикистон дар арсаи минтақавӣ низ фаъолона ширкат меварзад. Ҳамкориҳои наздик бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва узвият дар созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ба таҳкими амният ва рушди устувор мусоидат мекунанд. Президенти кишвар ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои амният, мубориза бо терроризм ва тағйирёбии иқлим таъкид карданд. Дар маҷмӯъ, дурнамои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба таҳкими равобит дар асоси баробарҳуқуқӣ, эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва мусоидат ба сулҳу суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона шудааст.
Ҳамчунин, дипломатияи фарҳангӣ, ки яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Президенти мамлакат таъкид карданд, ки фарҳанги миллӣ ва мероси таърихии Тоҷикистон ҳамчун пояҳои асосии ваҳдати миллӣ ва муаррифии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ нақши муҳим доранд. Дар Паём зикр шуд, ки Тоҷикистон бо мусоидати фаъол дар чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ тавонистааст, ҷойгоҳи худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд. Баргузории Форуми байналмилалии “Душанбе – пойтахти фарҳанг ва тамаддунҳо” яке аз намунаҳои равшани истифодаи дипломатияи фарҳангӣ мебошад, ки тавассути он Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи бой ва фарҳанги ғанӣ муаррифӣ мегардад. Ҳамзамон, ҳифз ва таблиғи мероси фарҳангӣ тавассути созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди ЮНЕСКО, як самти муҳим дар сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Дар Паём омадааст, ки бо талошҳои Тоҷикистон, баъзе аз ёдгориҳои таърихии кишвар ба Феҳристи ҷаҳонии мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид шуданд. Ин иқдомҳо на танҳо барои ҳифзи мероси миллӣ муҳиманд, балки барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба фарҳанги тоҷикӣ ва тақвияти робитаҳои байналмилалӣ низ саҳм мегузоранд. Ҳамчунин, Тоҷикистон бо ташкили рӯзҳои фарҳанг дар кишварҳои шарик, бахусус Чин, Русия, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дар рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ саҳм мегузорад. Президенти мамлакат зикр карданд, ки ин ташаббусҳо на танҳо барои муаррифии фарҳанги тоҷикӣ, балки барои таҳкими дӯстии халқҳо аҳамияти бузург доранд.
Дар маҷмӯъ, дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун воситаи муҳими сиёсати хориҷӣ ба таҳкими нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад. Чунон ки Президенти мамлакат дар Паём зикр карданд: «фарҳанги миллӣ на танҳо сарчашмаи ифтихор, балки воситаи муҳими эҷоди муносибатҳои мусбӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад”. Бо истифода аз мероси бойи таърихӣ ва фарҳангӣ, Тоҷикистон на танҳо ҷаҳонро бо арзишҳои миллии худ ошно месозад, балки мавқеи худро ҳамчун кишвари дорои нақши мусбат дар дипломатияи ҷаҳонӣ таҳким мебахшад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чолишҳо ва имкониятҳое, ки кишвар дар шароити муосири ҷаҳонӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, равшан баррасӣ шуданд. Пешвои миллат ба баъзе мушкилоти глобалӣ, минтақавӣ ва дохилӣ ишора намуда, онҳоро на танҳо ҳамчун таҳдид, балки сари вақт пешгирӣ ва бартараф кардани онҳоро таъкид карданд.
1. Таъсири тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳони муосир мебошад. Бо даразардошти он, ки зиёда аз 2 миллион аҳолии сайёра аз оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашад, давлати мо аз ин неъмати бебаҳо ғанӣ мебошад. Аммо дар баробари ин, Тоҷикистон аз кишварҳое мебошад, ки аз тағйирёбии иқлим осеб мебинад. Обшавии пиряхҳо ва камшавии захираҳои обӣ ба иқтисоди миллӣ, бахусус соҳаҳои кишоварзӣ ва энергетика, таъсири манфӣ мерасонад. Дар Паём таъкид шуд, ки ин мушкилоти глобалӣ танҳо бо ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак ҳаллу фасл шуда метавонад. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла, тағйирёбии иқлим диққати махсус дода мешавад. Тоҷикистон чун кишвари пешбарандаи сиёсати «дарҳои боз» кӯшиш менамояд, ки дар ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим ташаббус нишон дода, ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ дар ин самт даъват намояд.
2. Таҳдидҳои амниятӣ
Терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонанд, ки барои субот ва амнияти минтақа таҳдид эҷод мекунанд. Кишвари мо бо ташаббусҳои худ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳо ба мубориза бо ин таҳдидҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишваре, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кардаву борҳо шоҳиди таҳдиду хатарҳои ифротгароиву терроризм шудааст, аз ҷумлаи давлатҳои пешсаф дар самти мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок, ки дар ҷаҳони муосир боиси нигаронии ҷиддӣ аст, дониста мешавад. Яъне, таҷрибаи кишвари мо дар ин самт, бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи муваффақи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб эътироф шудааст. Бо қабули Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 ва Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, инчунин, ҳамкории фаъол бо иттиҳодияҳои динӣ, кишвар тавонист дар бартараф кардани хатари ифротгароӣ ва терроризм қадамҳои ҷиддӣ бардорад. Бинобар ин, бо чунин азми қавӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб, кишвар на танҳо барои амнияти сокинон, балки минтақа ва ҷаҳон низ саҳми беандоза муҳим мегузорад.
3. Мушкилоти иқтисодӣ ва вобастагӣ ба воридот
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки барои рафъи вобастагӣ аз воридоти баъзе маводи муҳими истеъмолӣ, бояд ба истеҳсолоти дохилӣ диққати бештар дода шавад. Истиқлоли иқтисодӣ маънои паст кардани вобастагӣ аз дигар иқтисодиёт ва қобилияти қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти кишварро дорад. Президенти кишвар дар Паёмашон қайд карданд, ки ба ҷойи воридоти молҳои дар хориҷа истеҳсолшуда кӯшиш мекунанд, ки истеҳсоли ин молҳоро дар дохили кишвар бештар ба роҳ монем. Ин ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот мусоидат мекунад. Илова бар ин, соҳибкории хурду миёна дар эҷоди шуғл ва навоварӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, дастгирии ин корхонаҳо яке аз омилҳои ба даст овардани истиқлоли иқтисодӣ мебошад.
Хулоса Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба таври комил дурнамо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишварро дар бар гирифт. Ҳадафи асосии сиёсат дар арсаи байналмилалӣ дарк намудани манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Президент бо таъкид ба нақши Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, рушди дипломатияи фарҳангӣ ва нақши стратегӣ дар ташаббусҳои глобалӣ, рушди устувори кишварро дар давоми солҳои оянда пешгӯӣ намуд. Ҳамзамон, чолишҳои ҷиддӣ, ба монанди тағйирёбии иқлим, таҳдидҳои амниятӣ ва вобастагӣ аз воридот, талаб мекунанд, ки Тоҷикистон иқдомҳои муассир ва стратегӣ барои муқовимат бо онҳо ва истифодаи имкониятҳои мавҷударо роҳандозӣ намояд.
Густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба, ҳамкории зич бо кишварҳои ҳамсоя, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин тавсеаи равобити иқтисодӣ бо кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки барои мустаҳкам кардани мавқеи худ дар арсаи байналмилалӣ иқдом кунад. Инвеститсия дар соҳаҳои илм ва технологияи сабз барои пайвастан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист низ аз роҳҳои хуби мавқеъгирии кишвар дар арсаи ҷаҳонист. Тағйирот ва рушди дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун воситаи мусбат барои муаррифии фарҳанги тоҷикӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими дӯстии байни халқҳо мусоидат хоҳад кард. Таҳкими ҳамкориҳо дар самти амният, мубориза бо терроризм ва экстремизм, инчунин мубодилаи иттилоот ва таҷрибаҳо бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар бораи пешгирии хатарҳои амниятӣ муҳим аст. Натиҷа, Паём аз сиёсати хориҷии Тоҷикистон нақшаи равшани рушд ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин сиёсат на танҳо дар манфиати Тоҷикистон, балки барои рушди устувор ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон дар маҷмӯъ муҳим арзёбӣ мегардад.
Мадимарова Гулҳаё, ходими пешбарии илмии
Шуъбаи (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 декабри соли 2024, ш. Душанбе)