Public Fund Civil Internet Policy Initiative

Public Fund Civil Internet Policy Initiative Общественный Фонд Гражданская инициатива политики Ин?

Общественный Фонд Гражданская инициатива политики Интернет (ГИПИ) является общественной организацией. Фонд нацелен на способствование роста децентрализованного, управляемого пользователем и доступного Интернета, адаптацию информационно-коммуникационных технологий (ИКТ) для решения местных задач посредством гармонизации правовой базы и развитию эффективной ИКТ политики в партнерстве со всеми заинте

ресованными сторонами. Также Фонд осуществляет деятельность по пропаганде ИКТ, как в центре, так и в регионах страны, по обучению различных слоев населения, делая упор на представителей академического сообщества, государственных служащих и руководящих лиц (policymakers), осуществляет правовой и технический консалтинг по вопросам применения ИКТ в различных сферах экономики.

Новобаста аз муносибати мо имрӯз ҳуши маснӯӣ/ҳушвора/зеҳни сунъӣ дар бештари бахшҳо ворид шудааст ва ҳеч шакке нест ки н...
05/05/2026

Новобаста аз муносибати мо имрӯз ҳуши маснӯӣ/ҳушвора/зеҳни сунъӣ дар бештари бахшҳо ворид шудааст ва ҳеч шакке нест ки нуфузи он ҳарчӣ бештар мешавад. Истифодаи дуруст ва муассири он бар суди инсонҳо хоҳад буд...

“Имрӯз масъалаи дастрасӣ ба интернет танҳо имконияти техникӣ нест, балки омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини б...
30/04/2026

“Имрӯз масъалаи дастрасӣ ба интернет танҳо имконияти техникӣ нест, балки омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини баробарии имконият ва тақвияти ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Мо талош дорем, ки фазои рақамии мамлакатро ба муҳити бехатар, устувор ва дастрас барои ҳар шаҳрванд табдил диҳем”, – таъкид намуд Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи форум.

Шаҳри Душанбе мизбони 10-умин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет (CAIGF) буд. Имсол форум таҳти унвони “Роҳи абрешими рақамӣ: аз инзивоъ ба иртиботи мутақо....

Дар Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет (CAIGF), ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бештари коршиносон ба ин ...
29/04/2026

Дар Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет (CAIGF), ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бештари коршиносон ба ин назар буданд, ки бахши осебпазири бехатарии сайберӣ корбарон ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ зарур аст ки таваҷҷуҳ на танҳо ба системаҳои таъмини бехатарӣ, балки ба баланд бардоштани малакаҳои истифодаи бехатари дастгоҳҳои ҳушманд аз сӯйи корбарон нигаронида шавад.


"Мо талош мекунем тамоми фановариҳои муосирро дар кишвар мавриди истифода қарор бидиҳем". Намояндаи Хадамоти алоқаи Тоҷи...
28/04/2026

"Мо талош мекунем тамоми фановариҳои муосирро дар кишвар мавриди истифода қарор бидиҳем".

Намояндаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет, 28 апрели 2026, Душанбе


Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет (CAIGF) дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз бахшид. Мавзӯи имсолаи форум —...
28/04/2026

Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет (CAIGF) дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз бахшид.

Мавзӯи имсолаи форум — Роҳи абрешими рақамӣ: аз инзивоъ ба иртиботи мутақобил ва ҳамгироии рақамӣ – бевосита ба мушкилоти калидии мавқеи ҷуғрофии Осиёи Марказӣ дахл дошта, ҳамзамон онро ҳамчун имконият барои ҳамгироии роҳбурдии рақамӣ муаррифӣ мекунад.

Ташкилоти ҷамъиятии "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет" яке аз шарикони баргузории ин форум аст.


Дар доираи "Ташаббус вобаста ба арзёбии устувории рақамӣ" арзёбии сатҳи амнияти рақамии 10 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ да...
22/04/2026

Дар доираи "Ташаббус вобаста ба арзёбии устувории рақамӣ" арзёбии сатҳи амнияти рақамии 10 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд 📊

Арзёбӣ имкон дод, ки сатҳи ҷории ҳифзи маълумот муайян карда шавад, хатарҳо ва осебпазирии асосӣ ошкор гарданд ва барои беҳтар намудани амнияти рақамӣ ва баланд бардоштани устуворӣ ба таҳдидҳои киберӣ тавсияҳои амалӣ пешниҳод карда шаванд 🔐

Дар асоси натиҷаҳо, ба ташкилотҳои иштирокчӣ тавсияҳои инфиродӣ пешниҳод гардиданд, ки ба беҳтар намудани ҳифзи маълумот, равандҳои корӣ ва абзорҳои рақамӣ равона шудаанд.

Ҳамчунин, тибқи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда, ташкилоти мо барои кормандони ташкилотҳои иштирокчӣ як сессияи омӯзишии ройгон баргузор менамояд.🎓

Ин сессия ба баланд бардоштани саводи рақамӣ ва малакаҳои амалӣ дар соҳаи амнияти рақамӣ равона мегардад.

Мо ба ҳамаи ташкилотҳо барои иштирок ва омодагии онҳо ҷиҳати таҳкими устувории рақамӣ изҳори сипос менамоем 🤝

Ташаббус идома хоҳад ёфт — саҳифаи моро пайгирӣ кунед.📢

МАНБАЪ: ТҶ "Рушди устувории рақамӣ" (https://t.me/po_drd)

CAIGF-2026: Роҳи абрешими рақамӣ: аз инзивоъ ба иртиботи мутақобил ва ҳамгироии рақамӣШаҳри Душанбе 28 апрели соли равон...
21/04/2026

CAIGF-2026: Роҳи абрешими рақамӣ: аз инзивоъ ба иртиботи мутақобил ва ҳамгироии рақамӣ

Шаҳри Душанбе 28 апрели соли равон мизбони Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет (CAIGF) мешавад.

Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирият ё идоракунии интернет ба унвони як платформаи асосии минтақавӣ барои баррасии масъалаҳои мураккаби замони рақамӣ хидмат мекунад. Мавзӯи имсолаи форум — Роҳи абрешими рақамӣ: аз инзивоъ ба иртиботи мутақобил ва ҳамгироии рақамӣ – бевосита ба мушкилоти калидии мавқеи ҷуғрофии Осиёи Марказӣ дахл дошта, ҳамзамон онро ҳамчун имконият барои ҳамгироии роҳбурдии рақамӣ муаррифӣ мекунад.

Ин форум, ки дар Тоҷикистон, кишвари дорои релефи куҳӣ баргузор мешавад, ба аҳамияти ниҳоят муҳими густариши марзҳои рақамӣ то дурдасттарин минтақаҳо таъкид хоҳад кард.

CAIGF-2026 ба як майдони муҳими муколама табдил хоҳад ёфт, ки дар он намояндаҳои мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи фаннӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳити илмӣ дар якҷоягӣ роҳҳои бунёди ояндаеро баррасӣ мекунанд, ки дар он иртиботи рақамӣ дигар на танҳо як неъмат, балки хадамоти бунёдӣ хоҳад буд, хадамоте ки ҳар шаҳрвандро ба имкониятҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мепайвандад.

CAIGF-2026 се бахши калидиро фаро мегирад.

1. РУШДИ РАҚАМӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ: ФАНОВАРӢ НАВОВАРӢ ВА ДАСТОВАРДҲО

Дар ин бахш бо иштироки намояндаҳои ниҳодҳои давлатӣ ҷанбаҳои гуногуни рушди рақамӣ ва таҷрибаҳои муваффақи татбиқи навовариҳо — аз GovTech то ҳуши маснӯӣ — барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ баррасӣ мешаванд.

Ҳамчунин масъалаи бунёди иқтисоди рақамии пӯё ва фарогир бо истифода аз технологияҳои нав ва иштироки умумӣ дар баҳрабардорӣ аз манфиатҳои рақамӣ мавриди муҳокима қарор мегирад.

2. КОҲИШИ НОБАРОБАРИИ РАҚАМӢ: НАВОВАРИҲОИ ТЕХНИКӢ ВА МОДЕЛҲОИ УСТУВОРИ ТИҶОРӢ БАРОИ ХЕРСОХТҲОИ МУХОБИРОТӢ

Ин бахш ба ҳалли мушкилоти дастрасӣ ба интернет дар минтақаҳои дурдасту куҳистон бахшида мешавад. Дар он роҳҳои навоварона, аз ҷумла истифодаи технологияҳои моҳвораӣ, баррасӣ мегарданд.

3. АМНИЯТИ САЙБЕРӢ: АЗ ВОБАСТАГИИ РАҚАМӢ БА УСТУВОРИИ РАҚАМӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Ин бахш ба таҳдидҳои афзояндаи сайберӣ бахшида мешавад. Ҳадафи он ташаккули равиши муштарак ва пешгирикунанда барои ҳифзи фазои рақамӣ мебошад.

Манбаъ: https://rushnoi.org/post/3075

Новости региона
26/05/2025

Новости региона

Address

Dushanbe

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Public Fund Civil Internet Policy Initiative posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Share