Центр дружбы и сотрудничества ШОС в Таджикистане

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Центр дружбы и сотрудничества ШОС в Таджикистане

Центр дружбы и сотрудничества ШОС в Таджикистане Мы работаем во благо развития народной дипломатии и культуры

21/05/2026
19/05/2026
19/05/2026
МУАРРИФИИ КИТОБИ РАШИД АЛИМОВ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА 25-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙДа...
18/05/2026

МУАРРИФИИ КИТОБИ РАШИД АЛИМОВ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА 25-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон муаррифии китоби доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, Раиси Шурои машваратии Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, ходими маъруфи давлатӣ ва дипломати варзида Алимов Рашид Қутбиддинович таҳти унвони «Созмони Ҳамкории Шанхай: аз механизми минтақавӣ то омили ҷаҳонӣ» баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай бахшида шуда, дар он аҳаммияти илмӣ, таҳлилӣ ва амалии асар, нақши СҲШ дар таҳкими ҳамкории бисёрҷониба ва ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равандҳои муосири минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Чорабиниро ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Даврон Ҷурахон ифтитоҳ намуда, аҳаммияти илмӣ, дипломатӣ ва маърифатии асари мазкурро дар омӯзиши равандҳои муосири байналмилалӣ, таҳкими тафаккури стратегӣ ва рушди дипломатияи миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар чорабинӣ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи дипломатия, олимону коршиносон, омӯзгорон ва кормандони Академия иштирок намуданд.

Аз ҷумла, Назаров Талбак Назарович, собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидмуродзода Аҳмад Лютфилло, муовини Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай, Соҳибзода Хусрав, сафир оид ба супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоҷонова Мунзифахон Мирзоевна, ходими ҷамъиятӣ, дипломат ва олима, инчунин Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра, Саидов Хомид Саидович ва Наимӣ Исмоил Нурулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки китоби мазкур натиҷаи таҷрибаи ғании дипломатӣ, андешаи амиқи таҳлилӣ ва нигоҳи стратегию илмии муаллиф ба таҳаввули Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад. Асар масъалаҳои ташаккул, рушд ва нақши рӯзафзуни СҲШ-ро дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ бо забони илмӣ ва таҳлили мукаммал инъикос менамояд.

Суханварон иброз доштанд, ки ин китоб барои муҳаққиқон, дипломатҳо, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён манбаи муҳими илмӣ буда, дар дарки моҳияти дипломатияи бисёрҷониба, ҳамкории минтақавӣ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар равандҳои байналмилалӣ аҳаммияти хосса дорад.

Дар фарҷом иштирокчиён бо гӯшаи махсуси осори илмии Алимов Рашид Қутбиддинович шинос гардида, саҳми арзандаи ӯро дар рушди дипломатияи миллӣ, илми муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳкими нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Address

734003, Республика Таджикистан, г. Душанбе Улица Саид Носир, 33
Dushanbe
734003

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Центр дружбы и сотрудничества ШОС в Таджикистане posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Share